ИСТИҚЛОЛИЯТ: НАЗАРЕ БА ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ ФОРСИЗАБОНОН ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ

Таърих нишон медиҳад, ки яке аз аломатҳои нуфуз ва қудрати империяҳо бо пайдо шудани имконият ба даст овардани заминҳои нав ва ҳифзи манфиатҳояшон дар шакли гуногун буд ва ҳаст. Чунин таҷрибаи таърихиро империяи Форс бо Рим аз сар гузаронида, мунтазам ҷангҳои харобиовар барои ба даст овардани манфиатҳо миёни онҳо ба вуқуъ пайвастанд. Баъзан, агар форсҳо ҳудуди Шарқи масеҳиро забт мекарданд, боз аз даст медоданд, ки дар ниҳоят ҳарду империя аз нигоҳи ҳарбӣ заиф ва хароб шуданд. Дар ин миёна, қабилаҳои бодиянишин араб низ бо ҳуҷумҳои худ сарзаминҳои мутамаддинро азият медоданд. Аз ин рӯ, ҳам Империяи Византия ва ҳам Форс дар ниҳоят усулҳои мубориза бо онҳоро таҳия карда, аввалинҳо сулолаи масеҳии араби ғассониёнро ба худ ҷалб карданд ва форсҳо бо ҳамодиҳо дӯстӣ барқарор карданд, то онҳо дар муқобили ҳуҷумҳои бодиянишинон истодагарӣ кунанд ва аз ин тариқ амнияташонро дар сарҳад таъмин намоянд.1.
Аммо, дар асри 7 ҳамодиҳо фаҳмиданд, ки аз сарпарастони худ, форсҳо фоидаи зиёд намегиранд. Дар ин маврид, пешниҳоди хилофати арабҳоро, ки дар он манфиати зиёд ваъда дода шуда буд, аз ҷониби аксаряти қабилаҳо пазируфта шуд. Вақте, ки арабҳо минбаъд ба марзҳои Византия ва Сосониён ҳамла мекарданд, империяҳои бузург қудрати дифои сарҳадашонро аз арабҳо надоштанд, чун сарҳадбон надоштанд. Илова бар ин, зулму ситами низоми давлатӣ дар вилоятҳо бадбинии мардумро ба ҳокимияти маркази императорӣ дучанд карда буд ва чандин шӯришҳо ва низоҳои алайҳи империяи марказӣ ба вуқуъ пайвастанд. 2.
Дар охир такя бар мардуми бегона дар сарҳад ва идомаи ҷангҳои дохилӣ ва берунӣ сабаби шикасти империяи Форс шуд.
Вобаста ба муборизаи мардум дар муқобили араб дар сарзамини Мовароуннаҳр ва Хуросон муаллифони мусалмон ва ғайриммусулмон бо забонҳои арабӣ ва форсӣ ва дигар забонҳо бисёр навиштанд. Муаллифони ин таърихномаҳо гуногун буданд. Инҳо ходимону мансабдорони давлатӣ ва халифаҳо, котибони дарбори халифаҳои Аббосиён. олимон хизматгорони дарбори Сомониён, Ғазнавиён ва дигар подшоҳон буданд ва ҳамчун шоҳидон асарҳои худро ба маъракаҳои низомӣ, корҳои давлатӣ ва дигар корҳои онҳо бахшидаанд. Дар натиҷа, бисёре аз онҳо рӯйдодҳои таърихиро бо тарзи маҷбурӣ, ғайривоқеӣ тасвир карда, нақши мухолифони худро паст мезаданд.3
Аз ин рӯ, ҳангоми истифодаи манбаҳо усули муқоиса ва таҳлили интиқодӣ ба маврид аст.
Дар баробари сиёсати миллатгароии хилофати Умавиён ва муносибат ба ғайриарабҳо (маволиён) ҳатто пас аз қабули ислом, ки онҳо шаҳрвандони дараҷаи дуюм ҳисобида мешуданд, идеяҳои зидди низоми сиёсии арабҳо шакл гирифтанд. Дар аввал таъмини баробарҳуқуқӣ барои ҳамаи мусалмонон новобаста аз миллат бо истинод ба Қуръон моҳияти асосии ин идея буд. Бо гузашти вақт, ин ҳаракат ба намоиши бартарии фарҳангӣ ва таърихии форсҳо бар арабҳо табдил ёфт ва низоми қабилавии арабро бо бузургӣ, ҳашамат ва давлатдории қадимаи Эрони Сосонӣ муқоиса мекарданд. Албатта, чунин муқоиса бартарияти форсҳоро нишон медод. Аммо, арабҳо ин муборизаҳои мусулмононро барои баробар ҳуқуқии ҳамагон аз нигоҳи Қуръон ва дастрасии ҳамагон ба молу мулкро ҳамчун мухолифат бо дини ислом маънидод карда, душманони низоми сиёсиро ҳамчун душманони дин ҷазо медоданд. Дар як давраи муайяни таърихӣ, ки қариб 140 солро ташкил медод, мардуми миллатҳои дигар аз истиқлолияти сиёсӣ ва фарҳангӣ куллан бенасиб монданд ва ҳатто ин раванд шакли умумӣ гирифт. Яъне итоат ба низоми араб аз нигоҳи динӣ чунон устувор шуд, ки миллат дар бораи истиқлолияти сиёсӣ фикр ҳам намекард. Инро метавон як давраи карахтии тафаккури миллат номид. Бисёр қавму миллатҳо ҳувияти миллӣ, забон, фарҳанг, мероси таърихӣ, анъанаҳои миллӣ, заминҳои бумии худро аз даст дода, махлут ба араб шуда куллан нобуд шуданд, ки намунаи он забони қибтҳо дар Миср, забони сурёнӣ дар Шом, Лубнон, Ироқ, забони марониён ва барбариҳо дар Либия, Тунис, Алҷазоир, Марокаш, ки имрӯз танҳо баъзе дастхатҳои қадим бо ин забон боқӣ мондаанду халос.
Аммо куллан нест кардани тафаккури сиёсии миллати форс ғайриимкон буд. Дар ин давра ҳам равшанфикрони миллат, ки ҳарчанд хеле кам монда буданд, кушиши бедор кардани миллатро доштанд ва ин раванд барои ташкили ҷунбишҳои миллӣ замина омода кард.
Дар таҷриба, арабҳо ба ин қонеъ накарда, дар дарбори уммавиён ва аббосиён теъдоди чандин китобҳо дар муқобили фарҳанг ва тамаддуни форсҳо навишта шуда, паҳн мекарданд, ки ин ҳам як намуди мубориза барои аз арсаи сиёсӣ нобуд кардани ин миллат буд. Китобҳо ва асарҳои аввали арабӣ дар душманӣ бо эрониҳо аз ҷониби нависандагони араб навишта шуда, хусусан асарҳои зиёдеро дар рад кардани ҳаракати Шуъубия, нафрат ба ғайриарабҳо (форсҳо) ва исботи бартарии арабҳо бар ғайриарабҳо навиштаанд. Моҳияту мазмуни аксари китобҳо нишон додани камбудиҳо, нуқсонҳои таърихӣ ва хусусиятҳои манфии ғайриарабҳо буд, то бартарии нажоди арабро исбот кунад. Ин раванд хусусан дар давраҳои умавиён ва аввали аббосиён, яъне бартарии арабҳо бар форсҳо бо мафҳуми бартарии арабҳо “фазл-ул-араб” хеле авҷ гирифта буд. Заминаҳои тезу тунд будани ин муносибатҳо заминаҳо ва омилҳои таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошт. Заминаи таърихии душмании пеш аз ислом, рақобат байни империяи Сосониён ва қабилаҳои арабии хаммарзӣ буд. Таърих собит мекунад, ки худуди давлатҳои Миср, Арабиситон, Яман, Сурия, Ироқ доим аз ҷониби империяҳои Эрон ва Рим забт ва тобеъ мешуданд. 4
Яъне ин ҷангҳо имконияти мустақилияти сиёсии арабро нобуд мекарданд.
Аммо омадани ислом ва таъсиси низоми сиёсии араб дар зери шиори ислом масъаларо куллан дигар кард. Дар ин давра, акнун аввалин истилоҳҳои мусаллаҳонаи араб бар зидди дигарон сар шуд. Инчунин таҷрибаи таъсиси низоми хоси арабӣ дар доираи дин бо номи хилофат рӯи кор омад, ки истилоҳи сарзаминҳои дигар аз ҷониби лашкари ислом мазмуни наҷот бахшидан гирифт. Ҳарчанд дини ислом бо имон овардан ҳамаро дар назди Худованд яксон ва баробар медонист, вале дар амал ҳеҷ вақт чунин набуд ва нест.
Чаро! Ҳарчанд доктаринаи қуръонӣ онро таъкид кунад ҳам, дин вобаста бо равандҳои иҷтимоии ҷомеа шакл гирифт, ки таъсири унусурҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ дар он кам набуд. Хусусан ҳукмронии давраи уммавиён таҳқир ба ғайриарабҳо (маволӣ) нажодпарастӣ ва афзалият додан ба унсури арабӣ ҳамчун қисми таркибии дин пазируфта шуда буд. Дар ин давраи муаяйни таърихӣ низоми сиёсӣ-динии араб (хилофат) истиқлолияти сиёсии давлатдории империяи Сосониён дар Форс пурра барҳам дода шуд ва моликияти Византия нобуд карда шуд, силсилаи низоми шоҳӣ ва ашрофи олии маҳаллӣ соҳибихтиёрии худро аз даст дод, динҳои пешинаи давлатӣ, Зардуштӣ дар Эрон мақоми худро ҳамчун дини давлатӣ аз даст дод ва калисоҳои масеҳӣ дар вилоятҳои пешинаи Византия бартарии сиёсии худро аз даст доданд, забони расмӣ дар замони умавиён дар қаламрави хилофат ба арабӣ интиқол дода шуданд.5
Чунин муносибат мардуми нав ба дин гаравидаро маҷбур кард, ки дар баробари мусулмон будан, онҳо забон, мероси фарҳангӣ ва низоми сиёсии миллиро ҳифз кунанд. Давраи ташаккули ҷунбиши Шуубия аз ҷониби эрониҳо барои мубориза бо бартарии арабҳо, ки боиси вокуниши шадид ва мутақобилаи нависандагони мутаассиби араб гардид. Ин баҳс посухе ба ҷунбиши шуъубия – эътирози зеҳнии форсӣ бар зидди ҳукмронии арабҳо буд. Дар ин маврид, олимону нависандагони араб низ як теъдод китобҳои таблиғотӣ алайҳи паст задани шаъну шарафи миллати форс навиштанд. Китобҳои калидии дар масъалаи бартарияти араб бар бар форсҳо навишта шуданд, ки машҳуртарини инҳоянд: “Китоби фазилатҳои арабҳо” (“Фазлул-араб ва-л-танбиҳ ъало улумҳо”) -и Ибни Қутайба Динворӣ: “Китоби фазилатҳои арабҳо”-и Ибни Қутайба Динворӣ, китоби “Ал-Баён ва ат-Табиин”, “Китоби бартарии арабҳо бар мардуми ғайриараб”-и Ҷоҳиз: “Ҷавоб ба шуъубия”-и Абу Убайда Муъмар ибни ал-Мутанна, “Китоби шохаҳои шаҷара” (“Китоб-ул-Иштиқоқ”-и Ибни Дурайд, китоби “Гарданбанди беназир” (“Ал-Иқд-ул-Форид”)-и Ибни Абдураббиҳӣ “Китоби намунаҳои ғайриарабҳо”-и Ибни Калбӣ, “Рисолаи Ибни Таймия”. 6
Аксари муаллифони араб чор гурӯҳи калидии имтиёзҳо ва фазилатҳои арабро муайян карданд:
1. Имтиёзҳои динӣ. Ин далели асосии олимони араб буд, ки беҳсати паёмбар Муҳаммад аз қабилаи арабии Қурайш, идеяи Худо арабҳоро аз байни ҳамаи қавмҳо барои расонидани ваҳйи ниҳоӣ ба мардум интихоб кардааст, асоси бартарияти арабро собит мекард. Инчунин забони арабӣ забони Қуръон, забони ваҳй ва ба андешаи арабҳо забони биҳишт аст. Арабҳо иддао мекарданд, ки ин забон аз ҷиҳати сарват, дақиқӣ ва фасоҳат беҳамто аст ва барои ҳамин интихоб шуд. Мақоми ҳимоятгарони ислом, арабҳо “хомиёни ислом” ҳисобида мешуданд, ки имони ҳақиқиро ба халқҳои забтшуда, аз ҷумла форсҳо, оварданд.
2. Имтиёзҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҳуқуқӣ: Дар давраи хилофати Умавиён, ин имтиёзҳо аз ҷиҳати амалӣ мустаҳкам муқаррар шуда буданд, чунон ки таърихшиносон муфассал тавсиф кардаанд. Мақоми “маволӣ” дар нисбати форсҳо ва дигар ғайриарабҳо, пас аз қабули ислом, олоти қонунии қабилаҳои араб шуд. Аз он даврон, то кунун ягон ғайриараб бо арабҳо дар ислом аз диди арабҳо ҳуқуқи баробар надоштанд. Имтиёзҳои андоз, агар дар аввал, танҳо арабҳои мусалмон ҳақ доштанд, ки аз хазина маоши мунтазам гиранд ва андози ҳадди ақали динӣ (ушр) пардохт кунанд, дар ҳоле ки форсҳои нав қабулшуда андози ҷизя ва андози замин (хироҷ)-ро пардохт мекарданд.
Маҳдудиятҳои издивоҷро фақеҳони араб принсипи баробари (баробарии иҷтимоӣ дар издивоҷ)-ро ҷорӣ карданд. Зани араб наметавонист ва имрӯз ҳам наметавонад бо маволии форс издивоҷ кунад, зеро ин барои қабилаи араб таҳқиромез ҳисобида мешавад.
3. Аломати илоҳӣ: Пирӯзии босуръати арабҳо бар артиши бузурги форсӣ ҳамчун далели мустақими он тафсир карда шуд, ки Аллоҳ аз Форс рӯй гардонида, ба арабҳо қудрат додааст. Забондонони араб хислатҳо ва фазилатҳои кӯчманчигиро ба дараҷаи мутлақ баланд бардоштанд.
4. Хислатҳои табиӣ: Китобҳо покии хуни арабҳо, саховатмандии онҳо (карам), вафодорӣ ба сухани онҳо, меҳмоннавозӣ ва истеъдоди шеърии фитриро ситоиш мекарданд.
.
Китоби “Фазилатҳои арабҳо ва барчаста кардани илми онҳо”-и ( فضل العرب والتنبيه على علومها)7. Ибни Қутайба Динворӣ, ин яке аз аввалин ва муҳимтарин посухҳо ба ҷунбиши равшанфикрони форс “Шуубия” аст, ки дар он аслият, забон ва фарҳанги арабҳо тавсиф шудааст. Ибни Қутайба дар бартарӣ додан ба арабҳо бар ғайриарабҳо пешрафти қавӣ карда навиштааст: “Донишҳои исломӣ”, ки аз дин, забон, фиқҳ ва маъноҳои он гирифта шудаанд ва ин хоси арабҳост ва барои ғайриарабҳо ҳеҷ омили таъсире дар он нест, ба ҷуз аз омӯхтани он.” Ғайриараб танҳо онро меомӯзад, аммо дар моҳияти он шарик нест”. Ба гуфтаи ӯ, Худо ба араб саҳме аз ин дониш додааст, ки каси дигар дар он надорад ва ӯ бо як фармондеҳ ва қудрат меҷангад, арабҳо аз моҳияти шуҷоат баҳра мебаранд. (саҳ. 35) «Қират фи кутуб ал-Аҷам». (саҳ. 36) тадриҷан, барои исботи шарафи арабҳо таъкид кардааст: “ӯ ба вуҷуди маросимҳои пеш аз исломии арабҳо ишор карда мегӯяд: “ҳаҷ, қаъба, достони Абобил ва вуҷуди фирқаи пок мерасад. Ислом як қатор аҳкоми ҷоҳилияро тасдиқ кард (саҳ. 37) ва ин маънои онро дорад, ки онҳо дуруст буданд. Баъд аз онҳо, Паёмбар (с) аз миёни онҳо пайдо шуд ва Қуръон ба арабҳо хитоб кард: «Оё шумо беҳтаред ё дине, ки барои мардум оварда шудааст?» (саҳ. 38) Сипас, ӯ бо ситоиши «Қурайш» идома медиҳад, зеро онҳо аз авлоди Иброҳим мебошанд. Ҳамчунин ривоятҳое, ки ба Паёмбар дар ин мавзӯъ нисбат дода шудаанд. Яъне арабҳо моҳияти интихоби паёмбарро аз араб ҳамчун бартарият бар дигарон меҳисобанд. Ӯ мегӯяд, ки пеш аз ислом, мардуми Форс «бузургтарин миллатҳо, пурқудраттарин буданд, аммо пас аз ислом ҳама чиз аз ҳам пошид. Пас аз Ислом, мардуми Форс дигар ягон шахси машҳур надоштанд, ба ҷуз Ибни ал-Муқаффаъ, ал-Фазл ибни Саҳл ва ал-Ҳасан… (саҳ. 46). Мардуми ғайриараб барои арабҳо яксонанд, зеро Худо ғайриарабро тавассути арабҳо роҳнамоӣ кард ва бо ёрии арабҳо онҳо аз пастии куфр ва ҷазо раҳо шуданд (46). Дар ривояте омадааст, ки Паёмбар (с) ба Салмон мегӯяд: «Ман аз ту хашмгинам, зеро ту аз динат меравӣ». Салмон мепурсад: «Чӣ гуна ман аз ту хашмгин шавам, дар ҳоле ки ту маро роҳнамоӣ кардаӣ?» Паёмбар (с) мегӯяд: «Агар ту аз арабҳо хашмгин бошӣ, аз ман нафрат кардаӣ; агар аз арабҳо нафрат кунӣ, аз ман нафрат хоҳӣ кард». 8
Васила ибни Асқоъ гуфт: «Ман шунидам, ки Паёмбари Худо мегуфт: «Ба дурустӣ, Аллоҳи Мутаол аз байни авлоди Исмоил қабилаи Кинониро интихоб кард ва аз байни Кинониҳо Қурайшро интихоб кард ва аз байни Қурайш бани Ҳошимро интихоб кард ва маро аз байни Ҳошимиён интихоб кард». 9. Ибни Таймия гуфтааст: «Ин ҳадис ба таври возеҳ бартарии арабҳо нисбат ба дигаронро нишон медиҳад».
Нависандаи араб Ҷоҳиз дар «Китоби ситоишҳо» ё қисматҳое аз «Ал-Баён ва ат-Табиъин» аз забон ва нажоди арабӣ бо таассуб дифоъ кардааст. Муҳаққиқ худро бо зикри порчаҳои адабӣ аз мавъизаҳо, номаҳо, ҳадисҳо ва шеърҳо маҳдуд накарда, балки кӯшиш кардааст, ки илмҳои дигарро низ низ фаро гирад.[3]. Ин китоб муддати тӯлонӣ барои нависандагон ва олимони араб мавриди таваҷҷӯҳ буд ва он дар Константинопол, Қоҳира ва аз ҷониби Ҳасан Синдубӣ дар соли 1974 дар 3 ҷилд такроран дар Қоҳира ба чоп расид. Инчунин дар ин тарғиби бартарияти араб бар аҷам китобҳои Абу Тоҳир Аҳмад ибни Тайфур “Фазли араб бар аҷам” Муҳаммад ибни Язид Мурбад «Китобул-баён» навишта шуданд.
Ҳамаи ин бартарият ҷӯӣ ба он равона шуда буданд, ки арабҳо ҳамагуна истиқлолияти фикрӣ ва сиёсиро муқобили дин ва хиёнат ба ислом медонистанд. Хусусан ин китобҳо ва андешаҳо аз аввалин ва муҳимтарин посухҳо ба ҷунбиши мардуми форс, “Шуъубия” буд. Дар асл таълимоти дин ва манфиати араб бо ҳам пайванд хӯрда, забон ва фарҳанги арабҳо таблиғ ва ҳудуди забон ва фарҳанги форс маҳдуд мешуд. Ин асарҳои таърихӣ дар посух ба ҷунбиши шуъубия ва исботи мавқеъ, арзишҳо ва илмҳои мардуми араб навишта шуда буданд, то истодагарии қудрати сиёсии арабро таъмин кунанд. Ибни Таймия ҷунбиши таърихии Шуубияро, ки баробарии, динӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мардуми ғайриараб (асосан форсҳо) дар дохили хилофатро таблиғ мекарданд, танқид мекард. Ӯ боварӣ дошт, ки нигоҳ доштани эътибори забони арабӣ ва эҳтиром ба уламо ва ходимони динӣ, ки аксарияти онҳо араб буданд, як вазифаи динӣ аст.
Котиби илмии Марказ Махрамбеков М. А.
Идома дорад.
Номгуи адабиёт:
1.Пигулевская Н. В. Арабы у границ Византии и Ирана в IV-VI вв. — М.‒ Л.: Наука, 1964.
2.Колесников А. И. Иран в начале VII века. — Л.: Наука. Ленингр. отд-ние, 1970. — Т. 22 (85). — 144-149 с.
3. Хакназаров А. Борьба таджикского народа против Арабского Халифата. Душанбе,-2010, с.10-11. культурной, социальной и духовной жизни.
4.Пигулевская Н. В. Византия и Иран на рубеже VI-VII вв. / Отв. редактор акад. В. В. Струве. — Труды института востоковедения. — М.‒ Л.: Издательство Академии наук СССР, 1946. — Т. XLVI. — 291 с.
5. Фильштинский И. М. История арабов и Халифата (750-1517 гг.). — М.: АСТ: Восток-Запад, 2008. — 349,
6. زرین‌کوب، عبدالحسین. تاریخ ایران بعد از اسلام. چاپ سوم. تهران: انتشارات امیرکبیر ۱۳۶۲
7. ( فضل العرب والتنبيه على علومها).
8. ” ат-Тирмизӣ 3927. Фазлул араба вал танбия ало улмиҳо, саҳ.40. Аммо Тирмизӣ таъкид мекунад, ки ровии ин ҳадис Ибни Саид баъди Салмни Форс зиндагӣ кардааст ва ӯро надидааст ва аз ӯ наметавонист ривоят кунад.
9.Муслим, 2276. Китоби «Иқтидо сиротул-мустақим» 1/376.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх