Ифтитоҳи Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Ёвон

26 август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз гардид.

Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Ёвон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон, масъулони ноҳия ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа бо самимият истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон нахуст Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин маҷмааи муҳташами меъморӣ, ки бозгӯй аз таъриху тамаддун, давлатдории миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Ёвон бунёд гардидааст.

Майдони рамзҳои давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар масоҳати 1,1 гектар ҷойгир шудааст.

Сутунпояи Парчами давлатӣ 56 метрро ташкил намуда, матоъи Парчам бо дарозии 15 ва паҳноии 7,5 метр парафшон шудааст.

Таҳкурсии иншоот аз сангҳои хорои ватанӣ бунёд ёфтааст.

Дар паҳлуи Парчами давлатӣ муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ қомат афрохта, ба ҳусни мавзеъ шукӯҳи бештар бахшидааст.

Баландии худи муҷассама 8 метр буда, бо таҳкурсӣ баландии умумии он ба 14 метр мерасад.

Истифодаи масолеҳи баландсифати ватанӣ ва маҳорати ҳайкалтарошони тоҷик ба муҷассама намои хос бахшида, онро ба як асари меъмории дорои мазмуни баланди таърихиву миллӣ табдил додааст.

Гузоштани шер аз ду паҳлӯи муҷассама бозгӯй аз мардонагӣ, ҷасорат ва тавонмандии миллати тоҷик аст.

Рамзи дигари кишвари соҳибистиқлол ва давлатдории навини тоҷикон – Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр сохта шудаааст.

Иншооти муҳташами меъморӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллат хизмат намуда, дар таҳкими худшиносӣ ва ифтихору сарафарозӣ аз давлатдории навини тоҷикон аҳамияти хос дорад.

Имрӯз ин макон на танҳо симои ноҳияи Ёвонро дигаргун кардааст, балки метавонад ба як мактаби маънавии худшиносӣ ва ватандӯстии насли наврас табдил ёбад. Зеро ҳар як рамзи давлатӣ дар ин ҷо ба таърихи миллат, соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои давлатдории миллӣ пайванд дорад.

Баробари ба истифода додани Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Ёвон як гӯшаи нави ободу зебо ва дорои аҳамияти миллӣ ба вуҷуд омад, ки аз ин пас барои баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, инчунин тамошову истироҳати сокинону меҳмонон хизмат хоҳад кард.

Муҳимтар аз ҳама, ин макон метавонад ба мавзеъе табдил ёбад, ки дар он эҳтиром ба Парчам, Нишони давлатӣ, таърихи давлатдории тоҷикон ва арзишҳои миллӣ дар қалби наслҳои нав боз ҳам устувор мегардад.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх