Ҷавонӣ яке аз марҳилаҳои муҳимтарини ҳаёти инсон ба шумор меравад. Дар ин давра инсон соҳиби неру, фикри тоза, орзу ва имкониятҳои зиёд мегардад. Дар ҷомеа ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи миллат ва давлат шинохта мешаванд. Аз нигоҳи ислом ҷавонӣ танҳо замони хушгузаронӣ нест, балки айёми омӯзиш, худсозӣ, ва масъулият мебошад. Дини ислом ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дода, онҳоро ба донишомӯзӣ, ахлоқи нек, меҳнат, ватандӯстӣ ва хизмати ҷомеа даъват мекунад. Дар Қуръони карим ва ҳадисҳои паёмбари ислом бисёр масъалаҳое зикр шудаанд, ки ба тарбияи ҷавонон ва вазифаҳои онҳо вобаста мебошанд.
Дини ислом ҷавони солимфикр ва боахлоқро сарвати бузурги ҷомеа медонад. Дар таърихи ислом аксари ёрони паёмбар ҷавонон буданд. Онҳо дар паҳн кардани илм, ҳифзи адолат ва пешрафти ҷомеа нақши калон бозидаанд. Паёмбари ислом ҷавононро дӯст медошт ва ба онҳо боварӣ мекард. Ӯ ба ҷавонон вазифаҳои муҳим медод ва онҳоро ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб менамуд. Ин нишон медиҳад, ки дар ислом ҷавонон бояд фаъол, масъулиятшинос ва соҳибахлоқ бошанд.
Дар Қуръон ҷавононе, ки роҳи ростӣ ва некукориро интихоб карданд, бо эҳтиром ёд мешаванд. Масалан, қиссаи Асҳоби Каҳф (сураи Каҳф, ояти 13) намунаи сабр ва устуворӣ мебошад.
Дар ислом инсон баъди ба синни балоғат расидан барои амалҳои худ масъул мегардад. Ҷавон бояд илм омӯзад, некукорӣ кунад ва аз корҳои нодуруст дурӣ ҷӯяд.
Ҷавонӣ давраи эҳсосот ва хоҳишҳои зиёд аст. Аз ҳамин сабаб ислом ҷавононро ба поквиҷдонӣ ва дурӣ аз корҳои бад, ба монанди дурӯғ, дуздӣ, зино ва ғ., ки барои ояндаи ҷавонон хатари бузург доранд, даъват мекунад. Шахсе, ки худро аз корҳои нодуруст нигоҳ медорад, дар ҷомеа соҳиби эҳтиром мегардад.
Шариати ислом баъд аз ибодати Худо ба эҳтироми падару модар ҷойгоҳи баланд додааст. Ҷавонон бояд нисбат ба волидон меҳрубон, итоаткор ва ғамхор бошанд, зеро Қуръон таъкид мекунад, ки инсон бояд бо падару модар сухани нек гӯяд ва онҳоро наранҷонад. Дар сураи Исро, ояти 23 омадааст: “Ва Парвардигорат ҳукм кардааст, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Агар яке аз онҳо ё ҳар дуяшон назди ту ба пирӣ расанд, пас ҳатто “уф” ба онҳо магӯ ва бар онҳо фарёд мазан, балки бо онҳо сухани неку ва гиромӣ бигӯ”. Аз беҳтарин амалҳои инсон хизмат ба волидон дониста мешавад. Ҷавононе, ки волидони худро эҳтиром мекунанд, дар зиндагӣ баракат ва муваффақият меёбанд.
Албатта, ҷавонон ояндаи миллату давлат мебошанд. Пешрафти ҳар давлат ба дониш, ахлоқ ва фаъолияти ҷавонон вобаста аст. Ислом донишомӯзиро барои ҳар марду зан фарз мешуморад. Дар ҳадиси шариф омадааст: “Талаб кардани илм барои ҳар фарди мусулмон фарз аст (Сунани Ибни Моҷа, ҷилди 1, саҳ. 81)”. Ҷавонон вазифадоранд, ки илму дониш омӯзанд, зеро дониш инсонро аз ҷаҳолат наҷот медиҳад ва барои ободии ҷомеа раҳсипор месозад. Табибон, омӯзгорон, муҳандисон, олимон ва дигар касбу кори дар ҷомеа хизматкунанда маҳз аз байни ҷавонони донишманд ба воя мерасанд.
Ислом ҷавононро ба меҳнати ҳалол ташвиқ мекунад. Инсон бояд бо заҳмати худ зиндагӣ кунад ва барои ҷомеа фоидаовар бошад. Сухани паёмбари ислом аст, ки “Ҳеҷ кас таоме беҳтар аз он нахӯрдааст, ки аз меҳнати дасти худ ба даст оварда бошад… (Саҳеҳи Бухорӣ, китоби байъ (савдо), боби касб кардан бо дасти худ, ҳадиси рақами 1966)”. Танбалӣ ва бекорӣ дар ислом амали писандида нест. Ҷавони меҳнатдӯст метавонад ҳам оилаи худро таъмин намояд ва ҳам дар рушди кишвар саҳм гузорад.
Ҷавонон бояд барои дӯстӣ, сулҳ ва ваҳдати ҷомеа кӯшиш намоянд. Бадбинӣ, ифротгароӣ ва зӯроварӣ ба ҷомеа зарар мерасонад ва дини ислом низ ин кирдорҳоро қитъиян маҳкум менамояд. Инчунин, ислом ҷавононро ба таҳаммулпазирӣ, адолатпарварӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунад.
Дар ислом ахлоқи нек яке аз муҳимтарин хусусиятҳои инсон дониста мешавад. Ин аст, ки ҳам дар Қуръон ва ҳам дар ҳадисҳои паёмбари ислом ростгӯӣ, амонатдорӣ, хоксорӣ, эҳтироми дигарон, сабру таҳаммул, кӯмак ба ниёзмандон таъкид мегарданд. Зеро маҳз, ҷавонони дорандаи ингуна хусусиятҳо метавонанд дар оила, дар ҷомеа ва дар рушди давлат нақши муҳиму мусбат бозанд. Паёмбари ислом беҳтарин инсонҳоро соҳибони ахлоқи нек донистаанд. Дар ҳадисе омадааст: “Ҳар кори неке садақа аст (Мухтасари Саҳеҳи Бухорӣ, китоби 71, боби 14, саҳ. 571)” Ҷавоне, ки ахлоқи хуб дорад, ҳам дар назди Худо ва ҳам дар назди мардум азиз мегардад.
Имрӯзҳо ҷавонон бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешаванд, аз ҷумла, таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ, бекорӣ, нашъамандӣ, бегонапарастӣ, ки ҳамагӣ ба дур шудан аз ахлоқи нек сабаб мегардад. Барои ҳалли ин мушкилот ҷавонон бояд ба дониш, тарбияи дуруст, дӯстони хуб такя намоянд. Оила, мактаб ва ҷомеа низ вазифадоранд, ки дар ҳамбастагӣ ҷавононро дуруст тарбия кунанд ва ба омӯзиши илм фаро гиранд.
Айёми ҷавонӣ дар ислом давраи бисёр муҳим ва пурмасъулият дониста шудааст. Ислом ҷавононро ба донишомӯзӣ, меҳнати ҳалол, ахлоқи нек ва хизмат ба ҷомеа даъват мекунад.
Ҷавонони имрӯз бояд дарк намоянд, ки ояндаи миллат аз фаъолияти онҳо вобаста аст. Агар ҷавонон донишманд ва ватандӯст бошанд, албатта, ҷомеа пешрафт мекунад. Пас, ҳар ҷавон бояд кӯшиш кунад, ки шахси боахлоқ, донишманд ва масъулиятшинос бошад, то ҳам дар оила ва ҳам дар ҷомеа комёб гардад.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон фархунда бод!
Одинаева Ш. – сардори шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ