Таҷрибаи таъмини хамзистии ҳувияти миллӣ ва динии тоҷикон дар масири таърих ва нақши созандаи он дар тамаддуни умумибашарӣ

Таҷрибаи таъмини ҳамзистии ҳувияти миллӣ ва динӣ дар масири таърих ҳамчун яке аз масъалаҳои калидии иҷтимоию фарҳангӣ мавриди таҳқиқи илмҳои ҷомеашиносӣ ва фарҳангшиносӣ қарор мегирад. Ин масъала хусусияти мураккаб дошта, ба ҳамкории омилҳои гуногуни таърихӣ, сиёсӣ ва маънавӣ вобаста мебошад.
Таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки заминаҳои ҳамзистии созандаи ҳувияти миллӣ ва динӣ дар ҷараёни рушди таърихӣ тадриҷан ташаккул ёфта, дар сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ инъикоси худро пайдо кардаанд. Ин раванд ба ташаккули низоми арзишҳо ва рушди тафаккури миллӣ мусоидат намуда, дар устувории сохтори иҷтимоӣ нақши муҳим мебозад.
Аз нигоҳи назариявӣ, бақо ва рушди ҳар як миллат бо сатҳи ташаккули тафаккури миллӣ, фарҳанг, забон, маърифат ва хиради ҷамъиятӣ алоқамандии зич дорад. Ин унсурҳо ба ҳайси пояҳои устувори худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ зуҳур намуда, заминаи иштироки фаъолу созандаи миллатро дар раванди ташаккули тамаддуни башарӣ муҳайё месозанд. Ҳамзамон, таҷрибаи таърихӣ гувоҳӣ медиҳад, ки миллатҳое, ки дар самти рушди давлатдорӣ, такмили илму фарҳанг, бунёди ҷомеаи мутамаддин ва ташаккули муносибатҳои нави иҷтимоӣ саҳми назаррас гузоштаанд, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ мавқеи муҳим ишғол намудаанд.
Миллати тоҷик дар оинаи таърих симои халқеро инъикос кардааст, ки бо мероси ғанӣ, забони ноб, фарҳанги қадима, хислати инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ шинохта шуда, таърихи ҳазорсолаҳо дар минтақа дошта, аз куҳантарин халқҳои Шарқ ба шумор меравад. Оинаи таърих бо равшании бемислаш нишон медиҳад, ки тоҷикон дар тавлиди тамаддунҳои бузург, рушди илму адаб, ташаккули давлатдорӣ ва густариши фарҳанги инсонмеҳвар нақши барҷаста доштаанд. Ин миллат аз оғози ҳастии худ то имрӯз арзишҳои инсонсозро парвариш карда, пешниҳоди ҷаҳониён намудааст. Ҳарчанд масири таърих шикасту рехт, бархӯрди сиёсӣ, пешравию шукӯфоӣ ва харобию таназзул дорад, тоҷикон низ аз ин руйдодҳои таърихӣ канора набуда, онҳоро аз сар гузарондаанд. Аммо ҳамаи ин ходисҳои таърихӣ натавонистанд ҷавҳари хирад ва маърифати миллатро аз байн баранд. Зеро унсури нигоҳдории миллат забон ва фарханги он дар рагу пайванди мардум ҷой дошт ва аз насл ба насл ба мерос гузошта мешуд.
Дар ҳар давру замон фарзандони хирадпешаи ин миллат бо шоҳкориҳои худ ба тану ҷони он қуввати нав мебахшиданд. Намунаи ин шоҳкориҳо, «Шоҳнома», «Маснавӣ», «Гулистон» ва ҳазорҳо асари дигар, ки то имрӯз поягузори фарҳангу маърифатанд, худ далели равшани нақши тоҷикон дар таърихи андешаи башарист. Маҳз ҳамин забон ва фарҳанг буд, ки тоҷиконро дар ҳама давру замон аз асорати фаромӯшӣ наҷот дод ва ба он симои устувор бахшид.
Имрӯз, вақте ба оинаи таърих менигарем, мебинем, ки тоҷикон дар ҳар давру замон дар рушди фарҳангу тамаддуни башарӣ нақши бориз дошта, хазинаи илмро бо навоварӣ ғанӣ гардонданд:
– бо такмили санъати меъморӣ ва шаҳрсозӣ машҳури ҷаҳониён гардиданд;
– ба илму фалсафа дарси хирад омӯхтанд;
– ба ҷаҳони адаб сухани ноб ва шеъри ҷовидона ҳадя карданд;
– дар рушди давлатдорӣ аввалин маротиба низоми девонсолориро ба вуҷуд оварда, таҷрибаи бузург офариданд;
– ба фарҳанги башарӣ арзишҳои волои инсонӣ ва таҳаммулпазириро тақдим намуданд.
Гузашта аз ин, тоҷикон дар рушди фарҳанги исломӣ бо истифода аз забон, адаб, ахлоқ ва мероси илмии худ саҳми арзишманд гузоштанд. Дар ҳамин замина, ҳадиси шарифи Паёмбари ислом (с) мақоми баланди фарзандони ин сарзаминро чунин баён мекунад: «Агар илм дар ситораи Сурайё бошад ҳам, мардоне аз фарзандони форс ба он даст меёбанд». Ин ҳадис на танҳо як башорат, балки як ҳақиқати таърихист, ки дар тӯли асрҳо бо фаъолияти илмиву маънавии фарзандони сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон амалӣ гардидааст.
Аз асри VIII то XIX-и милодӣ, сарзаминҳои тоҷикнишин – Бухоро, Самарқанд, Балх, Ҳирот, Хуҷанд ва Бадахшон ба марказҳои бузурги илмӣ ва фалсафӣ табдил ёфтанд. Дар ҳамин муҳит мактабҳои фикрӣ ва адабӣ зуҳур карданд, ки то имрӯз таъсири онҳо дар ҷаҳон эҳсос мешавад. Дини ислом дар миёнаи асри VIII ба Мовароуннаҳр ворид гардид. Мардуми тоҷик, ки дорои тафаккури таҳлилӣ ва зиракии маънавӣ буданд, арзишҳои исломиро бо суннатҳои фарҳангии хеш омезиш доданд ва ба ин восита арзишҳои миллии худро вориди арзишҳои исломӣ намуданд. Ин ҳамбастагӣ сабаб шуд, ки мазмунҳои исломӣ ба шеъру ҳикмат, ахлоқ ва зиндагии рӯзмарраи мардум роҳ ёбанд.
Дар ҳамин даврон мазҳаби ҳанафӣ, ки асосгузори он Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон (р) (699-767) мебошад, рушд ёфт ва ба яке аз мазҳабҳои муҳими ҷаҳонӣ табдил ёфт. Абуҳанифа нобиғаи аср ва рамзи озодандешии илмӣ бо истифода аз қиёс ва истидлол аҳкоми шариатро ба воқеияти зиндагӣ наздик намуд ва фиқҳро ба низоми устувори ҳуқуқӣ табдил дод. Ӯ дар рушди илми фиқҳ ба таҳкими руҳи таҳаммулпазирӣ, адолатпарварӣ ва эҳтироми андешаҳои дигарон саҳми арзанда гузоштааст.
Тоҷикон дар роҳи ҷамъоварӣ ва таҳқиқи ҳадисҳои Паёмбари ислом (с) ва тафсири Қурони карим саҳми таърихӣ ва арзишманд гузоштаанд. Аз сарзаминҳои тоҷикнишин бузургтарин донишмандон бархоста, бо заҳмати пайваста ва садоқати баланди илмӣ ҳадисҳои Паёмбарро (с) гирд оварда, бо усулҳои дақиқи илмии илми ҳадис онҳоро санҷида ва китобат намуданд. Аз ҷумла, Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ (810–870), муаллифи китоби машҳури «Саҳеҳи Бухорӣ», яке аз бузургтарин муҳаддисони таърих ба шумор меравад. Асари ӯ ҳамчун саҳеҳтарин маҷмуаи ҳадисҳо дар миёни уламо пазируфта шудааст.
Ҳамчунин, дар миёни муаллифони китобҳои шашгонаи ҳадис, ки дар илми исломӣ бо номи «кутуби ситта» маъруфанд, як қатор донишмандони барҷаста аз минтақаҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки бо тамаддуни тоҷикӣ иртибот доранд, ҷойгоҳи хос доранд. Аз ҷумла, метавон аз Имом Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Нишопурӣ, муаллифи «Саҳеҳи Муслим» ва Абуисо Муҳаммад ибни Исои Тирмизӣ муаллифи «Сунани Тирмизӣ» ном бурд, ки осори онҳо дар радифи манобеи асосии ҳадисшиносӣ қарор доранд.
Ин донишмандон бо таҳияи осори худ на танҳо дар ҳифз ва интишори суннати Паёмбари ислом (с) саҳм гузоштанд, балки дар ташаккули мактаби мукаммали илми ҳадис, рушди фарҳанги исломӣ ва густариши маърифати динӣ дар ҷаҳони ислом нақши муассир гузоштанд.
Дар баробари ин, дар тадвин ва тафсири Қуръони карим низ саҳми арзишманд гузоштаанд. Яке аз намунаҳои барҷаста асари маъруфи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (839–923) мебошад. Тафсири ӯ, ки бо номи «Тафсири Табарӣ» машҳур аст, аз қадимтарин ва муътамадтарин осори тафсирӣ ба шумор меравад. Табарӣ дар асари худ бо истифода аз ривоятҳои саҳеҳ, шарҳи луғавӣ ва баёни маъноии оятҳо, инчунин иртибот додани онҳо бо сабабҳои нузул ва воқеаҳои таърихӣ, дар фаҳмондан ва тафсири дурусти маонии Қуръони карим саҳми муҳим гузоштааст.
Дар баробари ӯ, дар миёни муфассирони форсу тоҷик Абулқосим Маҳмуд ибни Умар Замахшарӣ (1075–1144) низ ҷойгоҳи хос дорад. Ӯ муаллифи тафсири машҳури «ал-Кашшоф» буда, ин асар бо таҳлили амиқи луғавӣ, балоғату фасоҳат ва услуби адабии Қуръон маъруф гардида, дар миёни уламо эътибори баланд касб намудааст.
Ҳамчунин, Фахриддин Розӣ (1149–1209), муаллифи тафсири бузурги «Мафотиҳ ал-ғайб» ё «Тафсири кабир» дар рушди тафсири ақлӣ ва каломӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ дар асари худ масъалаҳои фалсафӣ, каломӣ ва мантиқиро ба таври васеъ баррасӣ намудааст.
Аз ҷумлаи муфассирони қадимии минтақаи Мовароуннаҳр Абулайси Самарқандӣ (ваф. асри X) низ ба шумор меравад, ки бо асари худ «Тафсири Самарқандӣ» дар ташаккули анъанаи тафсирнависӣ саҳми арзишманд гузоштааст.
Ин заҳматҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон на танҳо дар соҳаҳои адабиёт ва фалсафа, балки дар рушд ва такомули илмҳои исломӣ, аз ҷумла илми тафсир ва ҳадис, нақши назаррас ва таърихӣ доштаанд.
Ҳамчунин, тоҷикон дар бунёдгузории илми наҳв (граматикаи забони арабӣ) ва таъсиси қоидаҳои он нақши муҳим доштанд. Аз ҷумла, донишманди бузург Сибавайҳ (765-796) аввалин нафарест, ки илми наҳв (граматикаи забони арабӣ)-ро поягузорӣ карда, онро ба шакли усули муайян дар китоби машҳури худ «ал-Китоб» асос гузошт. Саҳми ин донишманд нишон медиҳад, ки андеша ва амали тоҷикон боиси ташаккули назарияи мукаммали забони арабӣ ва таҳияи манобеи асосӣ дар илми граматикаи забони арабӣ гардид.
Мероси ин донишмандон нақши бузурги тоҷиконро дар поягузории фарҳанги исломӣ нишон медиҳад.
Асрҳои IX–X милодӣ, давраи ҳукмронии Сомониён, давраи бесобиқаи тиллоии рушди илму фарҳанг ва таҳкими худшиносии тоҷикон ба шумор меравад. Давлати Сомониён забони тоҷикиро ба забони расмӣ ва илмии ҷаҳонӣ табдил дод ва шароити озоди фаъолияти илмию эҷодиро барои донишмандон фароҳам сохт. Шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд ба маркази илму адаб табдил ёфтанд. Дар ҳамин муҳит шахсиятҳои барҷастае ба майдон омаданд, ки то имрӯз ҷаҳон аз осори онҳо баҳра мегирад:
Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (858–941), падари шеъри тоҷикӣ-форсӣ, ки бо ашъори пурҳикмат ва орифона арзишҳои ахлоқиро тарғиб намудаст;
Абуалӣ ибни Сино (980–1037), файласуф ва табиби умумибашарӣ, муаллифи китоби «ал-Қонун фи-т-тиб», ки машҳури ҷаҳониён гардидааст;
Абунасри Форобӣ (870–950), муаллифи осори фалсафӣ ва ахлоқӣ, ки фалсафаи юнонӣ ва исломиро ҳамбаста гардонидааст;
Абурайҳони Берунӣ (973–1048), ҳамчун диншинос ва донишманди улуми табиӣ маъруфу машҳури оламиён гардидааст.
Дар давраи Сомониён дин, илм ва забон дар ҳамоҳангӣ рушд намуда, заминаи ташаккули низоми нави фарҳангиро фароҳам оварданд, ки дар таҳкими худшиносӣ ва рушди маънавии ҷомеа нақши муҳим бозид.
Мутаасифона, ҳуҷуми муғул ва муносибати ваҳшиёнаи онҳо нисат ба мероси илмӣ ва динӣ барои аҳли илм мушкилоти зиёдро пеш овард. Шумораи зиёди донишмандон ва олимони машҳур бинобар вазъияти ноором ва душвор маҷбур шуданд шаҳрҳо ва марказҳои илмиро тарк намоянд.
Новобаста аз ин, ҳам фарҳанги миллӣ ва ҳам динӣ роҳи рушди худро пайдо карданд. Хусусан, фарҳанги исломӣ дар муҳити тоҷикон дар шакли нав, шакли ирфон ва тасаввуф идома ёфт ва дар ин самт низ дастовардҳои беназире ба даст оварданд. Орифон ва шоирони бузург чун Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ дини исломро бо муҳаббат, таҳаммулпазирӣ, адолатпарварӣ, зебоишиносӣ ва инсондӯстӣ муаррифӣ намуданд. Абдураҳмони Ҷомӣ дар китоби «Нафаҳот-ул-унс» ва китоби «Лавоиҳ-ул-ҳақ» ирфонро роҳи камоли маънавии инсон донистааст, ки инсонро ба маърифати илоҳӣ ва муҳаббати куллӣ мерасонад. Ӯ фарҳанги исломиро аз зоҳир ба ботин, аз шакл ба маъно ва аз ибодат ба ирфон боло бурда, маънавиёт ва ҳикмати онро равшан сохт ва ба маънои ҳақиқии камоли инсонӣ расонид.
Дар асри XIX, бо заиф шудани хонигарии Бухоро андешаҳои ислоҳгароёна дар миёни олимони тоҷик зуҳур кард. Аҳмади Дониш (1827–1897), файласуф ва ислоҳгари маъруфи бухороӣ дини исломро бо илму пешрафти замон пайванд дод. Ӯ дар «Наводир-ул-вақоеъ» аз зарурати таҳсили илм, ислоҳоти иҷтимоӣ ва бедории фикрӣ сухан гуфт ва бар ин ақида буд, ки дини Ислом бояд ҳамқадами илм ва адолати иҷтимоӣ бошад.
Гуфтан ба маврид аст, ки таҷрибаи таърихии тоҷикон ба равшанӣ собит месозад, ки ҳамзистии ҳувияти миллӣ ва динӣ на танҳо имконпазир, балки омили муҳими рушди маънавӣ ва тамаддунии ҷомеа мебошад. Дар тӯли асрҳо тоҷикон тавонистаанд бо такя ба забон, фарҳанг, хирад ва ҷаҳонбинии таҳаммулпазирона арзишҳои миллиро бо арзишҳои волои исломӣ дарҳам омехта, як низоми мутавозини маънавиро ба вуҷуд оваранд. Ин ҳамбастагӣ заминаи ташаккули тафаккури солим, рушди илму фарҳанг ва устувории ҷомеаро фароҳам овардааст. Мероси гаронбаҳои илмӣ, адабӣ ва динӣ, ки аз ҷониби фарзандони барӯманди ин миллат эҷод гардидааст, гувоҳи равшани он аст, ки тоҷикон дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пули пайвандгар миёни фарҳангҳо ва тамаддунҳо нақши арзанда бозидаанд. Тоҷикон бо руҳи волои инсондӯстӣ, адолатпарварӣ ва хирадгароӣ тавонистаанд арзишҳои олии диниро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд. Дар шароити ҷаҳони муосир низ ин таҷрибаи ғании таърихӣ метавонад ҳамчун намунаи ибрат хизмат намояд. Ҳифз ва таҳкими ҳамоҳангии ҳувияти миллӣ ва динӣ, бо такя ба арзишҳои аслии фарҳангӣ ва маънавӣ, омили муҳими субот, ваҳдат ва рушди устувори ҷомеа ба шумор меравад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва эҳёи ин таҷрибаи пурғановат на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки заминагузорӣ барои ояндаи равшан ва мутамаддини тоҷикон хоҳад буд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мероси ғанӣ метавон гуфт, ки ҳадиси шарифи дар боло зикрёфта дар таърихи тоҷикон ва умуман мардумони форсизабон ба таври возеҳ таҷассум ёфтааст. Зуҳури садҳо нобиғаҳои илму маърифат аз ин сарзаминҳо далели равшани он аст, ки фарзандони ин тамаддун воқеан ба «Сурайёи илм» даст ёфтаанд.
Наҷотзода М.А. – н.и.ф., сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх