Ногузирии равандҳои модернгароӣ дар ҷаҳони ислом

Табиати инсон чунин ороста шудааст, ки он ҳамчун мавҷуди соҳибақл пайваста барои рушду камол ва пешрафт саъю талош менамояд. Дар ин раванд нақши шахсиятҳои таърихӣ бешак чашмрас мебошад. Таърихи рушди ҷомеаи башарӣ гувоҳ аст, ки дар марҳилаҳои мухталифи рушди ҷомеа шахсиятҳои баргузидае бо таълимоти хоси худ барои гурӯҳе роҳнамо шудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар асри XVIII Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бо таълимоти иртиҷоӣ ва бунёдгароёнаи исломии худ баромад намуду қавмҳои парешони арабро зери таълимоти маҳдуд ва яхбастаи худ муттаҳид сохт. Албатта, он ҳангом қавми парешон ва аз фарҳанги пешрафтаи башарӣ қафомонда ба чизе зиёда аз он эҳтиёҷ надошт. Аммо имрӯз ҷомеаи башарӣ чунон босуръат пешрафт мекунад, ки як қатор таълимотҳои замоне “дуруст” на танҳо дурустии худро гум кардаанд, балки зарарнок будани худро ба намоиш гузошта истодаанд. Бидуни тардид, таълимоти Абдулваҳҳоб, ки баъдан бо номи ваҳҳобия маъруф шуду дар давоми чанд даҳсола роҳнамои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Арабистони Саудӣ гардид, таълимоти хатарнок, монеаи пешрафти илму фарҳанг ва рушди иқтисодии ҷомеа будани худро ба маъраз гузошт. Агар матлабро соддатар баён намоем, кишварҳои дар ҳамаи соҳаҳо пешрафтнамуда собит карданд, ки ин таълимот ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад роҳнамои мусулмонон бошад. Моҳиятан ин таълимот ботлоқи бугинеро шабеҳ аст, ки ҳар гуна ҷомеаро бо тамоми дастовардҳои илмию фарҳангияш ба коми заҳролуди худ фурӯ мебарад. Ба қавли дигар, ин таълимот на танҳо барои пешрафти ҷомеаи араб мусоидат накард, балки бо ақида ва таълимотҳои яхбастаи зиддифарҳангию зиддимиллии худ садди азиме дар пешрафти ҷомеа гардид.
Бидуни тардид, на танҳо барои ҷомеаи араб, балки барои тамоми мусулмонон бояд боиси хурсандӣ бошад, ки Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон вазъи динӣ-фарҳангии ҷомеаи худро бо дарназардошти пешрафтҳои ҷомеаи башарӣ ҳаматарафа васеъ ва амиқ таҳлил намуду аз он бардошти хеле дурандешона намуд. Ӯ баҳори соли 2016 барномаи модернсозии “Биниш – 2030”-ро пешниҳод намуда, дунболи ислоҳи динӣ-фарҳангӣ ва иқтисодии ҷомеаи худ гардид. Барномаи худро шарҳ дода, соли 2022 ӯ таъкид менамояд, ки “мо ба таълимоти ҳақиқии ислом, ба тарзи зиндагии Муҳаммад (с) ва чор халифаи аввал, ба ҷомеаи озоду осуда бармегардем”. Бояд эътироф намуд, ки бо муҳим ва муфид будани андешаи мазкур розӣ нашудан душвор аст. Ислом воқеан ҳам бунёди ҷомеаи озоду осударо таълим медиҳад, на ҷомеаи зери тарсу ваҳм ва таълимоти хашини зиддиинсонӣ ташаккулёфтаро.
Шоҳзода гузаштаи на чандон дури ҷомеаи худро ба ёд оварда, хотирасон менамояд, ки дар солҳои 1950-1970 ба гурӯҳҳои ифротии зери таълимоти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб омодашуда имкон дода шуд, ки ба дастгоҳи иқтисодию сиёсии кишвар ворид шаванд ва дар муайян намудани роҳи пешгирифтаи кишвар нақшгузор бошанд, ки чунин ҳолат ба пайомадҳои даҳшатнок оварда расонд. Дар натиҷа обрую нуфузи сиёсии кишвар хеле коҳиш ёфт. Шоҳзода Муҳаммад ибн Салмон эътироф менамояд, ки баъд аз таъсири афкори ифротии ваҳҳобия ба низоми давлатдории кишвар давлат дигар рушд карда натавонист, сармояи зарурӣ ҷалб карда нашуд, сайёҳӣ пешрафт накард. Ӯ таъкид менамояд, ки бо тафаккури ифротӣ ягон навъи ҷомеа пешрафт карда наметавонад. Ба қавли Шаҳзода Муҳаммад ибни Салмон, агар кишвар хоҳад, ки миллионҳо ҷойи кор тавлид намояд, бекорӣ коҳиш ёбад, иқтисоди кишвар рӯ ба беҳбудӣ биёрад, даромади мардум зиёд шавад, ба хотири дигар манфиатҳо он бояд дар кишвар ифротгароиро решакан намояд.
Яке аз иқдомҳои шаҳзода барои решакан намудани ваҳҳобия аз зеҳни мардум аз он иборат аст, ки он соли 1727-ро таърихи нави ташкилёбии Арабистони Саудӣ таъин менамояд. Ин сана аз омадани Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб 18 сол пеш аст. Яъне шоҳзода бо ин ибтикори худ нақши Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро дар таърихи сиёсии кишвар низ ночиз намуда, барои муносибати нав ба таълимоти ӯ заминаи илмию-ҳуқуқӣ омода менамояд, ки бешак ин иқдом барои пешрафти минбаъдаи кишвар хеле муҳим мебошад.
Қобили зикр аст, ки Муҳаммад ибни Салмон ҳамчун муслиҳи дурандеш барномаи худро оҳиста-оҳиста, қадам ба қадам мавриди татбиқ қарор додан дорад. Мусиқӣ ва кино, ки чанде беш ҳаром маҳсуб меёфт, имрӯз дар мактабҳо ба фанни ҳатмии таълимӣ мубаддал шудааст. Дар шаҳрҳо намоишҳои оммавии консертии ҳам санъаткорони саудӣ ва ҳам ғарбӣ озодона намоиш дода шуда истодаанд.
Тағйиротҳо махсусан дар нисбати занон хеле чашмрас мебошанд. Агар чанде пеш барои онҳо рондани мошин мамнуъ буд, имрӯз онҳо соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуда истодаанд, барномаю лоиҳаҳои бузургро роҳбарӣ менамоянд, нақши онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт тадриҷан зиёд шуда истодааст.
Шоҳзода ислоҳи худро дар ҳаёти фарҳангию сиёсии кишвар шарҳ дода истода, таъкид намудааст, ки “ Давлати мо дар заминаи маҷмуи ақидаҳою эътиқодҳои дар заминаи ислом ташаккулёфта, фарҳанги қабилавӣ, фарҳанги арабӣ, сифатҳои беназири фарҳангу эътиқодоти саудӣ бунёд ёфтааст”. Бояд эътироф намуд, ки андешаи мазкур як таҳаввулоти азим ва ҷиддӣ дар фаҳмиши ислом аст. Исломи муосир бояд ба тамоми фарҳангҳо эҳтиром гузорад. Дар исломи муосир фарҳанги миллӣ дар ҳошия қарор нагирифта, балки мағзи онро ташкил менамояд. Эҳтиром ба фарҳанги дигарон ҳатто дар рафтори паёмбари ислом Муҳаммад(с) низ мушоҳида карда мешуд. Ӯ (с) баъди ба Мадина рафтан ҳатто дар рӯзи рӯзаи яҳудиҳо рӯза гирифтааст. Аз ин нуқтаи назар шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон воқеан ҳам дуруст таъкид намудааст, ки исломи мо бояд исломи озод ва осуда бошад. Ӯ сароҳатан таъкид намудааст: Мо ба он ҳолате, ки пеш будем, бармегардем. Кишвари исломи муътадиле, ки дараш ба тамоми динҳо, анъанаҳо ва одамони тамоми рӯйи замин боз аст”. Бояд таъкид намуд, ки ин иқдом боз ҳам барои эҳтироми худи дини ислом аст. Вақте ин дин динҳои дигарро эҳтиром менамояд, вай ҳатман аз ҷониби динҳои дигар низ мавриди эҳтиром хоҳад буд. Аз ин нуқтаи назар, барномаи пешниҳоднамудаи Шаҳзода Муҳаммад ибни Салмон хосияти баланди инсонпарварона дошта, биниши навро доир ба ислом муаррифӣ менамояд. Ин биниш моҳиятан тамоми афкору аъмол ва рафтору гуфтори ифротии зиддинсониро решакан намуда, бояд афкору аъмол ва гуфтору рафтори созанда, сулҳофар ва нексириштро рӯи кор оварад.
Хулоса, сиёсати пешггирифтаи Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон маҳсули пешрафти фазои нави сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи башарӣ буда, ба тамоми ифротиҳо дар тамоми гӯшаю канори ҷомеаи башарӣ ҳушдор медиҳад, ки ифроту ифпротгароӣ оянда надоранд ва бояд аз ҳар гуна ҷомеа ба таври ҳатмӣ решакан шаванд. Барномаи роҳандозӣ шудаистодаи шоҳзода зери унвони “Биниш – 2030” дини исломро ҳамчун як дини таҳаммулпазир муаррифӣ намуда, дар бунёди ҷомеаҳои солими исломӣ бешак нақши муассир хоҳад гузошт.
Муовини директори Маркази исломшиносӣ Абдухалилзода К.А.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх