Ба истифода додани хатти истеҳсоли панҷараҳои оҳанини ҶСП Заводи таҷрибавӣ-механикӣ дар шаҳри Норак

24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи Тоҷик глобал инвест ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд.

Коргоҳи истеҳсоли панҷараҳои оҳанин дар заминаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Заводи таҷрибавӣ–механикии шаҳри Норак бунёд ёфт. Иншооти нави саноатӣ барои наздик шудан ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – Саноатикунонии босуръати кишвар сохта шуда, дорои таҷҳизоту технологияи муосир мебошад.

Маҳсулот бо истифода аз хатҳои муосири технологӣ бо шаклу сифати хуб истеҳсол шуда, ҷавобгӯи стандартҳо мебошад.

Дар раванди боздид ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҳсулоти корхона аслан барои мустаҳкамгардонии хатти сарҳад пешбинӣ шуда, насби осон ва истифодаи тулонии он кафолат дода мешавад.

Тавлиди чунин навъи маҳсулот, ки дар заминаи дастгирии Ҳукумати кишвар аз бахши хусусӣ ба роҳ монда шудааст, ҳаҷми зарурати воридотро коҳиш дода, аҳамияти муҳими иқтисодӣ дорад.

Тибқи нишондоди лоиҳавӣ корхона метавонад дар як шабонарӯз 1500 ва дар як сол зиёда аз 180 ҳазор дона панҷараи оҳанӣ истеҳсол намояд. Ин ҳаҷм имкон медиҳад, ки маҳсулот баробари таъмини талаботи дохил, ҳамчунин ба хориҷи кишвар содир карда шавад. Барои расидан ба ин ҳадаф таъсиси хатҳои нави истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.

Зимни суҳбат бо Сарвари давлат роҳбари корхона Хуҷамурод Азимов уҳдадор шуд, ки 300 км масофаи сарҳади давлатиро бо чунин панҷараҳо таъмин намояд.

Дар корхона 30 мутахассис дар ду баст фаъолият мекунад, ки ҳамаи онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона бо насби ҳисоби панелҳои офтобӣ 1,5 МВт неруи барқ истеҳсол мегардад ва насби онҳо барои 1,5 МВт дигар идома дорад. Бо ин иқтидорҳо корхона талаботи худро бо неруи барқ пурра таъмин менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти хатти нави истеҳсолӣ ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, баланд бардоштани сифати маҳсулот, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва ҷалби бештари мутахассисони ватанӣ дастуру тавсияҳо доданд.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх