Дар Рӯзи ваҳдат ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сари як масъала амиқ андеша кунад: ваҳдат ва истиқлолият ду мафҳуми ҷудонопазиранд. Аниқтараш, сарчашмаи истиқлолият ваҳдат аст. Мо бояд истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллиро баробар қадр кунем. Онҳоро чун муқаддасоти олӣ ҳифз намоем.
Эмомалӣ Раҳмон
Имсол бо фаро расидани 27-уми июн мардуми шарифи Тоҷикистон 29-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро, ки бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо гардидааст, таҷлил менамоянд.
Роҳи сулҳ чандон ҳамвору бемонеа набуд. Дар раванди музокирот дурандешии сиёсӣ ва танҳо ба хотири оромии ҷомеа гузашт кардан яке аз принсипҳои асосии Сарвари давлат буд.
Баъди бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ, ки қариб чор сол дар шаҳрҳои Москваю Кобул, Теҳрону Алмаато, Бишкеку Ашқобод ва дигар маҳаллу мавзеъҳо гузаронида шуданд, оқибати даври ниҳоиро дар шаҳри Москва доир карда, ба санади тақдирсоз имзо гузоштанд.
Ба қавли Пешвои муаззами миллат сулҳ барои мардуми мо баробари истиқлолият муқаддас ва бебаҳост. Чунки бо имзои Созишномаи сулҳ ҷанги даҳшатбори дохилӣ хотима ёфт. Сарвари давлат бо имзои санади сулҳ пеш аз ҳама давлат ва миллатро наҷот дод.
Боиси ифтихор аст, ки сулҳу суботи тоҷикон боиси дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими нуфузи мавқеи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.
Таҷрибаи сулҳи тоҷиконро институтҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ, омӯзиш ва истифода қарор доданд.
Таҳти роҳбарии хирадмандонаву дурнамои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати сулҳу оромиву суботи сиёсӣ миллати тоҷик ба марҳалаи созандагию ободонии Ватан расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9 марти соли 2024) чунин қайд карда буданд: «Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани миллии мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст».
Такя ба муроҷиату таъкидҳои Пешвои миллат ҳар як фарди тоҷикро месазад истиқлолу озодӣ ва ваҳдату сарҷамъии имрӯзаи онро ҳамчун неъмат ҳифз намуда, барои дар чунин фазои ободи озодӣ зиндагӣ кардан ифтихор дошта бошад.
Ҳамзамон, ҳар яки мо бояд шукронаи ваҳдати миллӣ, оромиву осоиштагӣ кунем ва ба қадру қимати Ватан ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат расем.
Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак.
О.Вализода,
сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву
маросим ва диншиносии муқоисавии
Маркази исломшиносӣ