ҲИКМАТИ ЭЪТИҚОДИИ ҚУРБОНӢ КАРДАН

Гузаштаи дур ва таърихи куҳан аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ташаккули ойину суннатҳои гуногуни умуминсонӣ таъсиргузории арзишҳои асотирӣ решаи устуворе доштааст. Яке аз чунин падидаҳо ойини қурбонӣ кардан аст, ки аз оғози офариниш ва падид омадани рӯзгор дар рӯйи замин ҳамрадифи зиндагӣ ва кору пайкори инсонҳо будааст.
Ҳаҷ кардан ҳамчун як маросими динӣ дар шариати ислом қабул гардидааст. Дар заминаи таҷлили Иди Қурбон маносики ҳаҷ ва зиёрати хонаи Каъба дар шаҳри Макка танзим шудааст. Аммо анҷом додани фаризаи ҳаҷ ба шарте тавсия мешавад, ки саломатӣ, тавону қудратмандӣ ва имкониятҳои молии адо намудани чунин сафарро дошта бошад. Инчунин, шахс метавонад ба ҷойи анҷом додани маносики ҳаҷ дар макони зисти худ бо сохтану иншоотҳои ниёзи мардум, хусусан бунгоҳи тиббӣ, мактаб, боғчаи кудакона ва дастигии ятимону барҷомондагон амали хайр анҷом диҳад.
Ҳикмати Иди Қурбон дар доираи муқаррароти Иди Азҳо қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имкониятҳои молӣ воҷиб аст. Шахсоне, ки имконияти фарох надоранд ва дар пешбурди зиндагӣ мушкилоту тангдастӣ доранд, аз тариқи дуруду фотеҳа хондан ба рӯҳи гузаштагон, аёдати қабри наздикон ва риояи одобу ахлоқи ид иктифо мекунанд.
Зимни баргузории Иди Қурбон куштани чорвои қурбонӣ баъди адои намози ид ба шахсони доро ва тавоноӣ дошта савоб буда, ҳамчун хайру садақа расонидани он ба ниёзмандон аз анъанаҳои писандидаи ин ид аст. Дар ояти 36 сураи Ҳаҷ баён гардидааст, ки аз гӯшти чаҳорпои қурбонӣ “бихӯред ва ба дарвеши тангдаст ва бенаво бихӯронед”.
Ҳадисҳои Пайғамбар (с) ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ низ аҳкоми иҷро ва анҷом додани қурбонӣ карданро танзим намудааст. Ҳикмати маъмул аз забҳи чорвои қурбонӣ дар анъанаи исломӣ ва мардумии мо чунин аст: шахси қурбоникунанда баъди куштани чорвои қурбонӣ нахуст ҳаққи қассобро дода, ӯро розӣ мекунад ва бо ёрии ӯ гӯштро ба се ҳиссаи баробар тақсим мекунонад. Аз ин се ҳисса якеашро барои истеъмоли хонаводаи худ нигоҳ медорад ва дигарашро ба ниёзмандону бенавоён (фуқаро ва мискинон) тақсим карда медиҳад. Инчунин, рафтан ба аёдати беморон ва пиронсолону барҷомондагон, табрики волидайн ва хешони наздик, ба оромгоҳи гузаштагон ҳозир шудан ва дар сари қабрашон тиловати Қуръон кардан, изҳори ҳамдардӣ ба шахсони азодор ва кумаки холисонаи моддӣ расонидан ба ниёзман¬дон маъмул гардидааст, ки ҳамчун рафтори писандидаи идона пазируфта мешавад.
Риояи фарҳанги дастархонороӣ дар рӯзҳои ид аз нигоҳи созгор бо шариат ва одоби рӯзгордорӣ ҷузъи устувори фарҳанги миллӣ мебошад. Дастархондорӣ аз ду қисмат таркиб меёбад – яке, дастархони маънавӣ ва дигаре, дастархони моддӣ. Дастархони маънавӣ аз нигоҳи рӯҳонияти шаръӣ дуову дуруд, фотеҳахонӣ дар ҳаққи гузаштагон, тасаллият бахшидан ба шахси азодор ва дар назди хонаи ӯ тиловат кардани оятҳои қуръониро дар мадди аввал мегузорад. Дастархондории моддӣ дар ягон кишвари мусулмонннишин дида намешавад.
Тибқи далолати аҳодиси набавӣ ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ аслан доир ба оростани дастархони идона ҳеҷ дастуру таъкиди махсусе мавҷуд нест. Вале мардуми мо то ҳанӯз дар оростани дастархони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ ва зиён ворид намудан ба буҷети оилавӣ роҳ медиҳанд. Дар натиҷа ҷанбаҳои маънавӣ ва ахлоқию тарбиявии ин иди динӣ фаромӯш мешавад, фурӯтанию фармонбардорӣ ҳамчун хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарғиб намегардад, балки ҳама чиз дар атрофи тановул кардани хӯроки аз андоза зиёд, яъне арзишҳои истеъмолӣ фаҳмида мешавад. Доир ба масъалаи кулфат раво надидан барои худ ҷиҳати оростани ҳама гуна дастархон – ҳам идона ва ҳам меҳмонӣ дар ҳадисе Имом Абӯҳанифа аз тобеии машҳур Муҳориб ибни Дисор нақл мекунад, ки ӯ дар хонаи саҳобии киром Ҷобир ибни Абдуллоҳ меҳмон шуд. Ва Ҷобир болои дастархон нон ва сабзавоти туршишуда (хубз ва халл) гузошт ва узр пеш оварду гуфт: “Ҳамоно пайғамбари Худо (с) моро аз “такаллуфа”, яъне таҳаммули сарфу хароҷот ва машаққати аз тавоноӣ беш¬тар манъ карда буд”. Аз ин рӯ, ҳангоми пазироию омодагӣ ва густурдани дастархон ба хотири ид исрофкорӣ, худнамоӣ, манманию зоҳирпарастӣ нишон доданро ба фарҳанги куҳани миллати тоҷик ва омӯзаҳои имонию эътиқодии он вобаста кардан камоли беэҳтиромӣ ва носипосӣ аст. Солҳои охир дар кишвари мо хариди зиёди анвои хӯрданию нӯшиданию пӯшиданиҳо аз раставу бозорҳо ҳангоми фарорасии идҳои динӣ ба ҳукми анъана даромадааст, ки ин ҳама бо арзишҳои волои фарҳангию ахлоқии миллати мо ҳеҷ созгорие надоранд. Рафтори нодуруст дар хариди аз меъёр бештари маводи хӯрока омили гарон шудани нарх мегардад. Ҳеҷ тоҷиру соҳибкор ва фурӯшандаи қаторӣ набояд умедвор бошад, ки ба сабаби дар арафаи иди динию эътиқодӣ гарон фурӯхтани маҳсулоти худ манфиату даромад мебинад.
Дар Иди Қурбон дастгирии ятимону бепарастон ва муҳтоҷон амали хайру савод буда, аз ҷониби Худованд подоши бузурге дода хоҳад шуд.
Дар ин маврид Расули Худо (с) фармудаанд: «Саховат дарахте аст андар биҳишт, ҳар ки сахӣ бошад, даст андар шохи вай зада бошад, ҳаме барад вайро то биҳишт. Ва бухл дарахте аст андар дӯзах ва ҳар ки бахил бувад, даст андар шохи он зада дорад, ҳамебарад вайро то ба дӯзах». Ва гуфт: «Ду хулқ аст, ки Ҳаққ Таъоло онро дӯст дорад: саховат ва хӯи некӯ. Ва ду хулқ аст, ки Ҳаққ Таъоло онро душман дорад: бахилӣ ва хӯи бад». Ва гуфт: «Худой Таъоло ҳеҷ валӣ наофарид, илло сахӣ ва некӯхӯй». Ва гуфт: «Гуноҳи сахӣ фаро гузоранд, ки ҳар гоҳ, ки вайро асрате афтад, дастгири вай Ҳаққ Таъоло бошад»…..Ва гуфт: «Абдоли уммати ман андар биҳишт расиданд на ба намозу ба рӯза, валокин ба саховату покии дил аз ғишш ва насиҳату шафқат бар халқ».
Бо мақсади дастгирии ятимон бузургон фармудаанд:
Чун шавад гирён ятиме ногаҳон,
Арши Ҳақ дар ҷунбиш ояд он замон.
Ҳар ки хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.
Вақтҳои охир чандин бидъатҳои хурофотӣ ҳамрадифи идҳои динӣ гаштааст. Яке аз онҳо идгардаки кӯдакони хурдсол ва дар ба дари хонаи мардум беназорати падару модар гаштани онҳо аст. Вақтҳои охир мушоҳида мегардад, ки беназорат мондани кӯдакон сабаби ба ҳар гуна фалокатҳо гирифтор шудани онҳо мегардад. Аз руи маълумотҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон мушоҳида мегардад, ки аз беназоратии падару модарон зимни идгардаи кӯдакон ба садамаи нақлиётӣ ва ё ба об ғарқ шуданд. Албатта, харидани либоси нав ва ҳадя додани аҳли хонавода ба ҳамдигар рафтори мақбул аст.
Сулҳу салоҳ, амну субот барои инсон неъмати бузургест, ки бидуни он ҳаёти хешро бо тариқи саодатмандӣ ва самарабахш наметавон гузаронид. Бинобар ин, мо бояд ба қадри сулҳу салоҳ, тинҷиву оромии кишвари азизамон расем. Ҳар шаҳрванд бояд худаш масъулиятро ҳис кунад, зеро ҳаёти осоишта дар кишвар аз худи мо вобастагӣ дорад. Бо ақидаҳои бегонаи динӣ муборизаи беамон бурда, Ватани худро ҳимоя намудан, дар ҳолати зарурат дар ҳифзи марзу бум ҳарис будан бароямон мояи ифтихор аст.
Мутахассиси пешбари шуъба иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Ҳ. Шокиров

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх