Мулоқоти директори Маркази исломшиносӣ бо фаъолони шаҳри Панҷакент

Имрӯз, дар Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоеви шаҳри Панҷакент мулоқоти директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Дар мулоқот директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор муҳтарам Холиқзода Абдураҳим Ғафор, Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ – Абдуллоҳи Қодирӣ ва мудири шуъбаи дин ва танзими анъанаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Илҳом Худойдодзода иштирок намуданд.
Нахуст раиси шаҳр муҳтарам Абдухолиқ Холиқзода ташрифи меҳмонон ба шаҳри Панҷакентро хайрамақда гуфта, онҳоро муаррифӣ намуд.
Мавсуф зимни муаррифӣ қайд намуд, ки ин вохӯриҳо дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор мегарданд.
Дар навбати худ муҳтарам Холиқзода Абдураҳим дар бораи таълиму тарбияи дурусти фарзандон дар оила ва мактаб, эҳтиром ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ва давлатӣ, паёмадҳои хатарзои таассубу хурофот ва бегонапарастӣ бо овардани мисолҳои мушаххас маърӯза намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ роҷеъ ба тафаккури миллӣ, ки аз ҳувияти сиёсӣ, нажодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ – мазҳабӣ таркиб меёбад, инчунин, худшиносию худогоҳӣ василаи мубориза бар зидди таассубу хурофот баромад намуд.
Дар фарҷом мудири шуъбаи дин ва танзими анъанаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Илҳом Худойдодзода дар доираи мавзуоти баррасишуда ибрози назар намуд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх