Урфу одат. Оинаи тӯйӣ бахт меорад?

Барҳақ фармудаанд, ки худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аз огаҳӣ доштан аз таърихи гузаштаи халқ сарчашма мегирад.
Вобаста ба анъана ва урфу одатҳои халқи тоҷик то андозае дар қайдҳои сафарҳои сайёҳон, дипломатҳо, иштирокчиёни экспедитсияҳои илмӣ, ҳарбӣ, тадқиқоти олимони замонҳои гуногун оид ба таърихи давраҳои гуногуни Осиёи Миёна ба монанди Н.В.Хаников (1819-1878), А.Д.Гребенкин (1840-1888), А.П.Шишов (1860-1936), П.Е.Кузнетсов (1870-1932), Н.А.Кисляков (1901-1973), Б.А.Литвинский (1924-2010) мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Олимону фарҳангшиносони тоҷик академик А. Мухторов (1924-2007), М. Бобохонов (1931-2012), А.Мардонова, Ҷ.Асрориён ва дигарон низ дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд.
Бо мақсади таҳлили амиқ дар муқоисаи анъанаҳои дигар миллату халқиятҳо, инчунин вобаста ба одату унсурҳои дохилианъанавии мардуми тоҷик аз китобҳои олимони фавқуззикр, ки қисми зиёди онҳо охири асри XIX ва аввали асри XX -ро дар бар мегиранд, истифода бурдем.
Баргузор намудани маросим ба як қатор омилҳои эътиқодӣ, арҷ гузоштан ба меъёрҳои ахлоқӣ, одаму одамгарӣ, нангу номус ва хиҷолат аз бадгӯии дигарон вобаста аст.
Зиндагӣ собит сохт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ буд, душвориву мушкилотеро, ки маросимҳои милливу динӣ дар назди халқ ба вуҷуд оварда буд, бартараф кард, мардумро аз бисёр ташвишҳои маросимӣ ва хароҷоти беҳуда халос кард ва сатҳу сифати зиндагии аҳолиро беҳтар гардонид. Имкон ба миён овард, ки миллат ба асли худ бештар бипайвандад, ба саргаҳу сарчашмаҳои ҳастии маънавии худ наздиктар бирасад ва тавоноии руҳӣ пайдо кунад.
Хушбахтона, бо татбиқшавии Қонуни танзим гузаронидани одату унсурҳои асосии миллии маъракаҳо дар доираи оила боқӣ мондааст. Масалан, маросими хостгорӣ, арӯсбинон, домодталбон дар тӯйи домодию арӯсӣ, инчунин, дар маросими дафну азодорӣ тибқи эътиқоди динӣ маъракаҳои «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронда мешаванд. Дар маросими ҳаҷ маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила баргузор мегарданд.
Анъана, урфу одат ва ойинҳои устуворест, ки дар тули асрҳо ташаккул меёбад ва аз рӯйи гавҳари дурахшоне, ки дар ботин дорад, аз насл ба насл мегузарад ва низоми дониш, боварҳо ва орзуву омолу ормонҳои халқро таҷассум мекунанд.
Маросими издивоҷ маҷмуи орзу ва ормонҳоест, ки аз рӯйи нақша анҷом меёбад ва дар бунёди рӯзгори як инсон бо ширинию назокату бурдборию мушкилот асос ёфта, дар тули умр тибқи суннатҳои халқи тоҷик як бор рух медиҳад.
Бинобар ин, хостем баъзан унсурҳое, ки ҳангоми хостгорӣ, ноншиканон, фотиҳа, никоҳ, гӯсели арӯс ба хонаи домод, чодар ва расму ойинҳои марбут ба он аз рӯйи эътиқоду ихлос аз қадим иҷро мегардид, ёдовар шавем.
Дар фарҳанги анъанавӣ таваллуд ва тарбияи фарзанд вазифаи асосии издивоҷ ҳисобида мешавад. Фарзанддор шудан мақоми мард ва занро баланд мебардорад.
Бинобар ин, дар баргузор намудани ин маъракаҳо мақсади асосӣ хушбахтии ҷавонон ва фарзанддор гардидани онҳо буд ва ҳаст.
Анъанаи нон бурдан ба хонаи арӯсшаванда ҳамчун рамзи муттаҳидкунанда аз қадим истифода мешуд.
Дар маъракаи ноншиканон дар хонаи арӯсшаванда хешовандони наздики домодшаванда ҷамъ меомаданд. Шахси калонсолу фарзанддор аз ҷониби домод ду нонро болои ҳам гузошта мешикаст, то ки ҷавонон ҷуфту хушбахт гарданд. Ин маърака дар байни мардуми Панҷакент ва Бухоро низ хеле маъмул аст [1].
Анъанаи нон бурдану ноншиканӣ ҳангоми издивоҷи ҷавонон дар Доғистон (аварҳо), поляк ва дигар миллату халқиятҳо ба назар мерасад [5].
Ҳангоми сари тахт гузоштани арӯс падидаи ҷолибе рух медиҳад. Дар баъзе маҳаллот рӯбинон он ҷо сурат мегирад. Даврони қабл рӯйи арӯс пӯшида буд ва дугонаҳои арӯс ва хешу табор бо рӯбинон гӯшаи аз рӯймолро бардошта, назар мекарданд. Барои онон чи хушбахтие буд дидани рӯйи арӯсро, ки сарчашмаи саодату бахт мешумориданд [6]. Рӯбинони арӯс дар дигар миллату халқиятҳо қабул гардидааст, аз ҷумла мардуми қафқоз.
Дар байни тоҷикон вақте арӯс зери чодар мешавад, бо нияти соҳиби фарзанд гардидан ба бағали ӯ писаракеро мешинонанд [1].
Байни мардуми славян маъмул аст, ки кӯдакро дар назди домоду арӯс гузоранд. Дар байни миллатҳои славян, поляк, серб, хорват, босния низ ин анъана хеле маъмул аст.
Одати хеле ҷолиб, ки дар байни тоҷикон маъмул аст, аз оби никоҳ ба домоду арӯс ва ҳамроҳони онҳо нӯшонидан мебошад. Пас аз анҷоми ин маросим боқимондаи оби косаро ба решаи дарахти тут ё ягон дарахти мевадиҳанда мерезанд, то ки афзоиши насли солим давомнок бошад [1].
Дар Босния, вақте ки арӯс ба хона медаромад, вай бояд ба дудкаш менигарист, то кӯдаки ояндаи ӯ сиёҳчашм шавад. Дар Хорватия бо нияти сафедпуст гардидани фарзанд ба домоду арӯс шир медоданд. Инчунин, ҳангоми тӯй себро ба ҷайби арӯс мегузоштанд, то кӯдакон мисли себ зебо бошанд. Бо ҳамин мақсад, оина ба ҷайб гузошта мешуд ё ҷавонон муддате дар офтоб меистоданд [5].
Дар байни бисёр халқҳо одате буд, ки арӯсро ба болои пӯсти ҳайвон мешинонданд, ки он низ рамзи ҳосилхезӣ буд. Аз ҷумла, дар Ҳиндустон ҷавононро ба болои пӯсти барзагов мешинонанд [5].
Ба оина нигоҳ кардан аз қадим дар байни тоҷикон хосияти махсус дорад. Ба он боваранд, ки нигоҳ кардан ба оина ба шахс бахт ва нур мебахшад. Ба таъкиди этнограф Б.Литвинский эрониҳои Бухоро оинаи тӯйиро оинаи бахт меномиданд. Ӯро муҳофизат мекарданд. Агар он мешикаст, хусусан ҳангоми тӯй ин аломати хеле бад ҳисобида мешуд. Дар хона оинаи шикасташударо нигоҳ намедоштанд, чунки ин ба оила шикасти молу ҷон меорад [3].
Ба таъкиди этнографи тоҷик Азиза Мардонова домоду арӯс дар ноҳияҳои Файзободу Ҳисор ба оина нигоҳ карда онро бӯса мекарданд, то ки ба онҳо бахт оварад ва оинаро ҳамеша бо худ нигоҳ медоштанд [4].
Ба қавли Н. Кисляков ба дасти арӯси зери чодар оина додан хеле одати қадимаи тоҷикон маҳсуб меёбад [1].
Ҳангоми тӯй лаксиҳои Доғистон назди хона оташ афрӯхта, домоду арӯсро ба болои қолин даъват мекарданд ва ба болои сари онҳо гандум ва шириниҳо мерехтанд. Модари домод арӯсро бо асал ва нӯшокии ширин пешвоз мегирифт ва ба нияти хушбахтӣ ба дасти ӯ оина медод, то ки ба он нигоҳ кунад [2].
Дар тамоми халқиятҳо ақидае вуҷуд дорад, ки бояд дар либоси домоду арӯс гиреҳе вуҷуд надошта бошад, то ки бахти онҳо баста нагардад. Дар байни тоҷикони Истаравшан, Панҷакент, Самарқанду Бухоро ҳангоми никоҳ ба китфи ҷомаи домод аз ҷониби модараш ё хешованди наздикаш бо сӯзан ва риштаи сафед дарзе дӯхта мешуд. Дӯхтани ҷомаи домод бо риштаи сафед бояд издивоҷро устувор ва ҷавононро хушбахт гардонад [1].
Бо ҳамин мақсад, дар рӯзи никоҳи мардуми славян низ одате буд, ки дар рӯзи тӯй бояд мӯйҳои арӯс бофта набошад ва дар хонаи домоду арӯс аз субҳи барвақт сарпӯши сандуқҳо, дару тирезаҳо кушода бошанд, то ки бахти сафед ёрашон гардад [5].
(давом дорад…)
О.Вализода, Ш.Одинаева,
кормандони Маркази исломшиносӣ
Адабиёт:
Кисляков Н.А. Семья и брак у таджиков. (по материалам конца XIX – начала XX века). Москва, 1959, с. 107, 115, 125, 128, 130
Кукушин В.С. Этнопедагогика. Москва, 2013, с.199
Литвинский Б.А. Зеркало в верованиях древних ферганцев. Советская этнография, 1964, №3, с.97
Мардонова А. Свадебное торжество у таджиков Файзабада. История и этнография народов Средней Азии (Сборник статей), Душанбе, 1981, с.113
Хухлаева О.В. Этнопедагогика: социализация детей и подростков в традиционной культуре, Москва, 2008, с. 2, 12, 15,16
Ҷонибек Асрориён. Достони Нозкӯл. Душанбе, 2023, с.289

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх