Тадбир аз қувват муқаддамтар аст (Бахшида ба Рӯзи дониш)

«Мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ ва соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир вазифаи муҳиммтарини давлат ва Ҳукумат ба ҳисоб меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони аввали соҳибистиқлолӣ, тағйирёбии ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ барои ақидаву афкори иҷтимоӣ дар мақолаи худ «Роҳи раҳоӣ аз буҳрони азими ҳамагонӣ» 19 марти соли 1993 таъкид намуданд, ки «Мо ба илму маорифу фарҳанги ҳозиразамон, ки мояи ифтихори халқ бошаду мардум аз самараҳои онҳо бархӯрдор буда тавонад, сахт эҳтиёҷот дорем. Ба мо муҳандисону бинокорон, пилотҳою коргарон, муаллимону пахтакорон чун обу ҳаво заруранд. Майдони фаъолият ба ҳамаи онҳо мерасад. Барои ҳамин ҳам нашояд, ки кори имрӯзаро ба фардо вогузорем, мабодо дер намонем, бебозгашт аз қатор наафтем» [1].

Бо дарназардошти муҳиммияти ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010-ум инҷониб зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро самти афзалиятнок эълон карда, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин беҳбудии шароити ҳамаи муассисаҳои таълимии мамлакат доир ба афзун гардонидани маблағгузорӣ ва таъмиру тармим, азнавсозӣ ва барқарорсозии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои ин муассисаҳо тадбирҳои зиёдро амалӣ карда истодааст.

Натиҷаи ин ғамхорист, ки Ҳукумати мамлакат дар 34 соли соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ кардааст [2].

Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин литсей-интернатҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе (20.02.1998), Турсунзода (11.07.2008), Чкалов (27.06.2009), Бохтар (10.08.2011), Хоруғ (16.08.2011), Данғара (25.09.2012), Кӯлоб (28.10.2013) аз ҷониби Президенти кишвар ба истифода дода шуд ва айни ҳол зиёда аз 163 литсею гимназия (84 литсей ва 79 гимназия), яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд, ки хонандагон дар рӯҳияи муҳаббат ба илму дониш соҳиби таълиму тарбия гашта истодаанд.

Бо дарназардошти талаботи муосир, бо тамоми таҷҳизоту технологияҳои зарурии ҳозиразамон мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе (01.09.2012), бинои таълимӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ барои зиёда аз 3000 донишҷӯ бо 22 адад озмоишгоҳҳои техникӣ (01.09.2013) ва кӯдакистони президентӣ дар масоҳати се гектар дар шаҳри Хуҷанд (17.09.2013) ба истифода дод, то ки насли ояндасоз одобу ҳунар ва фарҳангро мероси худ гардонанд.

Инчунин, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат сохтмони бинои марказии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино (25.11.2008), бинои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов (01.07.2010), биноҳои муҳташами факултаҳои физика, математика, геология ва биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (01.09.2010), ифтитоҳи толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунуни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (26.06.2011), бинои иловагии таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (25.09.2013) ва дигар иншоотҳои таълимӣ ба анҷом расонида шуданд ва ин иқдоми созандагӣ идома дорад.

Барои соҳибкасб гардидани насли наврас филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва, филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе, инчунин факултаи муштараки Украинаву Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологӣ, факултаи муштараки муҳандисиву техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ фаъолият доранд. Дар ин муддат, ҷавонон вобаста ба талаботи замон ба омӯзиши фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва илму техникаи навтарин машғул буда, соҳиби касбу ҳунарҳои муҳандисиву техникӣ гашта истодаанд.

Бо мақсади такони тоза бахшидан ба рушди маориф, тарғиби илмҳои дақиқ ва густариши донишу маърифати техникӣ Сарвари давлат соли 2010-умро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуданд. Эълон гардидани «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» барои рушди тафаккури техникӣ, бедории фикрии муҳаққиқони дақиқназари ҷавон нақши асосӣ бозида, аз ҷониби аҳли ҷомеа хеле хуб қабул гардид [3].

Инчунин, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Президенти мамлакат солҳои 2020 – 2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон кард [4].

Сарвари давлат бо он боваранд, ки рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.

Ғамхориҳои падаронаву роҳнамоиву пайгириҳои тулонии Пешвои муаззами миллат дар зиндагии ҳаррӯзаи мардум, дар урфу одат, ахлоқу одоб тағйироти ҷиддӣ ворид намуд ва аҳли илму маърифат ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гардидани насли наврас пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва ҷавонон низ дарк намуданд, ки бузургон номи накӯ аз илму адаб ёфтанд.

Бо дарки масъулият гуфтан мумкин аст, ки вохӯриҳои ҳамасолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Дониш бо  омӯзгорону донишҷӯёни мамлакат, заминаи фарҳангии ҳастии миллатро мустаҳкам намуда, бо суханҳои хирадмандона ва пандомӯз барои ояндаи дурахшони насли наврас – асос, барои устодону омӯзгорон – дастури коргузорӣ ва барои мақомоти ваколатдор – созандагиро роҳнамоӣ мекунад.

Бинобар ин, бояд падару модарон, собиқадорони меҳнату шахсони обрӯманд ва соҳибкорони бонангу номус низ Рӯзи Дониш дар паҳлӯи устодони ҳамабину ҳамадон бошанд ва якҷо донишро бо хирад омехта карда, насли наврасро ба пойгоҳи баланд расонанд. Бо иштироки пирони хирад боварӣ дорам, ки Рӯзи Дониш дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ идонатар гашта, аз иштироки онҳо насли наврас дар руҳияи анъанаҳои неки миллӣ ба камол мерасанд.

 

Адабиётҳо:

  1. Эмомалӣ Раҳмон, Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат., ҷилди 1, “Ирфон”, 2002, саҳ.33
  2. Аз суханронии Президенти мамлакат ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (30.08.2025)
  3. Аз суханронии Президенти мамлакат ба муносибати Рӯзи дониш бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (09.2009)
  4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019

 

Вализода Одинашоҳ,
сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва
диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх