Иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал

22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки аз замони таъсиси Фонд, Тоҷикистон онро ҳамчун механизми муҳими ҳамкории бисёрҷониба байни кишварҳои минтақа дар масъалаҳои идораи захираҳои об ва экология эътироф намудааст.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки буҳронҳои бузурги экологӣ дар минтақа, аз ҷумла фоҷиаи баҳри Арал, аз мо тадбирҳои минбаъдаи муштаракро талаб менамояд.

Гуфта шуд, ки дар давоми давраи гузашта, мо дар доираи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба ташаккули майдони фарох барои муҳокимаи озоди масъалаҳои марбут ба ин буҳрон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин мушкилот муваффақ шудем.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки бо талошҳои муштарак ва бо дастгирии шарикони байналмилалӣ, дар кишварҳои мо лоиҳаҳо ва барномаҳои зиёди минтақавӣ дар идоракунии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист татбиқ гардиданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯ ба рӯ шудан бо хатарҳо ва мушкилоти ҷиддии дорои хусусияти экологӣ дар минтақа ёдовар шуда, обшавии босуръати пиряхҳо, таназзули низомҳои экологӣ ва офатҳои табиии гуногуни вобаста ба обро аз ҷумлаи онҳо номиданд.

Хокборишҳо, ки дар солҳои охир ба зуҳуроти бисёр маъмул табдил ёфтаанд, махсус таъкид карда шуд.

Зикр гардид, ки хокборишҳо ҳам ба саломатии аҳолӣ ва ҳам ба пиряхҳо – манбаи асосии оби нӯшокӣ ва заминҳои кишоварзӣ – манбаи асосии даромади аксари аҳолии кишварҳои минтақа, таъсири манфӣ мерасонанд.

Дар робита ба ин даъват карда шуд, ки барои бартараф намудани оқибатҳои манфии ин зуҳурот чораҳои муштараки қатъӣ андешида шавад.

“Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он то 60 фоизи ҷараёни дарёҳои минтақа, манбаи асосии оби тоза, ташаккул меёбад, оқибатҳои ин офатҳоро башиддат эҳсос менамояд”, – изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид шуд, ки афзоиши босуръати аҳолӣ ва зиёдшавии истеъмоли об дар ҳама бахшҳои иқтисодиёт дар якҷоягӣ бо тағирёбии иқлим ба захираҳои об фишори назаррас меорад. Ин омилҳо мустақиман ба суботи энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ дар минтақа таъсир мерасонад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар чунин шароит, бояд ба истифодаи самараноки механизмҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар масъалаҳои захираҳои об дар Осиёи Марказӣ афзалияти хосса дода шавад.

Сарвари давлати мо мутобиқсозии Фондро ба воқеияти замон барои таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи баҳри Арал муҳим шумурданд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон пайваста ҷонибдори такмили сохтории ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ – ҳуқуқии Фонд бо мақсади бахшидани самаранокии бештар ба фаъолияти он мебошад.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар чаҳорчӯби Фонди байналмилалии наҷоти Арал Комиссияи байнидавлатии энергетикии Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.

Тавре зикр гардид, масъалаҳои вобаста ба об дар саросари ҷаҳон афзалиятнок ва хеле ҳассос боқӣ мемонанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ва механизмҳои ҳамкорие, ки мо таъсис додаем, намунаи мусбати истифодаи муштараки захираҳои обиро нишон медиҳанд.

“Бо назардошти мушкилоти дар боло гуфташуда ва рушди технологияи нав, мо бояд тадбирҳои истифодаи маҷмӯӣ ва оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳифзи онро пурзӯр намоем”, – таъкид карданд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар робита ба ин, тезонидани татбиқи технологияҳои нави сарфакунандаи об ва энергия дар соҳаи кишоварзӣ, бахши коммуналӣ ва саноат, тайёр кардани насли нави мутахассисон, тавсеаи мубодилаи академикӣ ва таҳқиқоти муштараки илмию амалӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи об аз вазифаҳои аввалиндараҷа номида шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз пешбурди масъалаҳои рӯзномаи ҷаҳонии об ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки имсол, ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об дар охири моҳи май дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор мегардад.

Дар фароварди сухан Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори ҷаласа даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар ин конфронси сатҳи баланд ширкат варзанд.

22.04.2026
Қазоқистон

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх