Ҳодисаҳои солҳои охир дар минтақа собит намуданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ба бархӯрди манфиати абарққудратҳои ҷаҳонӣ вобаста аст. Ширкат варзидани шаҳрвандони аксари кишварҳои мантиқа дар ин задухӯрдҳои мусаллаҳона аз он шаҳодат аз он медиҳад, ки хусусияти умумимусулмонӣ касб кардани ин ҷангҳо имконияти интиқоли онҳоро ба минтақаҳои дигари мусулмоннишини ғайриараб зиёдтар мекунад. Профессори унверситети Коҳира Ҳасан Ҳанафӣ таъкид дорад, ки «дар вазъи кунунӣ гуфтан ғайриимкон аст, ки «ояндаи кишварҳои мо фундаментализм аст ё либерализм”. Низоми демократӣ барои рушди ниҳодҳои ҷомеа шароити мусоид фароҳам овардааст, вале дар амал ин имкониятро гурӯҳҳои ифротгаро бо таблиғи идеяи фаромиллӣ будани ислом хеле моҳирона истифода мебаранд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар стратегияи бунёдгароён саволи «ояндаи кишварҳо чӣ гуна хоҳад буд», беҷавоб мемонад. Аз ин чунин бармеояд, ки нақшаи фаъолияти ояндаи сиёсии онҳоро дигарон тарҳрезӣ мекунанд ва инҳо ҳамчун як элементи ин низом онҳоро амалӣ мекунанд. Намунаи амалии ин стратегия дар зери шиори «мубориза бо комунизм» ташкил кардани ҳизбу ҳаракатҳои динӣ дар кишварҳои Африқои Шимолӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ ва ё шиори «дифои хоки мусулмонон аз кофирон» дар Афғонистон ва боз чандин ҳодисаҳои дигарро метавон инҷо баён кард.
Аксари сиёсатмадорони кишварҳои араб бар ин ақидаанд, ки «бунёдгароии исломӣ идеологияи коммунистиро иваз кард ва як қувваи асосӣ дар муқобили Fарб дар Шарқ» ташаккул ёфта истодааст. Инчунин баъзе муҳаққиқони ғарбӣ ва араб кишвари Эронро барои интишори бунёдгароӣ айбор медонанд. Аммо низоми динии эронӣ маънои инкор ё ҷанг бо дастовардҳои муосири илму техника, рушди давлат надорад ва ҳадафи асосӣ ин пешгирӣ намудани таҷовузи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсии ғарб алайҳи мардуми Эрон аст. Наметавон тафаккури асри миёнагии аморати Толибонро бо дигар низомҳои динӣ муқоиса кард. Аммо принсипи асосӣ дар низоми Эрон ин низоми сотсиализм бо идеяи барҳам задани моликияти хусусӣ ва каптализм барои татбиқи сиёсати мустамликадорӣ дар давлатдории Эрон мавриди қабул нестанд.[1:22-26]
Аввал, миёни ислом ҳамчун дин ва исломикунонии ниҳодҳои иҷтимоӣ ҳамчун раванди сиёсӣ фарқ гузошт. Дар адабиёти муосири ғарбӣ ин раванд бо номи исломгароӣ (исламизм) зикр мешавад. Зеро ислом на ҳамчун дин бо арзишҳои худкифои ахлоқӣ- маънавӣ вориди ин раванд мегардад, балки ифротикунонии тафаккури динӣ дар кишварҳои мусулмонӣ омили низоӣ дохилӣ шуда, ин кишварҳоро ба сиёсати байналмилалӣ ва муборизаҳои геополитикӣ мепайвандад. Бинобар ин, дар давраи начандон тӯлонӣ ин гурӯҳҳои бунёдгаро хоҷагони зиёд пайдо карда, дастпарварони зиёде тарбия карданд, ки ҳодисаҳои кишварҳои Миср, Сурия, Афғонистон, Судон, Қафқоз ва ғайра онро собит кард.
Муаммо дар чист? То ҳол ягон назарияи дақиқи таъмини ҳамзистии арзишҳои миллӣ ва динӣ, ки мушкилоти ҷаҳони исломро аз байн барад, аз ҷониби роҳбарони ин гурӯҳҳои бунёдгарои динӣ коркард нашудааст. Қисме аз уламои дин ба мисли Ибни Таймия, Абдулваҳҳоб, Мавдудӣ шиори «бозгашт исломи ибтидои»-ро тарғиб карда, бо зикри аз оятҳои Қуръон; 39-3, 72-18, 7-30, 17-57 онро асоснок мекунанд ва барои расидан ба ҳадафҳояшон онҳоро болои ҷомеа таҳмил мекунанд. Ислоҳотхоҳони исломӣ ба монанди Саид Қутб, Ҳасани Бано, Афғонӣ бошанд бо шиори «ба пеш бо Қуръон» ба майдони бозиҳои сиёсӣ даромаданд. Идеяи ислоҳотхоҳони ҷадиди исломӣ, бунёди як хилофати исломӣ дар асоси инкори мансубиятҳои миллӣ-этникӣ, ҷуғрофӣ, сиёсӣ, ва айняти сиёсату дин буд. Мутаассифона, ба назар нагирифтани воқеияти ҳаёти мусулмонони минтақа, хусусияти давлатдории кишварҳои мусулмоннишин, мавҷудияти таърихии миллатҳо, низоми сиёсии ҷаҳони муосир ин консепсияҳо натанҳо сабаби низоъи динӣ- мазҳабӣ гардиданд, балки барои рушди давлатдории миллӣ мушкилоти нав эҷод карданд.
Дар таҷрибаи таърихии мусулмонон ба сари қудрат омадани гурӯҳҳое, ки худро сирф исломӣ муаррифӣ мекарданд, зиёд буданд. Аммо баъди ба сари қудрат расидан, фаъолияти онҳо аз пешиниҳо, ки худашон онҳоро барои истибдоди мусулмонон сарнагун карда буданд, бадтар мешуд. Аз даврони давлатдории Уммавиён то Шайбонихони манғит, (ба ҷуз аз давлати Дайламиҳо ва Сомониён) ҳар як гурӯҳи аҷнабие, ки ба сари қудрат мерасид, ҳатман пешинаро мушрику бидъаткор ва кофир эълон карда, даъвои аз олудагиҳо пок кардани исломро мекарданд. Танҳо дар даврони давлатдории Дайламиҳо ва Сомониён ба рушди илм ва фарҳанги исломӣ, таъмини ҳамзистии арзишҳои миллӣ ва динӣ дар сатҳи давлатдорӣ диққат дода шуда буд. Он мероси пурғановати илмие, ки тоҷикон ва халқҳои дигар ба ҷаҳониён доданд, маҳз ба ҳамин давраҳои давлатдорӣ рост меояд.
Баъзе коршиносон бар ин ақидаанд, ки бунёдгароӣ падидаи иҷтимоӣ буда, таърихи бештар аз садсола надорад ва падидаи муваққатӣ аст. Ин ҳаракат дар таъарруз ба таҳаввулоти модернӣ ва афкори муосир буда, аз дохили ҷунбишҳои ислоҳталабонаи исломӣ дар муқобили ғарбгароӣ бархост.[2:8] Чунон, ки роҳбари исломгароёни Тунис Рошид Ғануш мегӯяд: «Оё мусулмонон метавонанд дар як низоми секулории демократӣ мушорикат кунанд, ҳангоме ки аз таъсиси як низоми исломӣ оҷизанд? Не! Чаро ки вазифаи ҳар як мусулмон чӣ фарду, чӣ ҷомеа дар таъсиси низоми сиёсии исломӣ худро бояд мабзул донад. Низоми демократияи ғарбӣ ба мисли як санг дар пеши по аст, ки барои ҳаракат ба пеш монеа мебошад ва «пешрафти демократия дар Ховари Миёна бидуни пазириши абъоди исломӣ муддати зиёд идома нахоҳад дошт». [3:176]
Аммо дар ин масъала, Анвар Иброҳим (вазири молияи Малайзия) чунин назар дорад: «Мо одат кардаем, ки ҳама вақт Fарб ва низоми мустамликадории асрҳои пешинро айбдор кунем, вале ҳамдигарро қатлу куштор кардани мусулмононро намебинем. Мо танҳо бо шиорҳо ва даъватҳои баланд аз номи ислом бозӣ дорем, вале мусулмонон наметавонанд ҳамдигарро оромона гӯш кунанд ва барои ҳалли проблемаҳои ҷомеа ягон амали дуруст анҷом диҳанд».[4:40-41]
Дар натиҷаи сайри мухтасар дар таърих ва шиносоӣ бо ҳадафҳои онҳо метавон гуфт, ки бунёдгароён гурӯҳҳое мебошанд, ки дар ҷомеаи суннатӣ ҳам бо мусулмонон ва уламои дин ва ҳам бо равшанфикрони дунявӣ дар ситезанд. Ҳар як гурӯҳҳои идеологӣ-динӣ, аз дохили гурӯҳҳои дигари пешин ҷудо шуда, худро берун аз он низоми шаклгирифтаи динӣ муаррифӣ мекунанд. Аз ҷумла, инкор кардани мазҳабу мактабҳои фиқҳӣ аз нигоҳи дин асоснок шуда, таълимоти худро ҷаҳонбинии исломӣ маҳсуб медонанд. Аммо дин чунон таҳриф шудааст, ки мусулмонон онро пазируфта наметавонанд ва намунаи он андешаҳои динии гурӯҳҳои такфирӣ мебошад.
Аксарияти гурӯҳҳои ифротгаро ҳам аз миёни ҷомеаи мусулмонон бархостаанд ва кӯшиш мекунанд, ки аз мавҷудияти худ дар ҷомеа дарак диҳанд. Бинобар ин, дар амалҳои иҷтимоӣ, тарзи либоспӯшӣ ва намуди зоҳирӣ, муносибат бо дигарон онҳо кӯшиш доранд, ки аз руҳонияти суннатӣ тафовут дошта бошанд. Ин гурӯҳҳо ба ин ақидаанд, ки ақибмондагии мусулмонон ин истибдоди дохилӣ, хориҷӣ ва тамаддуни фурӯрехтаи мусулмонон дар замони модерн аст [5:11] ва барои ҳамин ҳама гуна навовариро аз нигоҳи ислом ҳукм мекунанд, ҳарчанд баъзе масъалаҳо сирф иҷтимоӣ ё фарҳангӣ буда, ягон робита бо дин надоранд. Аз нигоҳи онҳо тағйир додани ҳама гуна низоми сиёсӣ бо роҳи зӯроварӣ машрӯияти динӣ дорад, ҳатто золимтарини онҳо аз рӯи амалашон дар андешаи бунёдгароён соҳиби мақом мебошанд.
Муносибати носолими низомҳои сиёсӣ бо ҳамдигар дар таърих вуҷуд дошт ва аз нигоҳи дин асоснок кардани давлатдорӣ як падидаи муқаррарӣ буд. Дар асоси ин таҷриба як низоми сиёсӣ метавонист давлатдории дигарро «номашрӯъ» эълон кунад, то заминаи хоси муборизаҳои диниро фароҳам оварад. Ҳамин муборизаи низомҳои гуногун дар кишварҳои мусулмонӣ сабаб шуд, ки чунин гурӯҳҳоро бо мақсади хифзи манфитаҳояшон таъсис диҳанд.
Вазъи кунунии кишварҳои мусулмоннишин собит намуд, ки ихтилофоти мазҳабию ақидавӣ хусусияти сиёсӣ-идеологӣ касб карда, ояндаи минтақаро нигароникунанда кардааст. Дар ин замина, муносибат бо фарҳанги миллӣ ва динӣ дар кишварҳои ғайриараб проблемаи навбатӣ гардидааст. Вобаста ба ҳалли масъала назарияҳои мухталиф дар дохили ҷомеаи мусулмонон коркард шуданд, вале дар таҷрибаи амалӣ ягон натиҷаи дуруст ба даст наомадааст. Масалан, мақоми инсон дар таълимоти мактабҳои гуногуни исломӣ мутафовит буда, яке аз дигараш куллан фарқ дорад. Дар фаҳмиши бунёдгароён ҳар гуна асолат ба инсонро навъи ихтилоф ба иродаи Худо шумурда, таваҷҷӯҳ ба онро куфр ва ширк меҳисобанд. Роҳбари идеологии «Ихвонулмуслимин» Саид Қутб мегӯяд: «-ҷомеаи ҷоҳилият ҳамон ҷомеае аст, ки убудияти он нисбат ба Худо холисона набошад, таҷассуми ин убудият дар ангораи эътиқодӣ ва шаоири ибодӣ ва муқаррароти қонунӣ аст». Бо татбиқи ин назар ҳама гуна ҳокимияти сиёсӣ дар кишварҳои мусулмонӣ зери ҳукми ҷоҳилият қарор мегиранд. Таъбироти «дору-л-ислом» ва «дору-л-ҳарб» дар ҳамин росто маъно пайдо карданд. Танҳо «дору-л-ислом» аст, ки дар он хилофати исломӣ бар пояи шариати Худо бунёд шудааст ва ҳудуди Худо риоя мешавад ва мусулмонон дӯстанд. Дигар ҳамаи манотиқи олам «дору-л-ҳарб» аст ва вазифаи мусулмонони ҳақиқӣ бо он ҷанг аст. Маънои сулҳ таъмин кардани оромӣ дар як ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ набуда, балки бунёди хилофати исломӣ аст, ки дар доираи ин низом сулҳи мусулмонон таъмин карда мешавад, вагарна берун аз он ҳама гуна сулҳ мавриди қабул нахоҳад буд.[6:76] Чунин андеша мусулмононро муваззаф мекунад, ки бо ҳама гуна низомҳои ғайридинӣ мубориза баранд. [7:]
Ҳарчанд дини ислом дар тӯли таърихи беш аз ҳазорсола аз насл ба насл гузашта, як низоми муайян касб карда бошад ҳам, бунёдгароён ин низоми ҳазорсоларо инкор карда, баръакс рӯҳониятро ба заифӣ ва кутоҳандешӣ нисбат ба адои вазифаҳои динӣ, сукут варзидан алайҳи ҳаводиси сиёсӣ, кӯшиши зиёд дар тарғиби илмҳои гуногун ва таҳаммулпазирӣ нисбати ақидаи динии мардум муттаҳам мекунанд. Онҳо бениёзии динро аз аҳодиси таърихӣ ва ҳамагуна илмҳои муосир, ба мисли мантиқ, фалсафа, калом, нуҷум ва фарҳанги исломӣ талқин мекунанд ва рушди ин илмҳоро ҷоҳилият мехонанд. Бозгашт ба асл, яъне бунёди давлати шабеҳи даврони хилофат дар минтақа бо ҳамин далелҳо асоси динӣ пайдо мекунад.
Бунёдгароёни исломӣ динро вориди тамоми абъоди ҳаёти мусулмонон медонанд ва ба андешаи Ҳасан Бано «динро шомили ҳамаи абъоди зиндагии иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳунарӣ» бояд донист. Вале бунёдгароёни динӣ тасаввури саҳеҳ дар бораи динро танҳо тасаввури худашон дониста, ягон назарӣ дигарро қабул надоранд. Масалан, Шаҳид Садр «ташкил намудани аҳзоби исломиро дар айни замон воҷиб медонад. Ӯ аҳзоби исломиро «Аҳзобу-л-Лоҳ, Ансору-л-Лоҳ ва ансору-л-ислом тавсиф мекунад». Бинобар ин, аҳзоби исломӣ бо ин асос аз аҳзоби дигар фарқ доранд ва ҳамаи мусулмонон худро мутеъи Худо ва татбиқкунандаи рисолати ислом дониста, фаъолияташон дар меҳвари аҳкоми шаръӣ ва масоили динӣ давр мезанад». Яъне идеяи «ҳар кас аъзои аҳзоби сиёсии мо нест, муқобил бо дин аст», дар андешаи онҳо машрӯияти динӣ мегирад. [8]
Бунёдгароии исломӣ аз насронӣ аз он фарқ дорад, ки онҳо на танҳо барои наҷоти рӯҳу имони худ, балки барои тағйир додани низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа мубориза бурда, ҳадафи асосии худро дар зери сиёсати дин қарор додани низоми давлатдорӣ медонанд. [9:112-117]
Ба андешаи баъзе мубаллиғони тундагаро бунёдгароӣ дар пайвастагӣ бо исломи сиёсӣ як нерӯи нав барои тағйироти мусбат дар кишварҳои мусулмонӣ маҳсуб меёбад ва бо шиори «ислом роҳи ҳал аст» тазйин шудааст. Ин дидгоҳ исломро фарохтар аз дин ва ибодат дониста, онро муқобили миллат ва давлат равона мекунад. Онҳо инсонмадориро тафаккури ғарб маҳсуб дониста, онро бегона ба фарҳанги мусулмонон медонанд ва иддао доранд, ки «ҳукумат набояд дар дасти мардум бошад, балки аз они Худованд аст». [10]
Ислом ҳамчун динӣ ҷаҳонӣ ё тамаддуни ҷаҳонӣ дорои арзишҳои зиёди умумибашарист ва ҳавзаи он дорои фарҳангу тамаддунҳои миллии гуногун аст. Исломи африқоӣ аз исломи ҳиндуӣ ва ё исломи арабӣ аз форсӣ фарқ доранд. Вале омилҳои фарқкунандаи фарҳангӣ ҳеҷ вақт барои ислом бегона набуданд ва бараъкс ин гуногунрангӣ ба ислом ғановат бахшид. Ҳамин муносибатҳои байни фарҳангҳо асоси пайдоиш ва ташаккули тамаддуни исломӣ шуданд. Вале нодида гирифтани нақши фарҳанги миллатҳои гуногун дар дохили ислом чунон ки имрӯз бунёдгароёни исломӣ (ваҳҳобия) онро пешаи кор кардаанд, мушкилоти асосии ҷаҳони ислом шудааст ва раванди эҳёи фарҳанги миллии кишварҳои минтақа боиси бархӯрд миёни гурӯҳҳои таассубгаро ва мӯътадил гардидаааст. [11:53] Ин омил сабаби дахолати қудратҳои ҷаҳонӣ дар тезутунд кардани вазъи сиёсии Ховари Миёна шудааст, зеро кишварҳои Fарб оромиро хатар ба иқтисодиёти худ медонанд ва дар танзими муносибатҳои байни мусулмонон бо назардошти манфиатҳои худ ворид мешаванд. Азбаски бунёдгароён аз номи ислом ҳарф мезананд ва иддаои намояндагӣ аз тамаддуни исломиро доранд, ин мушкилоти мусулмонони тамоми ҷаҳон гардидааст. [12] Ҷаҳони Fарб бошад гурӯҳҳои тундгароро дастгирӣ мекунад ва ба тамоми ҷаҳон нишон медиҳад, ки ислом танҳо хусусияти ҷангҷӯёнаву ифротгароӣ дорад. Дар зери ин шиор Fарб пешрафти фарҳангу тамаддуни исломиро монеъ мешавад ва тақдири ояндаи мусулмонони мӯътадил ва таҳаммулпазирро ба дасти ҳамин гурӯҳҳои ифротгарои динӣ доданист. Натиҷаи ин идеяҳои геосиёсӣ табадуллоту инқилобҳои рангае, ки бо дасти ҳамин гурӯҳҳои динӣ дар кишварҳои мусулмонӣ рӯи кор омаданд. Аммо, мубориза бо ҳаракатҳои бунёдгаро ва террористӣ бояд маънои мубориза бо исломро надошта бошад. Зеро бунёдгароии динӣ имрӯз ҳамчун идеологияи сиёсии зидди низоми дунявият ва давлатдории миллӣ равона шудааст ва ғояҳои дигар дар зери ҳамин масъалаи меҳварӣ печ мехӯранд. [13: 87] Аксари давлатҳои шарқи мусулмонӣ бо равандҳои ифротгароии динӣ дар дохили кишварҳояшон мубориза мебаранд. Аммо абарқудратҳои ҷаҳонӣ, баръакс, ҳамин гурӯҳҳоро вориди муноқишаҳои сиёсӣ карда, бо ин роҳ ҳадафҳои иттифоқчиёни сиёсиро дар минтақа дастгирӣ мекунанд ва ҳукумати расмиро дар ин кишварҳо муттаҳам мекунанд
Бинобар ин мусулмононро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо намояндагони фарҳангу тамаддунҳои дигар паҳншавии ҳама гуна омилҳои ифротгароиро пешгирӣ намоянд. Мусулмонон бояд роҳ надиҳанд, ки на кишварҳои Fарб, на ифротгароёни мутаассиб, онҳоро ҳамчун василаи расидан ба ғаразҳои сиёсӣ, иқтисодии худ истифода баранд, балки бештар аз ин, онҳоро ҳамчун намояндагони як тамаддуни ҷаҳонӣ эътироф кунанд ва мусулмонон низ дар бархӯрд бо тамаддунҳои дигар аз мавқеи таҳамммулпазирӣ рафтор намоянд.
Маҳрамбеков Маҳрамбек – котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯйхати адабиёт
1.Имам Хумайни « Религиозное и политические завещание». М. 1999. С. 22 -26.
2.Степанова Е.А. Научный ежегодник Института философии и права Уральского отделения Российской академии наук. ISSN 1818-0566. 2008. Вып. 8
3.Тахери А. «Священный террор: Ближний и Средний Восток: зарево исламского фундаментализма», Прогресс, 1988.
4.Максуд Р. Ислам. М.: Изд-во «Торговый дом Гранд», 2000. – С. 40-41.
5.Кудряшова И.В. Фундаментализм в пространстве современного мира. Полис, 2002. № 1.
6.Кутб С. Ценности исламского представления. – Баку, 1997; Эта религия. – М: Издателство «Бадр», 1997. С.177
7.Аль-Маудуди. Образ жизни в исламе. – М.: «Сантлада», 1993.
8.Аль-Умар. Религия истины – Ислам. – М.: 1997 .
9. Ислам: проблемы идеологии, политики, экономики. Сборник статей. – М.: Наука, 1985.
10. Музаффар Ч. Ислам в истории народов Востока. Малайзия 1991. С. 31-319
11.Ионова И.А. Современный ислам. Человек и общество. М. Знание 1991.
12.Аҳтишомӣ А. Бунёдгароии исломӣ ва исломи сиёсӣ, Бошгоҳи андеша, Теҳрон 1382.
13.Ральф П. Исламизация европы, Верджиния 2007