Натиҷагирӣ аз фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию таблиғоти Маркази исломшиносӣ дар нимсолаи аввали соли 2026

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию таблиғотӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор, сармутахассиси шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додарзода Илҳом ва ҳайати кормандони Марказ иштирок намуданд.
Директори Маркази исломшиносӣ муҳтарам Холиқзода Абдураҳим ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид доштанд, ки тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 24 /10 – 66 аз 02.07.2026 ва Нақшаи кории Марказ имрӯз ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию таблиғотӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор мегардад.
Ӯ ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуда, пешниҳод намуд, ки тибқи рӯзнома котиби илмии Марказ Марамбеков Марамбек аз натиҷаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию таблиғотӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 ҳисобот пешниҳод намояд.
Котиби илмии Марказ Марамбеков Марамбек аз натиҷаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию таблиғотӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 ба таври муфассал гузориш пешниҳод намуд.
Инчунин, гузориш дар бораи иҷрои Барномаҳои илмӣ – тадқиоқтии Марказ шунида шуд.
Сипас, оид ба ҳисоботи пешниҳодгардида саволу ҷавобҳо ва мулоҳизарониҳо сурат гирифт.
Дар идомаи маҷлис сармутахассиси шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додарзода Илҳом кормандони Марказро бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, фикру мулоҳизаҳои хешро дар бораи фаъолияти нимсолаи аввали Марказ иброз намуд.
Ҳамчунин, ҷиҳати тақвияти фаъолияти оинномавии Марказ дар самтҳои алоҳида тавсия ва машваратҳои судманд дода шуд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх