Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа» баргузор гардид.
Дар кори Конференсия директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайазам Қодирзода, Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Аҳтамзода Абдуалим, Ректори ДИТ ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа, Зоир Чурахон, сарходими Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктор илмҳои ҳуқуқ, профессор,
Мирзоев Ғафор, сарходими илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, Ҳомидов Абдуҷамол, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Маҳрамбеков Маҳрамбек, котиби илмии Маркази исломшиносӣ, Давлатзода Фаридҷон Мирзоалӣ, Прокурори раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 2, Қурбонов Давлатбек, саромӯзгори кафедари сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ ба номи Носири Хусрав ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, коршиносон, олимон, муҳаққиқон ва ходимони соҳаи дин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода дар масъалаи «Ислом дин ва давлат сиёсат аст: хатари сиёсисозии дин ба давлати дунявӣ» суханронӣ карда, иброз доштанд, ки сиёсати Пешвои миллат дар муносибат ба дин ва эътиқод дар партави консепсияи давлати дунявию демократии ҳуқуқбунёд комилан мувофиқи роҳу равиши мазҳаби аҷдодии ҳанафия, ақидаи мотуридия ва андешаи солими бузургони гузаштаи миллат мувофиқ ба орзую омол ва бовару имони мардуми Тоҷикистон дар паҳнои давлати миллии Тоҷикистон таҳия ва амалӣ шуда истодааст.
Дар ҷараёни конференсия маърӯзаҳои илмӣ оид ба паҳлуҳои гуногуни пешгирии сиёсисозии дин, масълаҳои сиёсисозии ислом: моҳият, мазмуни он дар масири таърих ва ҷаҳони муосир, асосҳои назариявию амалии носозгории ислом ва сиёсат, исломи сиёсӣ ҳамчун шакли зуҳури исломи ифротӣ, хатари сиёсисозии ислом ба амнияти фарҳангӣ, сиёсисозии ислом ҳамчун абзори ҳалли масоили геосиёсӣ ва оқибатҳои ногувори он, хатари сиёсикунонии ислом ба он ҳамчун дин, омилҳои сиёсисозии мазҳаби ҳанафӣ ва хатари он ба Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба мавзуи зикршуда мавриди таҳлилу баррасии коршиносон қарор гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ