Санаҳои 27-28 марти соли 2026 дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷамъомади таълимӣ-методӣ бо муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ, комендатураҳо ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар қатори дигар иштирокчиёни чорабинӣ Абдуллоҳи Қодирӣ-сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар мавзуоти зерин:
– “Қӯшунҳои сарҳадӣ – кафили амният ва рушду пешрафти Тоҷикистон”,
– “Аҳамият ва арзиши Ватан аз гаҳвора шурӯъ мешавад”,
– “Ватан, ҳар ваҷаб аз хоки ту, номӯси ман аст”, инчунин,
– “Худкушӣ аз назари дини мубини ислом” маърӯза намуд.
Дар фарҷом байни иштирокчиёни ҷамъомад табодули афкор сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ