Дар фазои илмӣ-таҳқиқотии ҷомеаи мо коршиносон мавзуи ифротгаройии динӣ ва хатари онро ба субот ва амнияти ҷомеа бисёр баррасӣ менамоянд ва мавриди таҳқиқу таҳлили ҷиддии илмӣ қарор медиҳанд. Аммо мавзуи таассуби динӣ ва хатари он ба ҷомеа, аз чӣ бошад, ки аз назари эшон дар канор мемонад. Вақте ба таассуби динӣ ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ назар меандозем ва кӯшиш менамоем, ки моҳият, сабаб ва пайомадҳои онро таҳқиқ намоем, дармеёбем, ки хатари он аз ифротгаройии динӣ камтар нест. Зимни таҳқиқи ҳар ду падида ва таҳлили муқоисавии онҳо ба осонӣ метавон дарёфт, ки онҳо ба ҳамдигар хеле шабоҳат доранд ва ҳатто метавон гуфт, ки ҳадафи ягонаро пайгирӣ менамоянд, зеро дар бисёр ҳолатҳо маҳз таассуб замина ё маншаи ташаккули ақидаю ҳадафҳои ифротиро ташкил менамояд. Аз ин нуқтаи назар, хатари таассуби динӣ барои субот ва амнияти ҷомеа аз ифротгаройии динӣ камтар нест. Таҳқиқи илмии моҳияти таассуби динӣ, яъне ошкор намудани чистияти он ва пайомадҳои хатарбори он ба суботу амнияти ҷомеа имкон медиҳад, ки дар баробари муқовимат эҷод намудан ба раванди ташаккулу интишори ифротгаройии динӣ ҳамзамон ба таҳкими суботу оромии ҷомеа низ саҳмгузорӣ карда шавад.
Агарчанде таассуби динӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ дар таърихи тамоми динҳо дар ҳамаи марҳилаҳои он ба мушоҳида мерасад, аммо мафҳуми “таассуб”-ро дар шакли аврупоии фанатизм (лат. fanaticus «ҳаяҷони шадид, шадиднок”») бори аввал воиз ва фақеҳи фаронсавӣ Жак-Бенин Боссюэ (1627-1704) ба фазои илмӣ ворид намудааст. Ӯ протестантҳоро, ки таълимоташон на аз қоидаҳо ва муқаррароти калисо, балки пурра аз Худо вобаста аст, мутаассиб ҳисобидааст (Ru.wikipedia.org/wiki/ Религиозный_фанатизм. Рӯзи муроҷиат: 27.07.2026).
Аз чунин нуқтаи назари Жак – Бенин Боссюе чунин бардошт ҳосил мегардад, ки ҳар андеша ва мавқеи бегона, чун қобили қабул нест (агарчи беасос нест, яъне аз лиҳози мантиқ асоснок ва қобили қабул аст, зеро дигар ҷониб низ ҳақ дорад, ки объекти эътиқод дошта бошад), он таассуб маҳсуб меёбад. Ҳамин тариқ, хатари таассуби динӣ барои ҳар гуна ҷомеа дар шароити ҳар чӣ бештар интишор ёфтани низоми гуфтугӯи тамаддунҳо, ҳамзистии фарҳангҳои мухталиф ва тарзи дунявии зисту пешбурди ҳаёт дар он ифода меёбад, ки он ҳама гуна афкору ақоиди бегонаро номақбул ҳисобида, бар зидди он мубориза бурданро ҳатмӣ мешуморад. Чунин нигоҳ ва мавқеъ барои ҷомеаҳои дунявию мардумсолорӣ аз он ҷиҳат хатарнок аст, ки он сарчашмаи низоъ ба ҳисоб рафта, метавонад омили пайдоиши даргириҳои хунини мазҳабӣ шавад.
Қобили зикр аст, ки вожаи “таассуб” арабӣ буда, ба маъноҳои “муҳаббати беандоза ба авлод, миллат ва ҳар чизе, ки худист” ва “дилбастагии кӯр-кӯрона ” тарҷима мешавад.
Ҳамин тариқ, бо дарназардошти маънои луғавӣ ва истилоҳӣ таассуби диниро метавон ҳамчун дилбастагии аз ҳад зиёд ва кӯр-кӯрона ба ғояҳои динӣ ва кӯшишу талоши зиёд барои пайравии ҳатмӣ ба онҳо дар ҳаёти амалӣ, ҳамзамон муносибати манфӣ ва бетаҳаммулона ба дину афкори бегона таъриф дод.
Пайгирии мавзуи мазкур дар таълифоти муҳаққиқон бар он далолат мекунад, ки мафҳумҳои таассуб ва зиёдаравӣ аз ҷиҳати маъно ва таъиноташон ба ҳам наздиканд. Бинобар ин, иддае аз коршиносони соҳаи мазкур онро якҷо истифода мебаранд. (Ниг. Мавқеи имомҳои ислом дар нисбати таассуби мазҳабӣ ва зиёдаравӣ дар дин ва талоши онҳо барои таъмини эътидол”, (ба забони арабӣ), search. mandumah. Com /Record /1174540; “Таассуб, зиёдаравӣ ва фарҳанги эътидол”,(ба забони арабӣ ), alsabaah.ig/24016-.html.). Иддаи дигари коршиносон бар он назаранд, ки “зиёдаравӣ ба ташаддуд (дар луғат: дар чизе сахт истодагарӣ кардан), ки он таассуб аст, меоварад. Ҳамзамон бар он ишора менамоянд, ки ташаддуд ва таассуб ба татарруф (дар луғат: эътиқоди ифротӣ доштан), меоваранд, яъне асли татарруф ташаддуд ва таассуб аст, ки сабаби асосияшон зиёдаравӣ дар дин аст”. (ниг. http://www. elbalad. news/ 6275184)05.-8.2026). Сарчашмаи зикршуда, доир ба мафҳумҳои зикршуда маълумоти бештар пешниҳод намуда, ҳамзамон таъкид менамояд, ки зиёдаравӣ дар луғат “аз ҳад гузаштан аст” ва онро ном танаттуъ (дар луғат: аз ҳад зиёд сахтгир будан), ташаддуд ва тасаллуб(дар луғат: яхбаста будан) аст.
Ҳамин тариқ, зимни таҳлилу таҳқиқи андешаи коршиносон доир ба таассубу зиёдаравӣ ба чунин хулосае хоҳем расид, ки онҳо дар забони арабӣ ҳангоми баррасии мафҳумҳои зикршуда инчунин мафҳумҳои ташаддуд, тасаллуб, татарруф ва танаттуъро истифода бурда, ба мавҷудияти алоқамандии маъноии онҳо ишора менамоянд. Ба қавли дигар, ҳама гуна таассубу зиёдаравӣ ҳамчун амали фитна тадриҷан ба сахтгирию ифрот оварда расонида, омили низоъю тафриқа дар ҷомеа хоҳанд шуд.
Бинобар ин, дини ислом ҳама гуна зиёдаравию таассуб ва сахтгирию ифротро маҳкум намуда, дар муқобили онҳо роҳи васат ва эътидолро роҳи дуруст ва муфиди пайравӣ аз дин тавсия додааст: “ Ва ҳамчунин шуморо гурӯҳе васат (ҳамоне, ки мавқеи мобайниро ишғол менамояд -А.К.) сохтем, то бар мусулмонон гувоҳ бошед ва то расул бар шумо гувоҳ бошад” (Бақара, 143). Қобили зикр аст, ки коршиносон ба се маънои мафҳуми “Васат” ишора мекунанд: Аввал, он маънои адл ва адолатро ифода мекунад, яъне мақсад аз васат таъмини адл аст. Дуюм, бо такя бо мазмуни оятҳои 110 аз сураи “Оли Имрон” ва ояти 28 аз сураи “Қалам” он маънои беҳтаринро медиҳад, яъне бо ишғоли мавқеи васат шахс, гурӯҳ ё ҷомеа аз ҷумлаи беҳтаринҳо маҳсуб меёбад. Сеюм он ба ишғол намудани мавқеи мобайнӣ ишора менамояд, яъне байни ғулув (зиёдаравӣ) ва тақсир (саҳлангорӣ), байни ифрот ва тафрит, байни исроф ва хасисӣ (сарфакории аз ҳад зиёд). (Ал-васатияту фил-ислом. Islamweb.net. 24.08.2026. Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки вожаи “Васат”, ки аз забони арабӣ ба маъноҳои “мобайн, марказ, миёна” тарҷима мешавад, дар баъзе тарҷимаҳои тоҷикӣ “мухтор”, дар базеи дигар “беҳтарин” ва дар тарҷимаи Э. Кулиев ба маънои “ҷамоае, ки мавқеи мобайниро ишғол менамояд” омадааст.
Ҳамин тариқ, дини ислом зиёдаравию сахтгириро маҳкум намуда, онҳоро аз амали ғайриисломӣ маҳсуб медонад ва бар ивази онҳо, чуноне, ки Қуръон мефармояд “ Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад”. Бақара, 185.) осонгириро тавсия медиҳад.
Маънии мазкур дар ҳадис низ бо забони фасеҳ баён ёфттааст: Осонгирӣ кунед, сахтгирӣ накунед. Мардумро башорат диҳед, онҳоро тарсонда, нагурезонед.
Паёмбари ислом хатари таассуб, зиёдаравӣ ва ифротгароиро дарк намуда, барои пешгирӣ аз зиёдаравӣ ва таассуб фармудааст: Аз зиёдаравӣ дар дин эҳтиёт кунед. Ҳар оина онҳое, ки пеш аз шумо буданд, ҳалок шуданд. Дар ҳадиси дигар низ фармудааст: Ҳар оина дин сабукӣ аст. Пайғамбар ҳамчунин мефармояд: Дин матин, устувор аст. Ба он бо мулоимӣ ворид шавед, яъне сайр кунед. Дар дилҳоятон ба сабаби ибодати Аллоҳ ба дин буғзу кина, бадбинӣ эҷод накунед.Ҳар оина мусофирро роҳаш қатъ гардид, аммо ҳадаф иҷронашуда монд. (http://www.elbalad.news/6275184. 27.07.2026).
Агар ба мазмуни се ҳадиси баёншуда таваҷҷуҳ фармоем, мебинем, ки ҳамаи онҳо як маънои равшанро ифода менамоянд. Яъне зиёдаравӣ дар дин амали мамнуъ буда, ба иҷтиноб аз он амр шудааст. Паёмбар барои возеҳ сохтани ногузирии иҷтиноб аз зиёдаравӣ таъкид месозад, ки онҳое, ки пеш аз шумо дар дин зиёдаравӣ намудаанд, ҳалок шудаанд. Ҳамин маъниро паёмбар дар ҳолати дигар ба шакли дигар баён сохтааст: “мутанаттиён (аз ҳад зиёд сахтгир будагон) ҳалок шуданд”. Ӯ ин қавлро се маротиба такрор намудааст (Ниг: http://www.elbalad.news/6275184. 27.07.2026 ).
Қобили зикр аст, ки дурустии амри паёмбарро имрӯз низ мо мушоҳида менамоем. Ҳар шахс ё гурӯҳе, ки дар амри дин ба зиёдаравӣ роҳ додааст, ҳатман ба ҳалокат расидааст ё ва ба ҳалокат расидан дорад.
Бояд гуфт, ки ҳадиси “Дин сабукӣ аст.” ҳадиси якумро шарҳ дода истода, онро боз ҳам фаҳмотар мегардонад. Яъне, дар дин шахс бояд ба мушкилӣ дучор нашавад. Ба қавли дигар, сабукӣ будани дин ба маънои он аст, ки иҷрои муқаррароти он ба шахс набояд нороҳатӣ эҷод намояд. Шахс бояд ҳама гуна талаботро бо руҳи болида бидуни эҳсоси машаққат адо намояд. Маънои мазкур бо лафзи фасеҳу равшан дар оятҳои қуръонии зерин низ баён ёфтаанд: Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба миқдори тоқаташ воҷиб намекунад (Бақара, 286.). Ин маънои онро дорад, ки агар иҷрои амали шаръие барои шахс тоқатнопазир бошад, иҷрои он барои ӯ воҷиб нест, зеро чуноне аз мазмуни ҳадиси сеюм бармеояд, тавассути сахтгирӣ дар дин дар дили мардум имкон дорад, ки нисбат ба дин бадбинӣ эҷод шавад. Дар чунин ҳолат шахси диндор мусофиреро мемонад, ки сафараш анҷом напазируфтааст. Яъне, диндор дар дин ба мақсадаш нарасидааст.
Дар робита ба зиёдаравию сахтгирӣ ҳаминро низ бояд таъкид сохт, ки тибқи ҳадиси паёмбар шахси зиёдараву сахтгир дар рӯзи қиёмат аз шафоати паёмбар маҳрум хоҳад буд. (http://www.nasan. net/ index. php? page=YWR2aXNvcnk. Рӯзи муроҷиат: 05.08.2026).
Акнун ба саволи мавриди баҳс, ки магар, иддае аз домуллоҳои мутаассиби ҷомеаи мо ва пайравони гурӯҳҳои ифротии олами ислом аз муҳтавои фармудаҳои дини ислом бехабаранд, ки ба чунин аъмоли нописандида даст мезананд, бояд чунин ҷавоб дод, ки не, онҳо бехабар нестанд. Онҳо бохабаранд, лекин додаи нафси хешанд. Яъне, онҳоро насфи саркаш идора менамояд, на ақли роҳнамою дурандеш. Афроди мазкур хоҳишу орзую нақшаю талаботҳои худро меъёр қарор дода, аз номи дин сухан меронанд. Яъне, дин барои онҳо олати пешбурди зиндагӣ, василаи касби обрую нуфуз, силоҳи бадастории ҳокимият ва дигар ҳадафҳои дунявии аз нафс маншаъгиранда аст. Бинобар ин, тамоми гуфтору рафтори гуруҳҳои зикршуда на холисона, балки риёкорона мебошад.
Аз ин нуқтаи назар мисраҳои зерин дар нисбати афроди мазкур комилан ҳақ мебошанд:
Сари кӯҳи баланд як дона хурмо,
Ҷаҳаннам шуд ватан аз дасти мулло.
Магар як рӯз меояд ватандор,
Шавад поҳои мулло низ боло.
Андешаҳои баёнгардидаро ҷамъбаст намуда, мехоҳем ёдовар шавем, ки дини холис бояд аз ҳар гуна таассубу зиёдаравӣ ва сахтгирию ифрот пок бошад ва иҷрои муқаррароти он озодона аз самими қалб бо руҳи болида иҷро гардад, дар акси ҳол он зоҳиран дин асту моҳиятан дин нест. Он бештар ба маҷмуи анъанаҳои мардумие мемонад, ки иҷроиши онҳо танҳо ба хотири он аст, ки гузаштагон онҳоро иҷро мекарданд. Дар чунин тарзи диндорӣ унсури асосии дин-қудсияти объекти парастиш ягон зарра эҳсос намегардад.
Барои он, ки дин ҳам моҳиятан ва ҳам зоҳиран дин бошад, бояд аз ҳар гуна таассубу ифрот ва зиёдаравию сахтгирӣ иҷтиноб варзид, то дин озодона мувофиқи хоҳиши шахси ибодаткунанда пайравӣ гардад. Агар чунин нест, пас, вай дин набуда, тақлиди анъанаи гузаштагон аст.
Муовини директори
Маркази исломшиносӣ
Абдухалилзода К.А.