Солҳо сипарӣ мегардад ва кас ба саҳифаҳои 35 – соли охири тайшудаи ҳаёт назар андохта, дастовардҳои беназири таърихии 35 – соли даврони Истиқлолият ва душвориҳои дар ин марҳилаи 35 солаи тайшударо пеши назар меорад. Дастовардҳо пеши назаранд ва инқадр меҳмонону саёҳони кишвар аз ин шоҳидӣ медиҳанд…
Дар тўли 70- соли Иттиҳоди Шуравӣ аз забону фарҳангу динамон дур шуда истода будем. Ба масҷидҳо танҳо муйсафедон мерафтанду ҷавонон аз тарси оқибатҳо аз он дур монда, мансабдорону роҳбарон пинҳонӣ дар хонаҳояшон (бо дарҳои баста) намоз мехонданд, зеро аксарашон узви ҳизби ҳукмрони коммунистӣ буданд. Агар каси нокасе ба ҷои даркорӣ хабар медод: Алвидоъ эй вазифа! Роҳбарони ҳизбиро бе ҷаноза ва дар тобут (гроб) ба хок месупориданд. Аз ин лиҳоз соҳибони майит ўро пешакӣ шуста, пинҳонӣ ҷаноза мекарданду, баъди ба хок супоридан, қабрро дубора кофта, ҷасадро аз тобут бароварда, ба кафан печонда, лаҳад канда, дубора майитро ба хок месупориданд ва оёти қуръонӣ мехонданд. Хуллас, пинҳонӣ расму оини исломӣ ба ҷо меоварданд. Зеро дар даврони шуравӣ шиор “Дин – афсуни халқ!” буд! Ҳангоми суханронии мансабдорону халқи оддӣ 50 фисади калимаҳои таркиби забон русӣ буду забони тоҷикӣ дуюмдараҷа маҳсуб мегашт. Урфу одат, анъанаҳои миллӣ дар марҳилаи аз байн рафтан буд. Ҷашнгирии динҳои исломӣ ва миллӣ барои соҳибвазифаҳо қатъиян манъ буду агар ид ба рўзи корӣ рост меомаду коргар аз кор мерафт, муҷозот мешуд. Чопи китобҳои динӣ – роҳхат ба маҳбас! Ҳангоми хонадоршавӣ: Иҷозат танҳо қайд дар “Макони сабти ҳолати шаҳрвандон” бо кардани ангуштпона ба ангушт, тибки расми масеҳиён! Никоҳи мусулмонӣ мамнуъ! Гуш кардани радиоҳои Эрону Афғонистон ғайриимкон буд, зеро бо таҷҳизоти лозима мавҷҳоро мезаданд! Бо ҳамзабонони бурунмарзии хеш сухан рондан: Душмани давлат! Боз ҳазорҳо ҳолоти дигарро овардан мумкин аст, зеро соҳиби ин сатрҳо худ шоҳиди ҳамаи ин аҳвол буд! Шукри Худованд, ҳазорҳо роҳбарони соҳибвазифаи миллатдўсте буданд, ки баъзеҳо барои барқарории адолат шаҳид шудану баъзе роҳбарони хирадманд баъзе камбудиҳои мазкури одамонро нодида мегирифтанду бисёр сахтгирӣ намекарданд… Шукри Худованд соҳибдилоне, ба мисли Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомали Раҳмон, адолатро барқарор намуда истодаанду номи фидокорону шаҳидони муборизи ин миллати соҳибтамаддуни азизро дубора зинда намуда, онҳоро қадрдонӣ менамоянд, хоки мазори поки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур ва Нисор Муҳаммад Юсуфзайро ба Ватан, он ватане, ки ҷони хешро баҳри он нисор намудаанд, оварданд. Ҳоло бошад, озод ва бе ҳарос мусулмонони Тоҷикистону Самарқанду Бухоро, Афғонистон ва ғайра ба оромгоҳи Лучоб рафта ба арвоҳи шаҳидони мазкур оёти қуръонӣ тиловат намуда, бо ин эҳтироми беандозаи хешро нисбат ба шодравонон иброз медоранд. Вале, аминам, шумораи ашхосе, ки дар роҳи истиқлолияти Ватан ва барқарории адолат ҷонбозиҳо намудаанду баъзе шаҳид шудаанд зиёданд ва таърих ҳар чизро дар ҷойи хеш мегузораду фарзандони фарзонаи Ватан адолатро барқарор мекунанд!
Мутаассифона, аз рўзҳои аввали истиқлолият, боз мисли Файзуллохоҷаевҳои хоин зархаридоне пайдо шуданду бо дасисаву дастурҳои хоҷагони хориҷии хеш тухми кинаву адоватро дар байни мардум кошта, ба аланга сузишворӣ пошиданд. Афзус, он нафароне, ки қобилияти таҳлилгароию саводи кофӣ надоштанд, фирефтаи дасисаҳои душманон гаштанд. Натиҷа он шуд, ки ин ҷанги таҳмилӣ, ҷанге, ки бар гардани халқи шарифи Тоҷикистон бор карда шуд, ҳазорҳо бегуноҳону олимону соҳибтахассусонро аз байн бурд ва иқтисодиёти кишварро ба даҳсолаҳо ақиб андохт. Бисёр сокинони Ватан, махсусан русҳо, таҷҳизоти гарону нодирро дар сандуқ (контейне)-ҳо пинҳон карда, ба Русия бурданд. Ба ин кор ба эшон бисёр масъулони ватанӣ, бо гирифтани порае, кумак карданд: Чашми бинояшон кур шуду дар дохили сандуқҳо дастгоҳҳои нодирро надиданд… Нисбат ба эксковатору мошинҳои боркашу таҷҳизоти аз НБО-и Роғун аз ҷониби ширкати Гидроспетсстрой (албатта бо кумаки баъзе мансабдорони ватанӣ) аз хоки Тоҷикистон баровардашуда ҳоҷати гап нест…
Шукри Худованд, бо дастгирии дўстон ва ҷоннисории шахси абармарди таърихӣ, ки ҷони хешро ба хатар андохта, барои истиқрори сулҳу салоҳ дар сарзамини тоҷикон ба Афғонистон рафт ва бо роҳбари мухолифон Абдуллоҳи Нурӣ сари созиш омада, барои таҳкими сулҳу субот дар кишварамон замина фароҳам оварданд, оташи ҷанги хонумонсўзро хомуш намуда, ба ободсозии кишвар заминаи лозима гузошта шуд. Ҳар сол шоҳиди ободиҳои нав ба наву дастовардҳои таърихӣ гардида истодаем. Тасдиқи ҳамаи ин суханҳоро дар таҳсину офаринҳои дар васоити ахбори оммаи хориҷӣ, шабакаи интернет, суханрониҳои зоирону сайёҳони ба кишварамон омада дида метавонем ва ҳамчун миллатдўсту ватандўст аз ин меболему мефахрем. Ҳамаи ин натиҷаи роҳбарии оқилонаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати ҳалоли аҳолии кишвар ва соҳибкорони ватандўсти мо мебошад!
Шукри Худованд, баъди зиёда аз ҳазор сол боз соҳибдавлат шудему давлати мустақилем ва Сарвар дорем! Сарваре дорем, ки ободкор, ятимнавоз, дастгир ва ғамхор аст!
Роҳбаре дорем, ки масоили гуногуни вобаста ба муносибатҳои давлат ба дин, тамоюлҳои номатлуби динию мазҳабии халалдоркунандаи оромию субот ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллию диниро доимо мавриди таҳлилу баррасии ҳаматарафа қарор дода, доир ба ислоҳи камбудию норасоиҳои мавҷудаи ҳозираи ҷомеа пешниҳодҳои зарурӣ матраҳ менамояд.
Ба зумраи дастовардҳои дар зарфи 35 – соли даврони истиқлолияти Тоҷикистон бадастомада ин таъсиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми давлатӣ додан ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва сохтани бинои нави он, роҳҳои мумфарш, корхонаҳои саноатии мухталиф, кандани нақбҳо, нашри Қуръони карим бо тарҷумаи тоҷикӣ, китобҳои “Саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ, “Муснад”-и Имоми Аъзам, “Эҳёи улуми дин” ва “Кимиёи саодат”-и Имом Муҳаммад Ғаззолӣ, таҷлили 1310- солагии пешвои мазҳаб Имоми Аъзам ва дигару дигар амалҳои анҷомдодашударо зикр намудан мумкин аст. Дар муқоиса бо шароити даврони шўравӣ зикр намудан ба маврид аст, ки шумораи масҷидҳо аз 17 адади он замон, ҳоло ба зиёда аз 4 ҳазор, бунёди калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ, теъдоди ҳоҷиён аз 30 каси даврони шуравӣ, тақрибан ба зиёда аз 250 ҳазор нафар расидааст.
Ифтитоҳи Маркази фарҳангии исмоилиён дар ш.Душанбе ва фаъолияти 73 ибодатгоҳи пайравони мазҳаби исмоилия дар ҷумҳурӣ тибқи талаботи қонун, фаъолияти бемонеаи ибодатгоҳҳои намояндагони динҳои ғайриисломӣ, нишонаи возеҳи ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявии Тоҷикистон ва асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ арзёбӣ мегардад.
Танҳо дар даврони истиқлолият бо ғамхории ҳамаҷонибаи Сарвари давлат ҷашнгирии идҳои исломӣ, ғайрикорӣ эълон кардани рўзҳои ид, имконияти озодонаи зиёрати Хонаи Худо, чопу интишори адабиёт ва маводи муҳтавои динидошта, бунёди мадрасаву донишкадаҳои динӣ, мусоидати амалии давлат дар ташаккули фарҳангу маорифи солими динӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии шаҳрвандон муяссар гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро доим ба арҷгузории арзишҳои волои миллию динии худ, ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонӣ ва давлатдории мустақили кунунӣ ва ҳамчунин ба ҳифзи шоистаи давлату миллат ва ваҳдату ягонагӣ, таълиму тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят намуда, таъкидан изҳор менамояд, ки дин бояд воситаи қавии таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва тарғибгари омилҳои рушду пешрафти ҷомеа бошад, на ин ки ҳамчун василаи ҷудоиангезӣ, низоъ ва фитнагари истифода шавад.
Сарвари давлат дар чандин баромадҳои худ ин нуктаро таъкид менамоянд, ки ба ҳар як шахси ватандўсти ба ору номус донистани таърихи 5,5 ҳазорсолаи гузаштагони худ ва аз онҳо ибрат гирифтану ашхоси хайрхоҳро аз бадхоҳ фарқ карда тавонистан воҷиб аст. Зеро, бадхоҳони зархариди миллати бофарҳангу давлати тоҷик бо ҳар роҳу баҳона, даъвоҳои бемавриду беасоси дорои табиати ақрабона, мехоҳанд ваҳдати миллии моро аз байн бибаранд, ғояҳои миллии моро таҳти суол қарор дода, дар пешравии иқтисодии мо монеаҳо эҷод намоянд.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат ва эҳёгари давлати соҳибистиқлоли кунунии тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқи тоҷик муттаҳид гашта, барои ривоҷу равнақ, ташаккулу устувории давлати навини тоҷикон бо ору номусу ҳувияти миллии хеш дар ҷодаи ба кишвари муттарақӣ ва ободу дилрабо табдил додани Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоштааст.
Сад афсус, ҳамаи ин дастовардҳои солҳои охир насибамон гаштаро баъзе ашхоси ақрабманиш нодида гирифта, барои “ҳалол” кардани маблағҳои ҳароми аз хоҷагони худ гирифта, доим дар фикри бадном кардани Тоҷикистон, Сарвари он, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, сўиистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии шахсии хеш мебошанд. Чӣ чора, ки:
Неши ақраб на аз раҳи кин аст,
Муқтазои табиати бадаш ин аст!
Аз ҳамин кинаву адовати диниву мазҳабӣ душманони дохилӣ ва берунии кишварамон истифода бурда, солҳои навадум ҷанги шаҳрвандиро бар дўши тоҷикистониҳо таҳмил намуданду дар натиҷаи он ҳазорҳо бегуноҳон қурбон гашта, оилаҳо бе парастор монданд. Ин ҷанги таҳмилӣ хароботи беандозае ба хонадони тоҷикон оварда, иқтисодиёти моро ба даҳсолаҳо ақаб андохт.
Душманони дохилию хориҷии мо набояд фаромуш созанд, ки ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои нопоки хеш нахоҳанд расид, зеро мо фарзандони баномус ва хайрхоҳи миллат, ҳомиёни содиқи давлат дорем, дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон Сарвар дорему дар атрофи ў ҷамъ омадаему бо ў мефахрем ва бо ин Пешвои маҳбубамон Ватани хешро боз ҳам ободтару зеботар ва машҳуртару маҳбубтар месозем.
Наҷмиддин Салимов – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон