Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма мегирад. Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда мегардад. Бинобар ин, мо бояд баҳри мустаҳкам намудани мактаби худшиносии миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошанд, тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳем.
Донишмандони мо бар ин назаранд, ки худшиносии миллӣ ин эҳсосу дарки зарурати ваҳдат ва якпорчагии обу хок ва марзу буми миллӣ, эҳсоси улфат байни афроду ҷомеа, дарки зарурати иттифоқ, ҳамбастагӣ, ҳамчун як нафси воҳид, чун як тану як ҷон аст.
Имом Ғаззолӣ дар «Кимиёи саодат» дар бораи худшиносӣ чунин менависад: «Унвони аввал шинохти хештан аст. Бидон, ки калиди маърифати Эзид маърифати нафси хеш аст. Пас аввал ту бояд хешро бишиносӣ. Туро ҳақиқати худ талаб бояд кард, то худ бифаҳмӣ чӣ чизӣ ва аз куҷо омадаӣ ва куҷо хоҳӣ рафт ва андар ин манзилгоҳ ба чӣ кор омадаӣ, туро ба чӣ кор офаридаанд ва саодати ту дар чист?». Яъне, инсон бояд ҳамеша дар пайи шинохти худ, аслу насаб, аҷдодон, таърих, тамаддун ва фарҳанги миллати хеш бошад.
Масъалаи худшиносии миллиро Пешвои муаззами миллат дар асари пурарзиши «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар чунин матлаб ифода кардаанд, ки рӯҳи иҷтимоии худшиносона дошта, андешаву равони хонандаро ба таърихи азалии он наздик мебарад: «Мо кием, аз куҷоем ва аз кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошён доштанд? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?». Ин суолоти арзишманду мондагори Пешвои муаззами миллат ба ҳар як тоҷики ватандӯсту худшинос аст, ки бояд ҳар рӯз аз худ бипурсад ва ба посух додани ин пурсишҳо бикӯшад. Зеро маҳз худшиносӣ роҳи асосии расидан ба маърифати инсон ва ҷомеа мебошад. Шинохти аслу насаб аз шартҳои нахустин ва асосии худшиносӣ аст, ки амиқ дарк намудани моҳияти маънавии инсон ва мақоми ӯ дар ҷомеаи мутамаддин заминаи мусоид ва муассир фароҳам меоварад. Арҷ гузоштан ба маънавият ва фарҳанги дурахшони имрӯзаи миллат, эҳтироми хос ба таърихи пурғановати тоҷикон ва садоқати ҳамешагӣ ба ормонҳои ватангароӣ муҳимтарин унсурҳои хештаншиносӣ ба шумор мераванд.
Марҳилаи начандон тӯлонии таърих собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳофару таҳаммулгаро мебошанд.
Ифтихор аз таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошем, онро мавриди омӯзиш, мояи ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонем, зеро надонистани таърих, фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ нобахшиданист.
Аз ин рӯ, шукрона бояд кард, ки имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни пурғановаташ эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд. Барои таҳкими боз ҳам бештари ин дастовардҳо зарур аст, ки мафҳумҳои истиқлолу озодӣ ба ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи мардуми шарифи Тоҷикистон табдил дода шаванд. Зеро ин мафҳумҳои муқаддас дар қалбу шуури одамон ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор месозанд ва ба онҳо эътимод мебахшанд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояҳои наҷотбахш корҳои бузурги ободкориву созандагиро ба анҷом расонад ва барои наслҳои оянда як кишвари ободу зеборо ба мерос гузорад.
Аз ин хотир, мо бояд фарзандон, мутахассисон, олимонеро тарбия намоем, ки сазовори халқи хеш бошанд. Ҷаҳонбинии миллӣ, ватанпарастона ва илмӣ дошта, бо мақсаду мароми давлат, ки асоси онро амният ва осоиш, осудагӣ ва беҳбуди ҷомеа ташкил мекунад, ҳамтову ҳамнаво гарданд.
Донишмандони имрӯзаи мо бар ин назаранд, ки бузургтарин нишонаи истиқлоли давлатӣ – истиқлоли зеҳнӣ, ақлонӣ, маънавӣ ва ҷаҳонбинӣ аст. Бидуни чунин сифатҳо истиқлоли миллӣ, ки натиҷаи ҷоннисориҳои ҳазорсолаи фарзандони равшанфикр, боғайрат ва бонангу номуси миллат аст, пойдор нахоҳад монд.
Таърихи илмии тоҷикон ҳамеша ҳамчун сарчашмаи ҳувиятсози миллат хизмат кардааст ва ҳар як фардро ба нангу номуси миллӣ доштан, ифтихор аз арзишҳои миллӣ намуданро меомӯзонад. Пас имрӯз дигар эътиқоду боварҳо бо ҷузъиёташон бояд ба муқаддасоти миллӣ хидматгузор бошанд. Онро таҳким бахшанд. Ва ҳар вақте чунин пайванди ҳаётбахш сарфи назар гардад, хосият ва ҷаҳонбинии бегона қисмати фаъоли ҷомеаро фарогир шавад, мардум ба бозичаи дасти аҷнабиён табдил меёбанд. Давлат ва миллатро тақдири ногузири нобудӣ, суқут ва парокандагӣ интизор хоҳад буд. Афғонистон зуҳуроти равшани ҳамин моҳият аст.
Аз ин андешаҳо ҷавонони мо бояд баҳра баранд, онро сармашқи зиндагии худ қарор дода, дар ҳаёти худ баҳри пешрафти ҷомеа татбиқ намоянд.
Заиф будани худшиносии миллӣ дар мафкураи ҷавонон андешаҳои бегонапарастӣ ва хурофотпарастиро эҷод намуда, арзиши мафҳумҳои «миллат», «давлат» ва «ватан»-ро заиф мегардонад. Дар натиҷа ҷавонон ба таблиғоти доираҳои ғаразнок дода шуда, ба ифротгароӣ майл пайдо мекунанд. Маҳз паст будани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ боиси ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо гашт. Иддаи одамон фирефта шуда, аз ҷониби ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ бар зидди давлат ва миллати худ барангехта шуданд. Бахусус ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ арзишҳои бегонаро ба мардум ҷилва дода, мехост моро аз фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ дур созад, одамонро ба гумроҳӣ андохта, ба ин васила сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳад. Ин воқеаҳои хунин барои миллати мо фаромӯшнашавандаанд. Мо ҳаргиз онро аз хотир намебарорем, балки дарси ибрат мегирем. Ин аст натиҷаи заъфи худшиносии миллӣ! Бинобар ин, ҳаргиз набояд фаромӯш сохт, ки таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ дар мафкураи намояндагони миллат аҳамияти бениҳоят бузург дорад.
Аз ин рӯ, мо бояд ҷавононро аз овони хурдӣ бо мафҳуми «худшиносӣ» ошно намуда, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем, то ин ки мақсади аслии худшиносиро, ки камоли маънавию ахлоқист, бишиносанд.
Имрӯз бо талошҳои давлат, раванди худшиносиву худоогоҳии мардуми кишвар густриши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. Ҳар як фарзанди босадоқати миллатро мебояд ин гуфтаҳоро шиори рӯзмарраи худ намуда, нагузорад то нохалафе ба мақсадҳои ғаразноки худ расад. Шукронаи даврони истиқлол намуда, кӯшиш ба харҷ бояд дод, то барои рушди иқтисоди кишвар ва устувории пояи ваҳдат саҳми арзанда гузорем.
Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмандона сайқал бахшидани андешаи миллиро тақозо дорад, ки худогоҳӣ, худшиносӣ ва маҳорату маърифати беназирро таҳким мебахшад.
Ваҳобзода Абдураҳмон
Муовини директори Маркази исломшиносӣ