Арабистони Саудӣ солҳои тӯлонӣ дар тасаввури ҷаҳони ислом ҳамчун яке аз намунаҳои барҷастаи давлатдории динӣ шинохта мешуд. Низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар бо таълимоти исломӣ пайванди амиқ дошт ва дар ҳаёти иҷтимоӣ низ ниҳодҳои мазҳабӣ нақши назаррас мебозиданд. Қонуни асосии кишвар Қуръон ва суннати Паёмбарро ҳамчун асоси низоми давлатдорӣ муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, сухан гуфтан дар бораи дунявият дар Арабистони Саудӣ то чанд соли пеш қариб ғайриимкон ба назар мерасид.
Аммо имрӯз манзара ба таври қобили мулоҳиза тағйир ёфтааст. Аз ибтидои солҳои 2000 ва махсусан баъд аз соли 2016, бо роҳандозии «Дурнамои Арабистони Саудӣ – 2030» (Vision 2030) ва баъдан бо ислоҳоти густурдаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии давраи валиаҳд Муҳаммад бин Салмон, кишвар вориди марҳилаи нави рушди худ гардид. Ин равандро наметавон танҳо бо мафҳуми «рушди иқтисодӣ» шарҳ дод. Дар баробари рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, сайёҳӣ ва ҷалби сармоя, тағйири муносибати давлат ба дин ва коҳиши нуфузи мустақими ниҳодҳои динӣ низ ба яке аз хусусиятҳои муҳими ин марҳила табдил ёфтааст.
Аз ин нуқтаи назар, таҷрибаи Арабистони Саудӣ барои дарки бартарӣ ва иқтидори низоми дунявии давлатдорӣ аҳамияти махсус дорад.
Пеш аз ҳама бояд як фарқи муҳимро таъкид кард: Арабистони Саудӣ имрӯз ҳам расман давлати дунявӣ нест. Конститутсияи классикии дунявӣ дар кишвар вуҷуд надорад ва ислом ҳанӯз дар сохтори расмии давлат ҷойгоҳи махсус дорад. Ҳатто дар соли 2026 мақомоти расмии Саудӣ таъкид мекунанд, ки арзишҳои исломӣ ва ҳувияти миллӣ аз рукнҳои муҳими раванди дигаргунсозии кишвар мебошанд.
Аммо масъалаи асосӣ дар ин ҷо дигар аст: оё тарзи татбиқи дин дар идоракунии давлат тағйир ёфтааст? Ҷавоб ба ин савол мусбат аст: Бале, тағйир ёфтааст.
Таҳаввулоти солҳои охир нишон медиҳад, ки давлат тадриҷан аз модели идоракуние дур мешавад, ки дар он ниҳодҳои динӣ метавонистанд ба рафтори ҳаррӯзаи шаҳрвандон, фарҳанг, фароғат, тиҷорат ва ҳаёти ҷамъиятӣ дахолати мустақим дошта бошанд.
Намунаи равшани ин тағйирот маҳдуд намудани салоҳияти «Кумитаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар» мебошад. Агар қаблан ин ниҳод метавонист ба рафтори шаҳрвандон дахолат кунад, онҳоро боздошт ё бозпурсӣ намояд ва масъалаҳои либоспӯшӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти шахсиро назорат кунад, баъд аз ислоҳоти соли 2016 салоҳияти иҷроии он ба таври ҷиддӣ маҳдуд гардид. Фаъолияти он бештар ба роҳнамоӣ ва тавсия маҳдуд шуда, дахолати мустақим ба шаҳрвандон аз байн рафт.
Ин тағйирот аз нуқтаи назари консепсияи давлатдорӣ хеле муҳим аст. Зеро вақте масъалаҳои ахлоқӣ ва динӣ аз доираи назорати мустақими давлатӣ берун мешаванд, масъулияти давлат аз «назорат кардани имондорӣ» ба «таъмини тартибот, ҳуқуқ ва манфиати умум» бештар мегузарад.
«Дурнамои 2030» (Vision 2030) дар ин раванд ҷойгоҳи марказӣ дорад. Ҳадафи расмии ин барнома коҳиш додани вобастагии иқтисоди кишвар аз нафт, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, густариши бахши хусусӣ, баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ, рушди сайёҳӣ, фарҳанг ва хизматрасонӣ мебошад. Сохтори расмии Vision 2030 имрӯз се меҳварро таъкид мекунад: ҷомеаи пурҷӯш, иқтисоди пешрафта ва давлати соҳибмуваффақ.
Ҳамзамон дар тавсифи ҷомеаи оянда аз «рӯҳи исломи муосир» сухан меравад. Ин ҷо як тағйири назариявии муҳим ба назар мерасад: давлат талош мекунад исломро аз як низоми фарогири идоракунии тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба як ҷузъи ҳувият, арзиш ва ахлоқи ҷомеа табдил диҳад, дар ҳоле ки масъалаҳои иқтисодӣ, маъмурӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бештар тавассути қарорҳои давлатӣ ва ниҳодҳои муосири идоракунӣ танзим мешаванд.
Дар ҳамин маъно, «Vision 2030»-ро метавон яке аз муҳаррикҳои асосии секуляризатсияи амалии низоми давлатӣ донист. Аммо ин секуляризатсия на ба маънои хориҷ кардани дин аз ҷомеа, балки пеш аз ҳама ба маънои коҳиш додани нақши институтсионалии дин дар идоракунии давлат сурат мегирад.
Ин нукта махсусан муҳим аст, зеро дунявиятро набояд бо бединӣ ё мубориза бо дин омехта кард. Давлати дунявӣ метавонад ба дин эҳтиром гузорад, арзишҳои ахлоқии онро эътироф намояд ва ҳамзамон қонунгузорӣ ва идоракунии давлатро аз назорати мустақими рӯҳоният ҷудо нигоҳ дорад.
Агар «Vision 2030» барномаи стратегӣ бошад, пас «Мавсими Риёз» яке аз намунаҳои намоёни татбиқи иҷтимоӣ ва фарҳангии ин стратегия ба ҳисоб меравад.
Бо оғози Vision 2030 ва таъсиси Идораи умумии фароғатӣ дар соли 2016, давлат рушди бахши фароғатро ба сиёсати расмии худ ворид намуд. Аз соли 2019 «Мавсими Риёз» ба яке аз бузургтарин чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатии минтақа табдил ёфт. Дар доираи он консертҳо, намоишҳои театрӣ, мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо баргузор мешаванд.
Аҳамияти «Мавсими Риёз» танҳо дар фароғат нест. Он аз нигоҳи таҳаввулоти иҷтимоӣ рамзи гузариш аз як ҷомеаи нисбатан пӯшида ба ҷомеаи бозтар мебошад.
Дар гузашта бисёре аз чунин шаклҳои фароғатӣ дар Арабистони Саудӣ маҳдуд ё мамнуъ буданд. Аммо имрӯз давлат онҳоро на танҳо иҷозат медиҳад, балки ҳамчун бахши муҳими иқтисоди миллӣ, сайёҳӣ ва сифати зиндагӣ дастгирӣ мекунад.
Ҳамин тавр, муносибати давлат ба фарҳанг низ тағйир ёфтааст: он чизе, ки қаблан пеш аз ҳама аз нуқтаи назари «ҳалол ё ҳаром» баҳогузорӣ мешуд, имрӯз бештар аз нуқтаи назари манфиати ҷамъиятӣ, рушди иқтисодӣ, сифати зиндагӣ ва сиёсати давлатӣ арзёбӣ мегардад.
Ин тағйирот яке аз нишонаҳои муҳимтарини дунявишавии идоракунии иҷтимоӣ мебошад.
Ҷанбаи дигари муҳим бознигарии муносибат ба салафияи тундрав ва таълимоти сахтгиронаи динӣ мебошад. Муҳаммад бин Салмон ҳанӯз соли 2017 ошкоро эълон карда буд, ки кишвар мехоҳад ба «исломи муътадил» баргардад ва ҷомеаи Саудиро аз андешаҳои ифротӣ дур созад. Пажӯҳишҳои солҳои охир низ нишон медиҳанд, ки сиёсати Саудӣ дар самти коҳиш додани нақши салафизм дар қудрати нарм ва бознигарии муносибати давлат бо рӯҳониён тағйир ёфтааст.
Ин равандро метавон гузариш аз «исломи идеологӣ» ба «исломи арзишӣ» номид: дин ҳанӯз аҳамияти бузург дорад, вале давлат бештар ба таҳаммулпазирӣ, мӯътадилӣ, ҳувияти миллӣ ва рушди ҷомеа такя мекунад.
Дар баробари ин, тағйироти таълимӣ низ муҳиманд. Барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бознигарӣ шуда, баъзе матолиби такфирӣ ва таҳаммулнопазирона коҳиш дода шудаанд ва ба ҷойи онҳо мафҳумҳои ҳамзистии осоишта, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бештар ворид гардидаанд.
Яке аз равшантарин нишондиҳандаҳои тағйироти иҷтимоӣ муносибат ба ҳуқуқи занон мебошад. Дар соли 2018 занони Саудӣ расман ҳуқуқи ронандагӣ пайдо карданд. Пеш аз ин Арабистони Саудӣ ягона кишваре буд, ки занон дар он ҳаққи ронандагӣ надоштанд.
Баъдан занон ҳуқуқҳои бештар барои гирифтани шиноснома ва сафар бе иҷозати сарпарасти мард пайдо карданд. Ҳамчунин талаботи ҷудо нигоҳ доштани мардон ва занон дар бисёре аз ҷойҳои ҷамъиятӣ коҳиш ёфт.
Аз ин ҷо метавон як хулосаи муҳим баровард: вақте ҳуқуқи шаҳрвандӣ аз мансубияти ҷинсӣ ва иҷозаи сарпарасти динӣ ё оилавӣ вобастагии камтар пайдо мекунад, шаҳрванд ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқӣ бештар эътироф мешавад. Ин яке аз хусусиятҳои муҳимми давлатдории муосир мебошад.
Боз шудани кинотеатрҳо баъд аз беш аз се даҳсола низ рамзи муҳимми ин тағйирот буд. Соли 2018 аввалин кинотеатри муосир дар Риёз ба фаъолият оғоз кард ва ҳукумат рушди соҳаи фарҳанг ва фароғатро ҳамчун як бахши рушди иқтисодӣ баррасӣ намуд.
Ҳамин гуна, иҷозаи идомаи фаъолияти мағозаҳо дар вақти намоз низ нишон медиҳад, ки манфиатҳои иқтисодӣ ва хизматрасонии шаҳрвандон тадриҷан бо меъёрҳои нави идоракунии давлатӣ мутобиқ карда мешаванд. Кормандон метавонанд барои адои намоз вақти муносиб дошта бошанд, аммо фаъолияти иқтисодӣ дигар ҳатман дар вақти намоз қатъ намегардад.
Кушодани кишвар ба сайёҳони ғайримусулмон аз соли 2019 низ қисми ҳамин раванд мебошад. Сайёҳӣ ба яке аз самтҳои асосии рушди соҳаҳои нави иқтисодӣ ва коҳиш додани вобастагии кишвар аз даромади нафтӣ табдил ёфт ва кишвар тадриҷан худро ба ҷомеаи байналмилалӣ бозтар кард.
Ҳамин гуна тағйирот нишон медиҳад, ки давлат ҳангоми қабули қарорҳо бештар ба манфиати умумии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ такя мекунад, на танҳо ба тафсири сахтгиронаи як гурӯҳи мазҳабӣ.
Таҷрибаи Арабистони Саудӣ як масъалаи муҳимро ба миён мегузорад: чаро давлате, ки ҳанӯз расман исломиро боқӣ мондааст, ба чунин тағйироти амиқи иҷтимоӣ ниёз пайдо кард?
Ҷавобро метавон дар як воқеият ҷустуҷӯ кард: давлати муосир бояд ҳамзамон дин, иқтисод, илм, технология, ҳуқуқ, фарҳанг, муносибатҳои байналмилалӣ ва эҳтиёҷоти шаҳрвандонро идора кунад. Агар ҳар як масъалаи давлатӣ танҳо аз нуқтаи назари як тафсири мазҳабӣ ҳал карда шавад, имкони мутобиқшавии давлат ба воқеиятҳои тағйирёбандаи замон маҳдуд мегардад.
Давлати дунявӣ маҳз ба ҳамин мушкил ҷавоби институтсионалӣ медиҳад. Он динро аз байн намебарад, балки масъулияти идоракунии давлатро аз салоҳияти мустақими ниҳодҳои динӣ ҷудо мекунад. Дар чунин низом шаҳрванд метавонад диндор бошад, аммо қонун барои ҳамаи шаҳрвандон бар асоси шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи умумӣ татбиқ мешавад.
Таҷрибаи Саудӣ нишон медиҳад, ки ҳатто як давлати дорои анъанаи қавии динӣ ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо талаботи иқтисоди муосир, технология, ҷаҳонишавӣ, сайёҳӣ, ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ маҷбур мешавад доираи дахолати институтҳои динӣ ба идоракунии давлатро бознигарӣ кунад.
Аз ин рӯ, раванди кунунии Саудӣ пеш аз ҳама далели қудрати воқеияти муосир ва зарурати идоракунии оқилонаи давлат мебошад.
Хулоса, Арабистони Саудӣ ҳанӯз давлати дунявӣ ба маънои пурраи ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ нест. Ислом дар сохтори расмии давлат ҷойгоҳи муҳим дорад ва худи мақомоти Саудӣ низ имрӯз аз арзишҳои исломӣ ва ҳувияти исломии кишвар ҳимоят мекунанд. Аммо дар сатҳи идоракунии иҷтимоӣ ва сиёсӣ тағйироти амиқ ба амал омадааст. Салоҳияти ниҳодҳои динӣ маҳдуд гардида, салафияи тундрав зери назорати бештар қарор гирифта, ҳуқуқи занон васеъ шудааст, кинотеатрҳо ва консертҳо боз шудаанд, сайёҳии байналмилалӣ рушд кардааст ва «Мавсими Риёз» ба рамзи ҷомеаи нави Саудӣ табдил ёфтааст.
Бинобар ин, дақиқтар аст, ки ин равандро на «эълони дунявияти Арабистони Саудӣ», балки секуляризатсияи тадриҷии идоракунии давлатӣ, коҳиши қудрати мустақили рӯҳоният ва гузариш ба модели постваҳҳобии давлатдорӣ номем.
Дар ниҳоят, таҷрибаи Арабистони Саудӣ як ҳақиқати муҳимро нишон медиҳад: дунявият маънои маҳви динро надорад; баръакс, он метавонад шароити муносибтареро барои ҳифзи дин аз сиёсатзадагӣ ё сиёсикунонӣ, истифодаи идеологӣ ва муборизаҳои қудратӣ фароҳам созад. Вақте давлат масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиро бо мантиқи идоракунии муосир ҳал мекунад, дин метавонад бештар ҳамчун манбаи маънавият, ахлоқ ва ҳувият ҷойгоҳи худро нигоҳ дорад.
Шояд аз ҳамин ҷиҳат таҷрибаи Арабистони Саудӣ барои кишварҳои мусулмонӣ аҳамияти махсус дошта бошад: муосир шудан ҳатман ба маънои аз дин дур шудан нест; балки метавонад ба маънои аз сиёсатисозии дин дур шудан бошад. Ва маҳз дар ҳамин нуқта бартарии модели дунявии давлатдорӣ равшантар мегардад — давлат барои ҳама шаҳрвандон аст, дар ҳоле ки дин ба виҷдон, ахлоқ ва ҳаёти маънавии инсон ҷойгоҳи муносиб ва мустақили худро нигоҳ медорад.
Файзуллозода Х. Ҳ. – сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон