Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва оинҳои миллӣ”

Имрӯз 9-уми июни соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва ойинҳои миллӣ» бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, созмонҳои динӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Конференсия бо суханони ифтитоҳии мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода ва Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон Пирхон оғоз ёфт.
Дар ҷараёни ҳамоиш директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Холиқзода Абдураҳим Ғафор дар мавзуи : “ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ХУДОГОҲӢ ДАР НИЗОМИ КАФОЛАТҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ” баромад намуд.
Профессор, Холиқзода Абдураҳим Ғафор дар шакли рӯнамоӣ оид ба Истиқлоли давлатӣ ва кафолатҳои ҳуқуқии он,
​худшиносии миллӣ — мафҳум ва унсурҳои таркибии он,
​худогоҳии миллӣ ва сиёсӣ — меросбарии арзишҳо, ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — МАФҲУМ ВА КАФОЛАТҲОИ ҲУҚУҚӢ
​Кафолатҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии хосияти моддӣ, ташкилӣ ва расмӣ
​ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — ин рӯнамои расмию ҳуқуқии ваҳдати миллати соҳибдавлат дар шакли соҳибихтиёрии миллӣ, халқӣ ва давлатӣ аст, ки боэътимодии дохилӣ ва хориҷӣ дорад.
​А. Ҳастии миллати сиёсӣ ва таҳҷоӣ — пояи иҷтимоии давлат
​Б. Эъломияи истиқлолият — санади ибтидоии давлатсозӣ
​В. Конститутсия — меъёри олии ҳуқуқии сохтор ва мазмунмуайянкунанда
​Г. Асосҳои сохтори конститутсионӣ — заминаи ташкилии давлат
​Д. Соҳибихтиёрии миллӣ, халқӣ ва давлатӣ — ҳамоиши се умумияти қудрати миллат
​ОМИЛҲОИ МАЪНАВӢ-ҲУҚУҚӢ ва АНЪАНАВӢ
​А. Маданияти ҳуқуқӣ: Сатҳи арзишҳои ҳуқуқии ҷомеа ва маҳорати амал аз рӯи ҳуқуқ.
​Б. Маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ: Огоҳӣ аз ҳуқуқу вазифаҳо ва ҷараёнҳои сиёсии давлат.
​В. Шуури ҳуқуқӣ ва сиёсӣ: Эҳсос ва дараҷаи арзишҳои ҳуқуқӣ дар зеҳни шаҳрвандон.
​Г. Идеологияи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ: Маҷмӯи ғояҳои системавӣ дар бораи ҳуқуқ ва давлат шарҳу тавзеҳ дод.
Дар идомаи ҳамоиш дигар олимону коршиносон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ доир ба масъалаҳои муҳими рушди давлатдории миллӣ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлол, таъмини озодиҳои эътиқодӣ, такмили қонунгузории миллӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ, аҳаммияти иҷтимоиву иқтисодии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин нақши воситаҳои ахбори омма дар тарғиби фарҳанги сарфаю сариштакорӣ суханронӣ карданд.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки натиҷаҳои конференсия барои таҳкими заминаҳои илмӣ ва амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва густариши ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва давлатӣ саҳми арзанда мегузорад.
Маврид ба тазаккур аст,ки ҳадафи асосии ҳамоиш баррасии дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол дар самти таъмини озодии виҷдон ва эътиқод, рушди қонунгузории миллӣ, ҳифзу эҳёи арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, танзими ҷашну маросим, таҳкими ваҳдати миллӣ ва нақши сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҷомеаи муосир мебошад.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх