27- уми апрели соли равон дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъалаҳои татбиқи самараноки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти корҳои тарбиявӣ ва таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва сазовор ҷашн гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди барасӣ қарор дода шуд.
Дар раванди ҳамоиш инчунин директори Маркази исломшиносии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, муовини Вазири маориф ва илми Чумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ва муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба муҳтавои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла роҷеъ ба стратегияҳои давлатӣ, дастгирии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷавонон, ки дар Паёми Роҳбари Давлат муфассал ироа гардид, инчунин роҷеъ ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва пайомадҳои нохуши он, аҳаммияти худогоҳӣ ва нақши он дар муқовимат бо таассубу хурофот андешаронӣ карда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бо дониши хубу аъло ва эҳсоси баланди худогоҳиву худшиносии миллӣ амният, муқаддасот ва арзишҳои Истиқлоли миллиро ҳифз намуда, дар пешрафти кишвари маҳбубамон саҳмгузор бошанд.
МИҲД-ишаҳри Исфара