Заминаҳо ва омилҳои ташаккули ҳувияти миллӣ

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат арзишмандтарин ва бузургтарин дастоварди таърихӣ маҳсуб меёбад. Он танҳо як рӯйдоди сиёсӣ ё тағйири сохтори ҳуқуқӣ нест, балки раванди бунёдӣ ва ҳаётан муҳимест, ки заминаҳои таърихиву иҷтимоии рушди давлат, ҳифзи фарҳанги миллӣ, таҳкими соҳибихтиёрӣ ва татбиқи иродаи озоди халқро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад – санаи таърихие, ки дар баробари гиромидошти роҳи тайкардаи кишвар, фурсати муносиб барои арзёбии дастовардҳо ва андешидан дар бораи ояндаи давлатдории миллӣ низ мебошад.
Дар тӯли сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон марҳилаҳои бисёр ҳассосу сарнавиштсозро паси сар намуд: аз барқарорсозии сулҳу суботи миллӣ ва эҳёи сохторҳои давлатдорӣ дар солҳои аввали истиқлол то татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ. Ин масири пурпечутоб имрӯз имкон медиҳад, ки ба таҷрибаи давлатсозии Тоҷикистон бо диди илмӣ, таҳлилии воқеъбинона ва ояндабин назар афканем.
Дар ҳамин замина, тадорук ва ташаббусҳои густурдае, ки имрӯз дар саросари кишвар, бахусус дар пойтахт – шаҳри Душанбе, ҷиҳати бошукӯҳи ҷашни 9-уми сентябр ба роҳ монда шудаанд, бори дигар собит намуда истодаанд, ки истиқлолияти давлатӣ дар шакли пуррааш татбиқи амалии худро дар ҳамаи сатҳҳои ҷомеаи кишвар пайдо кардааст. Аз нигоҳи ҷомеашиносӣ, равоншиносии иҷтимоӣ ва педагогика чунин чорабиниҳо дорои мазмуни амиқи тарбиявӣ, муттаҳидсозанда ва шаҳрвандсоз мебошанд.
Аксар фикр мекунанд, ки чорабиниҳои фарҳанги оммавӣ танҳо ҳамчун машқи роҳравӣ ё омодагии ташкилӣ барои баргузории як чорабинии давлатӣ қабул мешавад. Аммо таҳлили ин падида, аз манзари илмҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки аҳаммияти он ба маротиб фаротар аз як амали ҷисмонӣ мебошад. Дар рӯзҳои омодагӣ ҳазорон нафар ҷавонон, донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ ва намояндагони касбу кори гуногунро метавон дар кучаҳои шаҳр дид, ки дар як фазои умумӣ ҷамъ омада, барои расидан ба як ҳадафи муштарак фаъолият мекунанд. Маҳз ҳамин ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии дастаҷамъона яке аз омилҳои муҳими таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ аз нигоҳи илмӣ ҷомеашиносӣ ба шумор меравад.
Дар ҷомеашиносӣ чунин раванд бо мафҳуми «фаъолияти дастаҷамъона» (Collective Action) тавсиф мешавад. Моҳияти он дар он аст, ки вақте гурӯҳи бузурги одамон барои анҷоми як ҳадафи умумӣ муттаҳид мегарданд, дар байни онҳо эҳсоси масъулияти муштарак, ҳамдигарфаҳмӣ, эътимоди байниҳамдигарӣ ва мансубият ба ҷомеа тақвият меёбад. Аз ҳамин ҷиҳат, роҳпаймоии идона танҳо як маросими давлатӣ нест, балки таҷрибаи амалии ҳамкорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Илова бар ин, таҳқиқоти муосири равоншиносии иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки ҳаракатҳои ҳамоҳанг ва синхронии гурӯҳӣ (Collective Synchrony) метавонанд сатҳи эътимод ва ҳамкории байни одамонро ба таври назаррас баланд бардоранд. Вақте ҳазорҳо нафар дар як вақт бо як оҳанг, як ҳаракат ва як ҳадаф амал мекунанд, эҳсоси танҳоӣ ва ҷудоӣ коҳиш ёфта, ҳисси ягонагӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ тақвият меёбад. Аз ин рӯ, чунин чорабиниҳо на танҳо аҳаммияти ташкиливу маросимӣ, балки таъсири амиқи равонӣ ва иҷтимоӣ низ доранд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими чунин фаъолиятҳо ташаккули «сармояи иҷтимоӣ» мебошад. Вақте шаҳрвандон худро иштирокчии як рӯйдоди умумимиллӣ эҳсос мекунанд, дар онҳо масъулият нисбат ба давлат, ҷомеа ва манфиатҳои миллӣ бештар мегардад. Онҳо худро танҳо тамошобини ҷашн намеҳисобанд, балки дарк мекунанд, ки худ низ қисми ин дастоварди бузурги таърихӣ мебошанд. Ин эҳсос барои таҳкими фарҳанги шаҳрвандӣ, эҳтиром ба қонун, ҳифзи моликияти ҷамъиятӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа аҳаммияти калон дорад.
Ҷанбаи муҳими дигари роҳпаймоии идона нақши он дар тарбияи ҷавонон мебошад. Бесабаб нест, ки қисми асосии иштирокчиёни чунин чорабиниҳоро донишҷӯён ва ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо на танҳо нерӯи фаъоли ҷомеа, балки ворисони давлатдории миллӣ ва ояндаи Тоҷикистон мебошанд. Иштироки онҳо дар таҷлили муҳимтарин ҷашни давлатӣ маънои рамзӣ низ дорад: истиқлол танҳо мероси насли гузашта нест, балки арзишест, ки бояд аз ҷониби насли имрӯз ҳифз, тақвият ва ба наслҳои оянда интиқол дода шавад.
Марҳилаи омодагӣ ба роҳпаймоӣ барои ҷавонон як мактаби воқеии тарбия ва иҷтимоикунонӣ мебошад. Дар ин раванд онҳо меомӯзанд, ки вақти муайяншударо риоя намоянд, фаъолияти худро бо дигарон ҳамоҳанг созанд, масъулияти шахсии худро дар назди гурӯҳ эҳсос кунанд ва дарк намоянд, ки натиҷаи умумӣ аз саҳми ҳар як иштирокчӣ вобаста аст. Ин гуна малакаҳо танҳо барои баргузории як ҷашн аҳаммият надоранд, балки дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ, идорӣ ва ҷамъиятии инсон низ нақши муҳим мебозанд.
Дар ҳамин замина, мафҳуми интизом низ маънои амиқтар касб мекунад. Интизом танҳо итоати зоҳирӣ ба қоидаҳо нест, балки қобилияти шахс аст, ки манфиати умумиро аз хоҳиши инфиродии худ болотар гузорад. Маҳз ҳамин фарҳанги интизом яке аз хусусиятҳои муҳими ҷомеаҳои пешрафта маҳсуб мешавад ва чунин чорабиниҳои дастаҷамъона метавонанд дар ташаккули он саҳми назаррас гузоранд.
Баъзан чунин савол низ матраҳ мешавад, ки оё баргузории роҳпаймоӣ ба чунин машқҳои пешакӣ ниёз дорад? Ҷавоби ин савол аз таҷрибаи байналмилалӣ низ равшан аст. Ҳар як чорабинии оммавӣ, ки бо иштироки ҳазорҳо нафар баргузор мегардад, ба ҳамоҳангсозии дақиқ, риояи талаботи амниятӣ ва мутобиқати ҳаракати иштирокчиён ниёз дорад. Аз ин рӯ, машқҳои пешакӣ имкон медиҳанд, ки ҳаракатҳо мутаносиб гарданд, эҳтимоли бесарусомонӣ коҳиш ёбад, масъалаҳои тартибот беҳтар таъмин шаванд ва сифати умумии чорабинӣ баланд бардошта шавад. Маҳз ҳамин аст, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Фаронса, Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон ва дигар давлатҳо низ намоишҳои ҳарбӣ ва роҳмаймоии мардумӣ бо ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо машқҳои омодагӣ ҳамроҳӣ мешаванд.
Аз ин рӯ, омодагӣ ба роҳпаймоии таърихии 9-уми сентябрро набояд танҳо як силсила машқҳои муваққатии ҷашнӣ арзёбӣ кард. Ин раванд, пеш аз ҳама, мактаби бузурги тарбияи шаҳрвандӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, рушди фарҳанги масъулият ва тақвияти ҳамбастагии иҷтимоӣ мебошад.
Дар шароите, ки Тоҷикистон ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии худ омодагӣ мебинад, чунин чорабиниҳо метавонанд дар баробари аҳаммияти ташкиливу идона, ҳамчун воситаи муассири таҳкими ваҳдати миллӣ ва парвариши ҳисси масъулияти шаҳрвандон нисбат ба ояндаи давлат нақши муҳим бозанд.
Ҷашни 35-солагӣ муборак ва роҳи истиқлоли Тоҷикистони азиз ҳамеша пурнуру бобарор бод!
Файзуллозода Х.Ҳ. – сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх