Сулҳ яке аз арзишмандтарин ормонҳои инсонӣ аст, ки инсоният аз замонҳои қадим барои ноил шудан ба он талош кардааст. Сулҳ на танҳо маънои набудани ҷанг ва низоъро дорад, балки мафҳуми васеътаре дорад, ки амният, адолат, эҳтироми мутақобила, озодӣ, ҳамкорӣ ва ҳамзистии осоиштаро байни афрод ва миллатҳо дар бар мегирад. Ҳар ҷомеае, ки аз неъмати сулҳ баҳра мебарад, метавонад дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ пешрафт кунад ва барои шаҳрвандони худ зиндагии беҳтареро фароҳам оварад.
Дар ҷаҳони имрӯза, сарфи назар аз пешрафтҳои илмӣ ва технологӣ, бисёре аз кишварҳо то ҳол бо ҷанг, зӯроварӣ ва ноамнӣ рӯбарӯ ҳастанд. Ин вазъият аҳаммияти сулҳро беш аз ҳарвақта нишон медиҳад. Таъсис ва нигоҳдории сулҳ ҳамкории давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъоли мардумро талаб мекунад.
Сулҳ дар асл маънои оштӣ, оромӣ, амният ва набудани ҷангро дорад. Аммо, аз нигоҳи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, сулҳ вазъиятест, ки дар он ихтилофот тавассути муколама, фаҳмиш ва эҳтироми мутақобила ҳал карда мешаванд, на тавассути зӯроварӣ ва ҷанг.
Сулҳ дар пешрафти ҷомеаҳо нақши хеле муҳим дорад. Бе сулҳ, рушди иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ ва некӯаҳволии иҷтимоӣ бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ мешаванд. Дар муҳити ором, кӯдакон метавонанд бехатар ба мактаб раванд, ҷавонон метавонанд имкониятҳои таҳсил ва кор пайдо кунанд ва оилаҳо метавонанд зиндагии ором ва шоиста дошта бошанд.
Ин хусусиятҳои муҳимми сулҳ аст, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои пойдории сулҳ, осоиштагӣ, тинҷӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ кӯшиш мекунанд ва ба натиҷаҳои олӣ низ комёб гардидаанд. Бо дарки масъулияти инсондӯстии худ Пешвои муҳтарами тоҷикон тамоми саъю талоши худро карданд то дар ҷаҳон ҳамеша сулҳ пойдор бошад ва ҳамзистии осоишта байни миллатҳо пойдор бимонад. Иқдомоту ташаббусҳои инсонмеҳваронаи муҳтарам Пешвои миллат аст, ки Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036» қабул гардид. Ҳар куҷо аз сулҳ ёд шавад, дақиқан аз забони сулњхоњи Пешвои кулли тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад.
Муҳтарам Пешвои миллат ташаббуси навбатии «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036»-ро маҳз барои эҷоди амният ва оромӣ дар ҷомеаҳо, рушди иқтисодии кишварҳо, рушди маориф, фарҳанг ва илм, коҳиш додани камбизоатӣ, муҳоҷират ва бесарпаноҳии миллатҳо, ҳифзи ҳаёт ва шаъну шарафи инсон, густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо, набудани ҷанг ва пойдории сулҳ дар ҷаҳон иқдом намудаанд.
Албатта, барои сулҳ ва пойдории он ниҳоди аввалине, ки таъсири худро дар зеҳни инсон мерасонад, ин оила мебошад, зеро оила аввалин муҳитест, ки шахсияти инсон дар он ташаккул меёбад. Агар кӯдакон аз солҳои аввали ҳаёт эҳтиром, меҳрубонӣ, ҳамкорӣ ва бахшишро ёд гиранд, дар оянда шаҳрвандони сулҳдӯст хоҳанд шуд. Волидон метавонанд бо рафтори муносиб, ҳалли низоъҳо тавассути муколама ва таълим додани арзишҳои ахлоқӣ дар таблиғи фарҳанги сулҳ нақши муҳим бозанд.
Ниҳоди дигаре, ки фарҳанги сулҳдӯстиро дар қалби насли наврас ҷо медиҳад, ин мактаб аст, зеро мактаб яке аз муҳимтарин марказҳо барои таълими фарҳанги сулҳ аст. Омӯзгорон метавонанд насли ояндаро барои бунёди ҷомеаи осоишта тавассути таълим додани эҳтиром ба дигарон, натиҷаҳои хуби корҳои дастаҷамъона ва ҳалли осоиштаи баҳсҳо омода кунанд. Инчунин, устодон муваззафанд, ки тавассути чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳамоишҳои илмӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаҳои бадеӣ дӯстӣ ва ҳамкориро байни донишҷӯён тақвият диҳанд. Ингуна чорабиниҳо метавонанд дар омӯхтани таҳаммулпазирӣ, ҳамзистӣ, эҳтироми қавмҳо, динҳо ва фарҳангҳои гуногун, ҳалли баҳсҳо тавассути муколама ва гуфтушунид, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ, мубориза бо табъиз, зӯроварӣ ва нафрат нақши мусбат гузоранд. Бинобар ин, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки сулҳро ҳамчун неъмат қадр кунад ва дар пойдории он барои наслҳои оянда талошҳо намояд ва дар ин роҳ корномаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор диҳад.
Ояндаи дурахшон вақте амалӣ хоҳад шуд, ки сулҳ ҳамчун арзиши бунёдӣ дар рафтор ва тафаккури ҳамаи инсонҳо ҷойгоҳи махсус дошта бошад.
Одиназода Ш.Н., н.и.ф. – сардори шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ