Мизи мудаввар дар мавзӯи “Мавқеи дин дар пешгирии экстремизм ва радикализм миёни ҷавонон”

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва динӣ, инчунин пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни ҷомеа, санаи 01 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Мавқеи дин дар пешгирии экстреимзм ва радикализм миёни ҷавонон” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ ва Шарифова Санавбар – мутахассиси шуъбаи пажуҳиши маъхазҳои исломӣ иштирок доштанд.
Зимни баргузории мизи мудаввар қайд карда шуд, ки дини мубини ислом мардумро ба сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ даъват менамояд.
Таъкид гардид, ки ҳар гуна зуҳуротҳои номатлуб ба арзишҳои воқеии динӣ мухолиф буда, боиси нооромӣ ва халадор гардидани амнияти ҷомеа мегардад.
Мутахассисон дар баромадҳои худ оид ба сабабҳои пайдоиши ифротгароӣ, роҳҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ андешаронӣ намуданд.
Ҳамчунин, иштирокчиён иброз доштанд, ки ҳамкории оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар тарбияи ҷавонон нақши муҳим дошта, метавонанд дар пешгирии ҳар гуна андешаҳои ифротӣ мусоидат намоянд.
Дар фарҷоми чорабини миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас дода шуд.
Шуъбаи иттилот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх