Ҳаводиси охири Ховари Миёна ва масъалаи «Падидаи иҷтимоӣ будани дин”

Бовар нокарданист, ки дар ин рӯзҳои сахти пурмоҷарои ҷомеаи имрӯза касе ба ҳаводиси охири Ховари Миёна таваҷҷуҳ накарда бошад. Ҳар фарде ба сабабе аз сабабҳо – ба сабаби нороҳатӣ аз душвориҳои сиёсию иқтисодии мардуми ҳамфарҳанги худ, эҳтимол ба хотири шабоҳати эътиқодии динӣ, ҳадди ақалл ба хотири қонеъ гардонидани ҳисси кунҷковии худ ба он ҳаводис таваҷҷуҳе кардааст. Аммо, эҳтимол, кам шахсоне ёфт шаванд, ки ба таъсири ин ҳаводис ба масоили дину диндорӣ ва имону имондорӣ аҳамияте дода бошанд.
Суханро ба дарозо накашида, агар ба сари масъала биёем, мебинем, ки ҳаводиси мазкур пардаро аз болои розҳои нокушодаи зиёде бардоштааст. Ҷанбаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбии ҳаводисро ба канор монда, агар, ҳамчун диншинос ба масоили марбут ба дину диндорӣ таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки ҳаводиси зикршуда падидаи иҷтимоӣ будани динро равшан ва бо далоили муътамади раднашаванда ба маъраз мегузорад. Муҳтавои суханронии баъзе донишмандони маъруфи дин, нигоҳи қориҳои сатҳи ҷаҳонии Қуръон, махсусан муносибату мавқеъгирии иддае аз кишварҳои мусулмоннишин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дин кайҳо боз бозичаи сиёсат гардидааст. Сиёсатмадорон абзори хуби ҳалли масоили геосиёсӣ будани динро дарк намуда, онро ба ҳар тарзе хоҳанд, ба рақс медароранд.
Ҳамчунин, ҳангоме аз ҷониби донишманди маъруфи дин ё қории сатҳи ҷаҳонии Қуръон андешае садо медиҳад, ки он ба фармудаи Қуръон мухолиф аст, беихтиёр саволе пайдо мешавад, ки чунин ашхос, магар, хилофи Қуръон мавқеъ нагирифтаанд? Агар аз онҳо сабаби чунин нигоҳи пуртаноқуз ва мавқеи зиддидиниро пурсон шавед, онҳо ҳатман посухе меёбанд ва онро бо андеша ё назарияи динии дигаре асоснок мекунанд. Пас, меъёри қабули қарор дар ҳалли масоили динӣ на ҳамеша фармудаи Қуръону аҳодис аст, балки баъзан бевосита манофеи дунявии шахс ба сифати меъёр қабул мегардад. Агар чунин бардошт ё хулосае, ки зидди фармудаи Қуръону аҳодис аст, аз ҷониби ашхоси оддӣ пешниҳод гардад, он бардошту хулоса ширк, куфр, бидъат ва амсоли инҳо арзёбӣ мегардад. Вақте чунин бардошту хулоса аз ҷониби донишманди маъруфи дин ё шахсияти сиёсии муассир ва машҳур сурат мегирад, аксаран он чун ҳақиқат қабул мегардад. Дар чунин ҳолатҳо одатан мардуми ноогоҳ пайравии кӯр-кӯронаи худро ба чунин сиёсатмадорон ё донишмандони дин бо он асоснок мекунанд, ки донишманди мазкури дин олим асту ӯ аз дин хубтар огоҳӣ дорад.
Ҳамин тариқ, дар зеҳни мардуми аз муҳтавои таълимоти асили динӣ ноогоҳ тадриҷан андеша ва тасаввуроти динии нави дар заминаи тасаввуроти динии пешин шаклгирифта ташаккул меёбад ва бо ин усул барои пайдоиши шохачае аз дин поягузорӣ карда мешавад. Агар ба таърихи таҳаввули динии ҷомеаи башарӣ назар андозем, ба зоҳир расидани қонунияти мазкурро равшан дарк менамоем. Яъне, дар ҳар як марҳилаи таърихӣ бо дарназардошти талаботи ҷомеа, пеш аз ҳама, манофеи дунявии соҳибони дин шаклу сурати худро тағйир медодааст. Пас, ин тағйирдиҳандаи дин ҳеҷ як неруи фавқуттабиӣ набуда, балки худи соҳибони боломақоми дин тағйирдиҳанда ё мубаддили дин маҳсуб меёбад.
Тадриҷан ҳамин соҳибони боломақоми дин вобаста ба зарурат ва ниёзмандиҳои худ андеша ва тасаввуроти динии кӯҳанро ботил гардонида, андеша ва тасаввуроти нави диниро меофаранд ва чун аҳли ҷомеа сарчашмаи ҳаёти маишии онҳо маҳсуб меёбад, зеҳни динии аҳли ҷомаро дар зери назорат нигоҳ медоранд.
Қобили зикр аст, ки ҳолати мазкур, масоили дигари муҳими диншиносӣ – масоили имондорию худотарсии шахси имондор ва барои ӯ муқаддас будани объекти парастишро ба маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Воқеан ҳам, ҳангоме соҳибони боломақоми дин маҳз манофеи дунявии худро меъёри дурустии андеша ва тасаввуроти динӣ қарор медиҳад, мо, магар, метавонем дар бораи худотарсии онҳою муқаддас будани объекти парастиш барои онҳо сухан ронем? Албатта, не! Пас, вожаҳои зикршуда, чун имондорию худотарсӣ ва муқаддас будани объекти парастиш танҳо барои мардуми қаторӣ – объекти таъсири соҳиби боломақоми дин маъно доранд. Қобили зикр аст, ки соҳибони боломақоми дин вазифаи иҷтимоии худро низ маҳз дар шакл додани тасаввуроти динӣ дар зеҳни мардуми қаторӣ дида, тамоми меҳнату заҳмати худро ба самти мазкур равона мекунанд, зеро онҳо сарчашмаи воқеии зиндагии пурфараҳи онҳо маҳсуб меёбанд. Сирри талоши онҳо баҳри ҳифзи дин низ дар ҳамин нуктаи баёншуда ниҳон аст.
Хулоса, тафсиру шарҳҳои гуногунмуҳтавое, ки баъзан аз тарафи соҳибони боломақоми дин пешниҳод мегарданд, моҳиятан як динофарии навбатӣ маҳсуб ёфта, аз як тараф, зидди таълимоти Қуръон аз сураи “Анъом, ояти 115 (Ҳеҷ кас тағйиркунандаи суханҳои Ӯ нест)буда, аз тарафи дигар, барои падидаи иҷтимоӣ будани дин далели навбатӣ маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, агар хонандаи хушзавқ андешаи баёншударо қабул дорад, бояд дар хусуси пайравӣ кардан ё накардан ба чунин соҳибони боломақоми дин андеша намояд.
Муовини директори Маркази исломшиносӣ Абдухалилзода К.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх