Тӯли ҳафтод соли побарҷобудани ҳукумати Шӯравӣ таърихи 15 кишвари ин Иттиҳод, аз ҷумла таърихи халқи точик дар чорчӯбаи хосси илмӣ тарҳрезишуда, дар асоси принсипҳои илмии роиҷи он давру замон -методологии максистии таърих омӯхтаву таълим дода мешуд. Дар ин васила илми манбаъшиносии тоҷик низ зери таъсири ҳамин идеология омӯхтаву омӯзонида шуда, бештар ба методология ва нақди илмии манбаъшиносии Аврупо ва Русия диққат дода мешуд. Манбаъҳои таърихии ҳувиятсози мо, ки теъдодашон ба ҳазорону миллионҳо мерасид, ҳамчун манбаҳои идеологии куҳнаи ифротии феодалӣ натанҳо хонда намешуд, балки хондану тадриси онҳо ҷурм ҳисобида мешуд.
Айни замон бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тағйирот дар аксар самтҳои ҳаёти ҷомеа, навоварию навпардозиҳо дар самти илм, аз ҷумла дар самти илми таърих низ як қатор навгониҳову тағйиротҳо ба амал омаданд. Дар ин ҷараён, дар доираи илмҳои гуманитарии тоҷик ва дар фазои илмии омӯзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик илми манбаъшиносӣ ҳам бо диди нав, бо тарҳи замонавӣ ва имконоти васеътар ба қадри тавон рӯ ба инкишоф ниҳода бошад ҳам, аз лиҳози интиқодӣ ба роҳ мондани таҳлили манбаъҳои таърихӣ мувофиқи матлаб нест. Албатта бо такя ба илми манбаъшиносии ҷаҳонӣ, бо назардошти хусусиятҳои хоси усулҳои омӯзиши манбаъҳои меросмондаи таърихи ватанӣ, бо тарҳрезии нави методология ва нақди хоссаи илмии манбаъҳо илми манбаъшиносӣ дар радифи дигар илмҳои таърих пеш меравад. Ҳамин аст, ки дар даҳсолаи охир, аз тарафи таърихнигорону манбаъшиносони тоҷик, ҳамчунин бо кӯшишу заҳамоти кулли донишмандону унвонҷӯён ва устодони доираи илмҳои гуманитарӣ даҳҳо манбаъҳои таърихии калонҳаҷм мавриди тадқиқоти арзишманди илмӣ қарор гирифта, дар ин самт дар маҷаллаву рӯзномаҳои илмӣ садҳо мақолот ба табъ расидаанд. Аз ин лиҳоз, дар шароити кунунӣ, бо дарки хусусиятҳои хосси ҳуввияти миллӣ, бо дарки баланди худогоҳиву хештаншиносӣ, бо тавони беш аз пеш, бо амри дилу раҳбурди ақл тақвият додану мустаҳкам намудани илми манбаъшиносии тоҷик ва ба ин васила дарёфтани падидаҳои нав ба нави фарҳангию таърихӣ кори хайру савоб дониста мешавад.
Асрҳои VIII-X дар таърихи халқи тоҷик давраи муҳимтарини ташаккули он ҳамчун халқ ва давраи ренесанси Шарқ ба ҳисоб рафта, маҳз дастовардҳои илмии олимону мутафаккирони тоҷики ин давра имрӯзҳо ин миллатро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Дар баробари ташаккул ёфтани донишҳои таърихӣ дар асрҳои VIII-IX шеваҳои мухталифи таърихнигорӣ шакл гирифтанд, ки маъруфтарини онҳо “ҳолноманигорӣ”, номнигорӣ”, солноманигорӣ” ва “фатҳноманигорӣ” ба ҳисоб рафта, ҳар кадоми онҳо дар раванди иҷтимоишавии ҷомеаи мусалмонон нақши бориз бозидаанд. Осори таърихие, ки дар ду асри аввали зуҳури ислом то ниммаи аввали асри IX таълиф шудаанд, бештаран фарогири мавзуъҳои мушаххас ва дар асоси шеваҳои зикршуда офарида шудаанд.
Ҳолноманигорӣ яке аз аввалин шаклҳои таърихнигорӣ буда, аз таҳқиқи мазмун ва мундариҷаи ҳолномаҳо маълум мегардад, ки онҳо низ дар навбати худ ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар баробари инкишофи шохаҳои ҳокимият ва ҷамъият бештаран дар бораи “қуззот” – қозиҳо, волиҳо – ҳокимон, “худамо” – ходимони давлатӣ ва “вузаро” – вазирон таълиф мегардиданд. Дар ин замина асарҳои муҳимму зиёди шарҳиҳолии хусусиёти таърихӣ дошта ба монанди “Ал-мунтазам”-и Ибни Ҷавзӣ ва “Табақот”-и Ибни Саъд дар идомаи асрҳои VII-VIII рӯи кор омаданд, ки дар ояндаи наздик сабабгори ба вуҷуд омадани шеваи нави таърихнигорӣ – номнигорӣ гардиданд.
Номнигорӣ низ ҳамчун шеваҳои маълуму машҳури таърихнигории асрҳои VIII-IX шинохта шуда, бо номҳои дигари “ассомӣ”, “аълом”, “феҳрист”, “табақот” ва ғайра муаррифӣ мешаванд. Номнигорӣ шеваи таърихнигориест, ки ба муаррифии афроди шоиста, ба монанди дорандагони навъе аз дониши хос ба мисли; муҳаддисон, фақеҳон, мунаҷҷимон, табибон, ё дорандагони маҳоратҳои махсус ба монанди; қориён, ровиён, санъаткорон ва ё табақаҳои аъёни ҷомеа ба монанди; ашрофон, тоҷирон, ҳунармандон ва ғайра машғул аст. Машҳуртарин ва куҳантарин асари номнигории ин давра “Таърихи кабир”-и Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ буда, дар 18 солагии муаллиф баробар ба соли 828 мелодӣ таълиф гардидааст. Имом Бухорӣ дар ин асари таърихии номнигории хеш аз 40000 муаррихону ровиёну ноқилони ахбор маълумот дода , муҳимтарин шеваи таърихнигории номнигориро асос гузоштааст.
Дар заминаи осори номнигорӣ шуъбаи дигари таърихнигорӣ, феҳристнигорӣ зуҳур карда, аввалан феҳристҳои маҳаллию минтақавӣ ва баъдан феҳристҳои комили фаннию, ҳунарӣ ба вуҷуд омаданд, ки куҳантарини онҳо “Ал-феҳрист”-и Абуисҳоқ ибни Надим ва бузургтарини онҳо “Таърихи Бағдод”-и Хатиби Бағдодӣ мебошад. Феҳристҳои таълиф гардидаи ин давра аслан дар шакли феҳристҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҳавзавӣ таълиф мешуданд. Олитарин шакли феҳристҳо, феҳристҳои шаҳрӣ – минтақавӣ буда, дар шакли феҳристҳои мисрӣ, суриёнӣ, ҳиҷозӣ, яманӣ, ҳиндӣ, хуросонӣ, мовароуннаҳрӣ, хутанӣ ва амсоли он таълиф мешуданд, ки машҳуртарин афрод ва ё шахсиятҳои сиёсию адабӣ ва ҳунарварони минтақаро барои наслҳои оянда муаррифӣ мекард .
Дар баробари забткориҳои пайдарпай, арабҳо дар кутоҳтарин фурсат шаҳрҳои бузурги императории Византия ва шоҳаншоҳии Сосониёнро фатҳ намуда, густариши исломро дар ҳудудҳои паҳновари ду императории ҳамсояи худ таъмин намуданд. Ин ҷаҳонкушоӣ ва фатҳи шаҳрҳо боиси паҳншавӣ ва умумишавии фарҳангу тамаддун ва улуми исломӣ гардида, мусулмонон ниёзмандии худро нисбати илми таърих дарк карданд ва барои муаррифии шоҳкориҳои қаҳрамонон-ғосибони худ ба навиштани ҷангномаҳо ва фатҳномаҳо машғул гардиданд.
Дар баробари забти Тайсафун, Шом, Наҳованд, Бағдод ва дигар шаҳрҳои бонуфузи Хуросону Мовароуннаҳр китобҳои бисёре дар бораи фатҳи ҳар шаҳре аз қабилӣ; “Футуҳу-ш-Шом ва футуҳу-л-Ироқ”-и Абумихнаф, китоби “Футуҳу-л-Миср ва Мағриб”-и Абдулҳаким, “Футуҳу-л- Байту-л-муқаддас ва “Футуҳу-л-Хуросон”-и Мадоинӣ таълиф гардиданд. Пас аз он ба тадриҷ фатҳноманависӣ низ ривоҷ ёфта, доманаи мазмун ва мундариҷаи онҳо бузургтар шуда, ба монанди “Ал-футуҳ”-и Ибни Аъсам ва “Футуҳу-л-булдон”-и Билозурӣ забти кулли мамолик ва кишварҳо дар як китоб ҷамъоварӣ гардид.
Мубрамияти осори ин муаррихон дар он зоҳир мегардад, ки ин давра бо ба эътибор гирифтани вазъи иҷтимоӣ, ҳолатҳои эътиқодӣ, равонӣ-психологӣ, мантиқӣ, касбу кор ва доираи фаъолиятҳои шахсиятҳои таърихӣ дар чорчубаи талоботи бунёдшуда ба навовариҳо пардохтанд ва шаклҳои муътабари ҳодисаҳои воқеъии таърихиро дар асарҳои хеш ворид намуданд, ки бад-ин восита муҳимматарин асарҳои “таърихи умумӣ”-ро бо фарогирии ахбори сиққа пешниҳоди хонанда намуданд.
Яке аз муаррихони асри аввал ва дуввуми ислом Абулҳасан Аҳмад ибни Яҳё ибни Ҷобир ибни Довуд маъруф ба Балозурӣ аз зумраи муаррихони аҳди аввал буда, дар Бағдод таваллуд ва ба воя расидааст. Санаи таваллуди ӯ дар манбаъҳо зикр нашудааст, аммо маълум аст, ки ӯ дар аҳди хилофати Муътаззид дар он замон, ки ҳудуди ҳаштод сол аз умраш мегузашт дар соли 892 милодӣ фавтидааст. Баъди касби илми таърих Балозурӣ ба таълифи асарҳои гаронбаҳое чун “Аҳди Ардашер”, “Ансобу-л-ашроф”, “Футуҳу-л-булдон” ва “Китобу-р-рад ъало шуъубия” машғул гарид, ки таълифи “Футуҳу-л-булдон” ба Балозурӣ шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид. Балозурӣ дар таълифи “Футуҳу-л-булдон” аз муҳиммтарину бузургтарин ҳодисаҳои таърихӣ то кучактарину мушаххастарин воқеъаҳои таърихӣ сарфи назар накардааст. Аз ин рӯ сабки навишти матни он хосси муаллиф буда, дар ин муддат муаррихони муосири ӯ ба нигориши солномаҳову ҳолномаҳо машғул гардида, ҳанӯз ба ин тарзи нигориши таърих ошно набуданд.
«Футуҳу-л-булдон»-и Балазурӣ яке аз аввалин ва боарзиштарин китобҳои таърихӣ ва ҷуғрофиёӣ аст, ки бештар забткориҳои аввалияи арабҳо дар нимҷазираи Арабистон ва ҳаволии он аз қабили Миср, Мағриб, Искандария, Ифриқия, Андалус, Хуросону Мовароуннаҳр, умуман қисматҳои бештари Осиёи Марказиро дар бар дорад. Ба андешаи муаррих ва маъхазшиноси шаҳири тоҷик Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ ин таърихнома аз ҷиҳати забти вокеъоти таърихӣ дар баъзе маворид аз асноди таърихии «Таърихи Табарӣ» низ ғанитар аст.
Агар ба мазмуну мӯҳтавои асосии “Футуҳу-л-булдон” диққат намоем, онро муҳимтарин маъхази таърихӣ дар шинохти забти кишварҳо, харобкориҳою хиёнатҳои араб, сохтани биноҳо, қасрҳо, масҷидҳо, кушкҳо, низоми обёрии заминҳо, анвоъи хироҷҳо, ҳафри чоҳҳо, наҳрҳо, марамати шаҳрҳо ба дасти маволӣ, омезиши қавму халқиятҳо дар асрҳои миёна ва ҳамчун як асари муътабари ҷуғрофиё, мардумшиносӣ ва ҳуқуқӣ дар хоҳем ёфт.
Агар мушаххасан ба мавзуи меҳварии маъхаз равани забткориҳои араб назар андӯзем, мебинем, ки дар раванди забти кишварҳои ғарбии ғайриаҷамӣ сабукиҳои зиёд ба онҳо дода мешавад, ки аксар бо пардохти гандуму руған ва асалу сирко, пашму батна ба сулҳу унва кушода шуда, бештаран молу ҷони мардум ва фарҳангу анъанаҳои онҳо ҳифз мешавад. Ба қавли Балозурӣ: “Қосим ибни Салом аз Абдуллоҳ ибни Солеҳ ва ӯ аз Мусо ибни Алӣ ибни Руббоҳи Лахмӣ ва ӯ аз падари хеш маро гуфт, ки мағриб тамоман унва аст”. Ҷойи дигар забт Мисрро чунин шарҳ медиҳад: “Чун Мисрро бидуни аҳде бигушудем, Зубайр ибни Аввом ба по хост ва гуфт: Эй Амр, онро миёни мо қисмат кун. Амр гуфт: Ба Худо савганд, ки онро тақсим накунам пеш аз он ки ба Умар бинависам ва он гоҳ ба Умар бинавишт ва Умар дар ҷавоби номаи ӯ навишт, ки онро барои мардумаш боқӣ гузор” .
Аммо, раванди забткориҳои дар сарзамини аҷдодии мо – Хуросону Мовароуннаҳр тамоман ба навъи дигар, бо сахттарин муҷозоту кушторҳо, пардохти гаронтарин ҷизяҳову асир гирифтанҳо сурат гирифтааст. Ин манзараро Балозурӣ хеле возеҳтар баён намудааст: “Ҷаҳм ибни Заҳр ибни Қайси Ҷуъфӣ биёмад ва ба шаҳр дохил шуд ва дар он ҳангом мардуми Ҷурҷон дар хонаҳои худ ғофил ба сар мебурданд. Ибни Муҳаллаб низ ба вай расид ва халқе аз мардуми Ҷурҷонро бикуштанд ва кӯдаконашонро ба бардагӣ бурданд ва куштагонро аз чапу рости ҷода маслуб карданд” .
Ҳангоми забти шаҳри Истахр аҳволи аз ин ҳам бадтари ашрофону асилзодагонро шарҳ дода зикр менамояд, ки “Абдуллоҳ ибни Омир бо аҳли Истахр биҷангид ва ононро шикаст дод ва дар он ҷо наздики яксад ҳазор танро бикушт ва бештари хонадонҳои ашрофу бузургони асворонро, ки ба Истахр паноҳ бурда буданд ба қатл расонид” .
Муҳимияти дигари дигари “Футуҳу-л-булдон”-и Балозурӣ дар он аст, ки ба шеваҳои дигари таърихнигории пешин, вақеъанигорӣ, номнигорию ҳолноманигорӣ ва зикри ҳолоти бузургон, ки миёни муаррихони муосири ӯ маъмул буд, иктифо накарда, балки аз оғоз то анҷом бештаран ба таҳқиқи масъалаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум ва низоми сиёсию идории ҷаҳони ислом мепардозад.
Пас, маълум мегардад, ки Балозурӣ дар таълифи асари хеш бештар ба инъикоси воқеъии аҳволи мардум такя карда, онҳоро айнан бешарҳу муболаға зикр мекунад. Вобаста ба ин дар мавриди фатҳи Заранҷ овардааст: “Абдуллоҳ ибни Омир Заранҷ ва Марзбон шаҳрро рӯзе, ки ид доштанд (шояд Наврӯзӣ доштанд) дар қасраш муҳосира кард. Марзбон бо вай ба шарти пардохти ду ҳазор ҳазор (ду миллион) дирҳам ва ду ҳазор ғуломбача сулҳ кард”. Ва ё ҷойи дигар дар мавриди ваҳшиёнати лашкари араб дар Суғд менигорад, ки “Суғдро ба иттифоқи қабоили араб манкуб сохт, чандон ки суғдиёнро биёбоннишин кард” . Ин ҷумлаҳо ба он хотир оварда шуд, ки хонанда аз муҳиммияти асар воқиф гардида, забткориҳои арабро дар қисматҳои ғарбию шарқии хилофат ташхис карда тавонад.
Муҳиммияти дигари «Футҳу-л-булдон»-и Балозурӣ дар баробари асари пурарзиши таърихӣ буданаш, дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун сарчашмаи муҳимтарини ҷуғрофиёӣ хизмат карда метавонад, зеро дар ин китоб беш аз ҳазору дусад номҳои ҷуғрофиёӣ зикр шудааст, ки аз дониши хуби ҷуғрофиёӣ ва маълумоти дуруст доштани Балозурӣ дар ин маворид шаҳодат медиҳад. Дар ин асар масъалаи дигари боз ҳам муҳим, омезиши халқҳо бо ҳамдигар ва искон додани хуросониёну аъроб ба шаҳрҳои гуногун ба шумор меравад.
Дар сарчашмаҳои дигари таърихӣ аз сокин намудани қабоили зиёди араб ба Хуросону Мовароуннаҳр огоҳӣ доштем, аммо бори аввал дар «Футҳу-л-булдон» мебинем, ки Убайдуллоҳ ибни Зиёд қисме аз аҳолии Бухороро ба Басра куч дода, онҷо сокин мекунад. Ба ҳамин монанд аз искон додани қабилаву халқиятҳои мухталиф дар ҳудудҳои забтшуда зиёда аз бист маротиба ва кучонидану фирорӣ шудани мардумони зиёд сухан дар миён аст.
Аз ҷониби дигар “Футуҳу-л-булдон” аз беҳтарин маъхазҳои ҳуқуқи байналмилалии исломист. Масоилу равияҳои ҳуқуқии марбут ба рафтору кирдори ғайримусулмони кишвари исломӣ, вазъи куллии аҳли зимма, вазъи хосси аъроби насронӣ ва ҳуқуқу таклифҳои эшон низ яке дигар аз бахшҳои ин китоб аст. Хусусан хизматҳои фаровони мактабҳои фиқҳии Абуҳанифа дар низоми идории хилофат ва доман паҳн кардани он дар ҷуғрофиёи азими қаламрави хилофат шоҳиди ин гуфтаҳост.
Аз мактаби фиқҳии Абуҳанифа шогирдони зиёд баҳрабардорӣ намудаанд ва давомдиҳандаи ақоиди ӯ дар саросари ҷаҳон гаштаанд, ки бо иттифоқи бештаре аз олимон шумораи шогирдони шуҳратмандгаштаи ӯро ба 880 нафар баробар медонанд. Шуҳрати илмии Нуъмон ибни Собит дар миёни дигар мазоҳиби исломӣ ба ҳадде расид, ки ӯ мулаққаб ба «Имоми Аъзам» шуд. Ин ва дигар масъалаҳои нишохти Абуҳанифа дар асарҳову суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ”, “Имоми Аъзам ва ахлоқи умумиинсонӣ”, “Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо” дар китоби “Дин ва ҷомеа” , инчунин дар китобҳои “Имоми Аъзам – рӯзгор, осор ва афкор” ва “Чеҳраҳои мондагор” мушикофона ва обективона инъикоси худро ёфтаанд.
Марҳилаи аввали иштироки фаъоли аҷамиён дар низоми идории хилофати араб тавассути бунёдгузории илмҳо ва созмони мактабҳои илмии ҳадисшиносӣ, фиқҳ, таҷвид, ташаккули хат, сарфу наҳви араб ва таърих сурат гирифта, баъдан онҳо дар низоми сарбозию лашкардорӣ ва умури сиёсию девонсолорӣ нуфузи бештар пайдо намуданд.
Хизматҳои оламгири эрониён дар роҳи таблиғу густариши илмиву фарҳангии ин ойин аз ҷониби ҷомеашиноси сатҳи ҷаҳонии асри XIV андалусӣ Абдурраҳмон ибни Халдун чунин арзёбӣ шудааст: «Аз шигифтиҳое, ки воқеъият дорад, ин аст, ки аз бештари донишварони миллати ислом хоҳ дар улуми шаръӣ чӣ дар донишҳои ақлӣ ба ҷуз дар мавориди нодире ғайри арабонанд ва агар ҳам насаби баъзе аз ҳомилони дониш арабӣ буд, аз лиҳози забону мадҳи тарбият ва машоиху устодон онҳо аҷамӣ будааст». Ҳақ бар ҷониби Ибни Халдун аст, зеро вақте халифаи давр баъд аз суҳбат бо Имоми Аъзам – Абуҳанифаи маволии аҷамӣ аз дарбориён талаб мекунад рӯйхати уламои фиқҳ ва фақеҳону қозиёнро ба ӯ пешниҳод созанд, аз миқдори умумии дар рӯйхат пешниҳодгардида, беш аз 99% онро маволиёни эронитабор ташкил медоданд, ки боиси нороҳатӣ ва рашку ҳасади халифа Мансур нисбат ба қавми аҷам гардида буд.
Марҳилаи дигари нақши калидӣ пайдо намудани ниёкони тоҷикон дар ташаккули хилофати араб ба корнамоиҳои Абумуслими Хуросонӣ рост меояд. Хизматҳои ӯ дар самти сиёсию лашкардорӣ ба он оварда расонд, ки баъди марги Абумуслим хулафо ба он водор шуданд, ки дар минтақаҳои дурдасти исломӣ бояд аз ҳисоби хуросониён волӣ таъйин кунанд ва ба ин васила низоми идории хилофат ва машруъияти хилофати хешро дар ин минтақаҳо таъмин намоянд.
Дар ин бора Муртазо Мутаҳҳарӣ андешаи хешро чунин иброз намудааст: «Яке аз манотиқе, ки мавриди таваҷҷуҳи Аббосиён буд ва бим доштанд, ки аз он шарре мутаваҷҷеҳи эшон гардад, сарзаминҳои мағриби Ақсо ва шимоли Африқо буд, зеро ҳанӯз ҳукумати Андалус ба дасти Умавиён буд ва метарсиданд, ки аз он ноҳия хатаре муваҷҷеҳи онон гардад. Аз ин рӯ аз аҳди Маҳдии Аббосӣ ҳуккоми Мисру Африқоро аз миёни мардумони Хуросон, ки душманони сарсахти Бани Умайя буданд, интихоб мекарданд».
Дар тули ҳукумати волиёни хуросонӣ, ки аз аҳди Аббосиён то даврони қудрати Фотимиён дар ин минтақа ҳукумат мекарданд, ҳазорон олимону фақеҳон, муфассирону муҳаддисон ва беҳтарин расму ойини ислом вориди ин минтақаҳо гардида, исломро беш аз пеш густариш доданд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо 30 нафар аз бузургони хонадонҳои Хуросон дар Мисру Африқои Шимолӣ ҳукумат кардаанд, ки ин арқом далел ба саҳми эрониён дар густариши ислом миёни ақвоми дигар мебошад. Инчунин дар замони хилофати ин хонадон ҳазорон нафар аз Хуросон ба сарзаминҳои фатҳшуда (Мисру Африқо) муҳоҷират карданд ва дар низоми идории хилофат нақши бориз гузоштанд.
Маҳз ҳамин марҳилаи таърихӣ дар “Футуҳу-л-булдон”-и Балозурӣ равшан инъикос гардида, танҳо 124 маротиба мафҳуми “Хуросон” ва “хуросониён” дар ин сарчашма истифода гардидааст, ки аз нақши бориз доштани ин хитта ва фарзандони шуҷоъи он дар низоми идории хилофати араб ба хусус дар низоми идории қисмати ғарбии хилофат шаҳодат медиҳад.
Қобили тазаккур аст, ки фарзандони Хатлонзамин низ дар замони хилофати Аббосиён ҳукумати Шом ва Мисрро дар даст дошта, аз худ номи сазоворе дар таърих ба ҷой мондаанд, ки яке аз ин шахсиятҳо Исҳоқ ибни Яҳё ибни Муъоз ибни Муслими Хуталӣ (Хатлонӣ) мебошад. Зириклӣ дар китоби “ал-Аълом” аз Исҳоқи Хуталӣ ҳамчун шахсияти барҷастаи сиёсӣ маълумот дода, бинобар шаҳодати ӯ ин тоҷики хатлонӣ дар давлатдории Аббосиҳо саҳми арзандае аз худ боқӣ гузоштааст. Тибқи маълумоти овардаи ӯ “Исҳоқи Хуталӣ пеш аз ин (яъне пеш аз шоҳи Миср шуданаш) се маротиба шоҳи Димишқ интихоб шуда буд. Аввал дар рӯзгори Маъмуни Аббосӣ, сипас дар рӯзгори бародари вай Муътасими Аббосӣ, ки ин бор муддати шоҳигарии ӯ бисёр тулонӣ буд ва бори савум дар рӯзгори Ҳорун ибни Муътасим, ки машҳур ба ал-Восиқ мебошад” .
Бинобар шаҳодати ал-Киндӣ Исҳоқи Хуталӣ баъд аз оне, ки се маротиба дар Димишқ, пойтахти Шом ба ҳайси волии Аббосиҳо ҳукумат кард, мавсуф бори дигар дар соли 850 мелодӣ аз ҷониби Мунтасир ибни Мутаваккили Аббосӣ, ки он замон валиаҳди падараш Мутаваккил буд, Исҳоқро волии Миср таъйин намуда, ҳама атоҳо ва инъомот ва хироҷи мамлакатро ба вай супурд. Исҳоқи Хуталӣ дар давраи ҳукуматдории худ дар Миср чунон хидмати шоистае барои ин мардум анҷом дод, ки ба қавлӣ Зириклӣ: “аҳли Миср ӯро дуст доштанд” .
Ибни Асокир низ дар китоби “Таърихи Димишқ” ин сиёсатмадори Хатлониро чунин васф кардааст: “Исҳоқи Хуталӣ аз шоҳони бузургвор буд. Вай шахси ҷавонмард, саховатманд, дорои ахлоқи сазовори ситоиш, далер, хирадманд, дурандеш, сиёсатмадор ва дустдори шеъру шуъаро буд. Шоирон аз ҷойҳои гуногун ба назди вай сафар карда, ӯро ба беҳтарин мадеҳаҳо месутуданд ва ӯ низ онҳоро ба беҳтарин инъомҳо сарфароз менамуд. Вай нисбат ба зердастонаш нармхӯ ва боадлу инсоф буд. Дар соли 237ҳ/852 мелодӣ ин шахсияти бузург дори фониро падруд гуфт ва дар мавзеи Қурофаи Миср ба хок супорида шуд. Шоирон дар сӯгвории вай марсияҳо эҷод карданд, ҳатто баъзе шоирони шаҳри Басра низ.
Балозурӣ ҷои дигар аз нуфузу таъсири баланд доштани чунин хуросониён маълумот дода, менигорад, ки Абдулмалик бинни Солеҳ, Язид бинни Махлади Фарозиро бар Тартус вилоят дод, лекин хуросониёни муқими он шаҳр вайро дур карданд ва нагузоштанд, ки барои онҳо ҳукумат намояд. Аз омӯзиши ахбори “Футуҳу-л-булдон”-и Балозурӣ ба хубӣ пай мебарем, ки хуросониён ҳанӯз дар ибтидои вусъат ёфтани ҷуғрофиёи ислом дар сафи пеши лашкаркашиҳо қарор дошта, ҳатто волиёни арабро итоат намекарданд ва намегузоштанд, ки дар шаҳрҳои фатҳкардаи онҳо ҳукумат кунанд. Балозурӣ ҷойи дигар қайд менамояд, ки хуросониён дар роҳбарии шаҳрҳои шимолии Африқия, Сисия, Қайравония Тартусия ва дигар шаҳрҳои калидии Антокия нақши бориз доштанд.
Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки агар арабҳо ба милликунонии дини ислом рӯй оварда бошанд, эрониён ба рисолати хусусияти фаромиллӣ ва фароқавмӣ бахшидани он кӯшишу талошҳои беназир карда, воқеан ба ислом рисолати дини ҷаҳонӣ бахшиданд.
Дар самти фаъолияти сарбозӣ ва сарлашкарӣ низ эрониён пешсаф буданд, ҳатто онҳо дар симои Абумуслим тавонистанд, низоми хилофати Бани Умавиро аз миён бардошта, бар ивази он хилофати Бани Аббосро ба сари қудрат биёранд. Нуфузи эрониён дар таъсис ва ташаккули хилофати Аббосиён чунон баланд шуда буд, ки худи арабҳо аз ин вазъ ба тарс омада буданд. Барои мисол шахсе аз қабилаи Бани Қайс бо номи Умайр ба урдуи Иброҳим Имом пайваст ва гуфт: “Аз лаҳзае, ки ба урдугоҳи ту ворид шудам ғаму андуҳам афзунӣ ёфт, зеро нашунидам, ки касе дар ин урдугоҳ ба забони арабӣ сухан гӯяд”.
Пас аз кӯшишҳои зиёди нокомии халифа Абуисҳоқи Муҳаммад мулаққаб ба Муътасим (834-842) дар соли 836 бародари афшини Усрушана–Ҳайдарро, ки аз исёни мардумони Усрушана ва Фарғона ба ӯ хабар дода буд, маъмури аз байн бурдани ҳаракати Бобакия намуд. Ҳайдар ҳамчун сарлашкари ботаҷриба бо 30000 марди ҷангӣ ба Усрушана ҳуҷум карда, бо Бобак ва пайравонаш набард намуд. Ҷангҳо ва кушторҳои хунин рӯй дод ва бисёре аз сипоҳиёни Бобак талаф доданд. Баъд аз талафоти зиёд Бобак шабона бо наздикони худ ба Арманистон фирор намуд.
Ҳайдар баъд аз оне ки пайравони Бобакро бо бераҳмӣ шикаст дод, дар пайи дастгир намудани ӯ машғул шуд. Ӯ бо ёрии сипоҳи ҳокимони маҳаллӣ Бобаку Ковус ва сипоҳиёни онҳоро дастгир намуда, ба Бағдод фиристод. Бо амри халифа Муътасим дасту пойҳои Бобак ва асиронро бурида, тани онҳоро ба дор овехтанд ва сари Бобакро ба Хуросон фиристоданд.
Академик Аҳрор Мухторов дар асари худ “Ҳайдари Истаравшанӣ бузургтарин лашкаркаши Араб. (Асри IX).” қайд менамояд, ки барои пахши ин шӯриш халифа ба Ҳайдар 20 000 000 дирҳам инъом кард.
Ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии соири халқиятҳои забтшуда дар “Футуҳу-л-булдон” инъикос гардидааст, ки аз арзишмандии ин асар гувоҳӣ медиҳад. Балозурӣ вобаста ба ин масъала аз забони Қозӣ Абуюсуф мефармояд, ки “Агар дар диёре оини аҷамии куҳане буда бошад, ки ислом дигаргун ва ботилаш насохта бошад, лекин ҷамъе ба имом дар мавриди зиёне, ки бар асари он оин насибашон мешавад, шикоят баранд, имомро ҳаққи тағйири он нахоҳад буд”. Пас, ҷойи шакку тардиде нест, ки “Футуҳу-л-булдон”-и Балозурӣ аз муҳимтарин сарчашмаҳои таърихии асри IX ва маъхази аслии сарчашмаҳои баъдӣ шинохта шавад.
Мутахассиси пешбари Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон Мирзозода Тоҷиддин
РУЙХАТИ САРЧАШМА ВА АДАБИЁТ
1. Робинсон Ч. Таърихнигории исломӣ. Тарҷумаи Мустафо Субҳонӣ. Теҳрон. “Нашрия Пажуҳишкадаи таърихи ислом”. 1379 ҳ.қ. –С.121
2. Ғуломов Т.М. Саҳми донишмандони тоҷик дар ташаккули улум ва фарҳанги исломӣ. \\ Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ. №3/2. – Душанбе, «Сино», 2017, -С. 161
3. جرجی زیدان. تأریخ تمدن اسلام. ج.٢. ترجمه علی جوتهر. –تهران، «امیر کبیر»، ١٣٧٢. –ص. 137
4. Маликушшуаро Баҳор. Сабкшиносӣ. – Душанбе, “Бухоро”, 2012., 569с. –С.87
5. Абӯалии Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. – Душанбе, “Ирфон”, 1992, -С.86
6. Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим. – Душанбе, “Эр-граф”, 2007, 479 с. –С.242
7. Ахмад ибн Йахйа ибн Джабар ал-Балозури. Завоевание Хорасана (Извлечение из «Футух-албулдан»/Перевод с арабского Г. Гоибова. -Душанбе, 1987. –С.3-5.
8. Аҳмад ибни Яҳёи Балозурӣ. “Футуҳу-л-булдон”. [Мутарҷим Муҳаммади Таваккул. Баргардонкунандагон аз хатти форсӣ ба кириллӣ Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ ва Тоҷиддин Ғуломов]. – Душанбе, 2025. – 452 с. –С.226
9. Давонӣ Алӣ. Ҳазораи шайх Тӯсӣ [Матн] / А. Давонӣ. – Теҳрон: Амири Кабир, 1362. – Ҷ.1.– С.799.
10. Раҳмон, Э. Дин ва ҷомеа. [Матн] / Э. Раҳмонов. – Душанбе: Шарқи озод, 2013. – 671 с.
11. Раҳмон, Э. Имоми Аъзам – рӯзгор, осор ва афкор [Матн] / Э. Раҳмон. – Душанбе: Матбааи маслаки афғон, 1389 ш.. – 212 с.
12. Раҳмон, Э. Чеҳраҳои мондагор [Матн] / Э. Раҳмон. – Душанбе: Эр-Граф, 2016. – 364 с.
13. Абдурраҳмон ибни Халдун. Муқаддимаи ибни Халдун [Матн] / А. Халдун; тарҷумаи Муҳаммад Парвини Гунободӣ. – Теҳрон, 1366 ҳ.қ. – Ҷ.2. – С.1096.
14. Мутаҳҳарӣ Муртазо. Хадамоти мутақобилаи Ислом ва Эрон [Матн] / М. Мутаҳҳарӣ. – Душанбе: Пайванд, 2007. – С.361.
15. Аторӯдӣ Азизуллоҳ. Таърихи остони қудси разавӣ [Матн] / А. Аторудӣ. – Теҳрон: Аторӯд, 1371. – Ҷ.1. – С.25.
16. Хайриддин Зириклӣ. ал-Аълом. Муассасату-т-торихи-л-арабӣ [Матн] / Х. Зириклӣ. – Чопи дувум. – Бейрут, 1989 м. – Ҷ.I. – С.297.
17. Ал-Киндӣ. Вулоту Миср [Матн] / Ал-Киндӣ. – Ҷ.1. – С.60.
18. Тағрӣ Бердӣ. Ан-нуҷуму-з-зоҳира фӣ мулуки Миср ва-л-Қоҳира [Матн] / Бердӣ Тағрӣ. – Ҷ.1. – С.242-243.; Ибни Асокир Алӣ ибни Ҳасан. Таъриху мадинати Димишқ [Матн] / А. Ҳасан; бо кӯшиши Алишерӣ. – Бейрут, 1995-1996. – Ҷ.8. – С.302-305.
19. Абдулкарими Яғмо [Матн] // Баррасиҳои таърихӣ. – Соли 12. – шумораи 1. – С.67.
20. Ҳақиқат Абдуррафеъ. Таърихи неҳзатҳои фарҳангии Эрониён [Матн] / А. Ҳақиқат. – Теҳрон: Ширкати муаллифон ва мутарҷимони Эрон, 1347. – С.228.
21. Мухторов, А. Афшин Ҳайдари Истаравшанӣ бузургтарин лашкаркаши Араб (асри IX) [Матн] / А. Мухторов. – Истаравшан: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, 2005. – С.7.