МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮЙИ НАМУДИ ТЕНИСИ РӮИМИЗӢ, ШОҲМОТ ВА ШАШКА БАЙНИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗ ҶАМБАСТ ГАРДИД.

Бо мақсади рушди тафаккури мантиқӣ, баланд бардоштани сатҳи зеҳнии кормандон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз санаи 02.03.2026 то 06.04.2026 дар асоси фармоиши директори Марказ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода А.Ғ. дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандон мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намудҳои тениси рӯимизӣ, шоҳмот ва шашка баргузор гардид.
Дар мусобиқа кормандон фаъолона ширкат варзида, маҳорати баланди зеҳнӣ ва қобилияти баланд нишон доданд.
Раванди мусобиқа дар фазои дӯстона ва рақобати солим сурат гирифта, иштирокчиён бо эҳтироми якдигар ва риояи қоидаҳои бозӣ ҳунари худро санҷиданд.
Мусобиқаи варзишии мазкур, бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли 2026 – «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», ҷашни байналмилалии Наврӯз, ҷиҳати оммавигардонии варзиш, нишон додани сатҳи баланди маҳорати зеҳнӣ, малакаи хуби варзишӣ, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ миёни кормандони Марказ баргузор гардид.
Баъди муайян шудани ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби роҳбарият диплом, сипоснома ва мукофотпулӣ супорида шуд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо барои рушди зеҳнии кормандон, таҳкими дӯстӣ ва оммавигардонии варзиш нақши муҳим дошта, дар оянда низ мунтазам баргузор хоҳанд шуд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх