Дирӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар якҷоягӣ бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, конференсияи илмӣ-амалӣ, таҳти унвони “Ташаббусҳои Тоҷикистон дар сархати рӯзномаи ҷаҳонӣ: аз обу иқлим то оини сулҳофарӣ” баргузор гардид. Дар кори конференсия Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Оймуҳаммадзода Илҳомҷон – сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Ардашер Абдуғаффор – муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Номвар Қурбон – номзади илмҳои техникӣ, дотсент, докторанти Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Абдулло Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар конференсия оид ба таҳкими мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат ибрози назар карда шуд. Зимни суханронӣ баромадкунандагон қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар радифи он ки иқдомҳои муассиреро дар самти рафъи мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ рӯ ба рӯ омода буд, амалӣ мекард, ҳамчунин, нақши худро дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари ташаббускор марҳила ба марҳила мустаҳкам намуд. Талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тақвият бахшидани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва рӯ ба рушд ниҳодани давлати тозаистиқлол натиҷа бахшид ва Тоҷикистон рӯ ба тараққиёт ниҳод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста буда, Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо ташаббусу ибтикороти бузург ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва сулҳу субот барои саодати аҳли башар ҳарф мезанад ва кишвари мо дар ин самт яке аз давлатҳои пешсаф дар миқёси ҷаҳон шинохта шудааст.
Дар анҷоми конференсия сиёсати сулҳпарварона ва фарҳангпарварона, инчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд арзёбӣ гардида, баргузории чунин ҳамоишҳо барои густариши маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи шаҳрвандони масъулиятшинос муҳим ва саривақтӣ дониста шуд.
ҲХДТ Сомонӣ