Бешубҳа, дар тамоми давраҳои таърих пешрафти ҷомеа, шукуфоии давлат ва сарбаландии миллатҳо пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, маърифат ва фарҳанги мардум вобаста будааст. Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки миллатҳое, ки ба илму дониш такя кардаанд, тавонистаанд дар арсаи тамаддуни башарӣ мақоми шоистаро касб намоянд. Мардуми тоҷик низ аз қадимулайём миллати фарҳангсолор ва донишпарвар буда, фарзандони фарзонае чун Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Закариёи Розӣ, Абунасри Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо чеҳраҳои дигари барҷастаро ба ҷаҳониён тақдим намудааст.
Танҳо Абӯалӣ ибни Сино беш аз 450 рисола дар соҳаҳои мухталифи илм навиштааст, ки то замони мо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Аз ин шумора, 150 рисола ба илми фалсафа ва беш аз 40 рисола ба соҳаи тиб бахшида шудаанд. Машҳуртарин осори ӯ – «ал-Қонуну фи-т-тиб» (Қонуни тиб) ва «аш-Шифо» (Китоби шифо) – дар донишгоҳҳои Аврупо то садаи XIX чун китобҳои дарсӣ тадрис мешуданд. Ин худ гувоҳи он аст, ки вусъат ва амиқии дониши як инсон метавонад ба сатҳе бирасад, ки асрҳои дароз дар тамоми ҷаҳон мавриди истифода қарор гирад.
Аммо шояд муҳимтар аз худи осори гаронбаҳои Ибни Сино, роҳи расидан ба ин қуллаҳои баланди илму маърифат бошад. Зеро мероси воқеии ӯ на танҳо садҳо китобу рисолаҳои илмӣ, балки намунаи олии донишҷӯӣ, меҳнатдӯстӣ, худсозӣ ва талоши пайвастаи ӯ барои расидан ба камол мебошад.
Маҳз ҳамин паҳлуи рӯзгор ва талошҳои илмии Шайхурраис (лақаб ё дараҷаи илмии Ибни Сино) барои ҷавонони имрӯз намунаи барҷастаи ибрат аст. Бино ба ақидаи муаррихон ва зиндагиноманависон, ӯ ҳанӯз дар синни ҳаждаҳсолагӣ ба умқи тамоми улуми замони худ расида буд. Худи ӯ дар тарҷумаи ҳолаш чунин гуфтааст:
«Вақте ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидам, омӯзиши тамоми ин илмҳо (илмҳои замонаи худро – Ф. Х.) ба поён расонда будам. Дар он рӯзгор ҳофизаи ман нисбат ба имрӯз қавитар буд, вале имрӯз донишу дарки ман дар улум пухтатар ва амиқтар шудааст. Бо вуҷуди ин, появу мояи илмии ман ҳамон аст, ки дар он замон омӯхта будам ва чизи нави дигаре бар он афзуда нашудааст».
Дар ҷои дигар мегӯяд:
«…тамоми илмҳоро ба таври устувор аз худ намудам ва то ҳадди имкони шахсӣ ва тавоноии инсонӣ бар онҳо огоҳӣ ёфтам».
Ин иқрори самимӣ ва таърихии Шайхурраис гувоҳи он аст, ки ӯ дар баҳори умри худ калиди тамоми улуми роиҷи замонро ба даст оварда, ба мақоми олии тахассус расида буд.
Бояд қайд кард, ки доираи илмҳое, ки Ибни Сино дар онҳо ба камол расида буд, танҳо ба тиб ва фалсафа маҳдуд намешуд. Ӯ дар илми ҳайат (ахтаршиносӣ), кимиё, заминшиносӣ, мантиқ, риёзиёт, физика, равоншиносӣ ва ҳатто шеър низ дасти тавоно дошт. Ӯро ба ҳақ «падари пизишкии муосир», «падари геология» ва асосгузори мантиқи синоӣ меноманд.
Шояд барои баъзе ҷавонони имрӯз чунин намуна ғайривоқеӣ ва дастнорас намояд. Шояд касе бигӯяд: «Ибни Сино куҷову мо куҷо?! Ӯ нобиғаи аср, алломаи даҳр ва шахсияти нодиру нотакрор буд. Магар касе метавонад ба пояи ӯ бирасад?»
Бале, дуруст аст, ки Абӯалӣ ибни Сино воқеан нобиғаи таърих ва яке аз чеҳраҳои истисноии тамаддуни башарӣ буд. Вале мақсад аз ёдоварии ӯ ин нест, ки ҳар як ҷавон ҳатман бояд тамоми илмҳои замони худро фаро гирад ва ё ба мақоми Ибни Сино бирасад.
Биёед ба ин масъала аз дидгоҳи замони муосир назар андозем:
Имрӯз аз ҷавони мо талаб карда намешавад, ки мисли Сино тамоми илмҳои даврон – аз тиббу фалсафа то нуҷуму мусиқиро ба таври куллӣ фаро гирад. Зеро замони мо замони тахассусҳои маҳдуд ва амиқ аст.
Чӣ мешавад, агар ҳар як донишҷӯ, ҳар як хонанда ва ҷавони мо танҳо дар як соҳаи интихобкардаи хеш чунон мутахассиси забардаст гардад, ки бо боварии комил ва сари баланд бигӯяд: “Ман дар ихтисоси худ то ба ҳадди ниҳоӣ моҳир шудаам ва кишварам метавонад дар ин самт ба донишу сифати кори ман такя кунад!”
Агар Ибни Сино дар шароити ҳазору чанд соли пеш, бидуни интернет, бидуни китобхонаҳои рақамӣ ва технологияҳои муосир, дар синни ҳаждаҳсолагӣ ба умқи илмҳои даврон расида бошад, чӣ монеае вуҷуд дорад, ки ҷавони имрӯзаи мо бо ин ҳама имкониятҳои муҳайёкардаи давлату ҳукумат, ҳатто дар як соҳаи мушаххас (масалан, барномасозӣ, муҳандисӣ, биотехнология ё тиб) мутахассиси дараҷаи аввал ва замонавии кишвари худ нагардад?
Дар замони мо ҷавонон аз имкониятҳое бархурдоранд, ки наслҳои пешин ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонистанд. Интернет, китобхонаҳои рақамӣ, курсҳои омӯзишии байналмилалӣ ва воситаҳои муосири иртиботӣ имкониятҳои фарохеро барои донишомӯзӣ фароҳам овардаанд. Аз ин рӯ, муваффақият имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар ба ирода, ҳадафмандӣ ва меҳнати худи инсон вобаста аст.
Чаро ҳар як ҷавони мо бо ифтихор ва бо виҷдони ором натавонад бигӯяд: «Ман дар соҳае, ки таҳсил кардаам, тамоми қувва, вақт ва тавоноии худро сарф намудаам ва кӯшидаам то ба ҳадди имкон мутахассиси варзида ва донишманди соҳаи худ бошам».
Ҷомеа аз мо талаб намекунад, ки ҳама нобиға бошем, вале ҳақ дорад аз мо талаб кунад, ки дар касбу ихтисоси худ саҳлангор, сатҳӣ ва миёнаҳол набошем. Зеро пешрафти миллат на аз ҳисоби нобиғаҳои ангуштшумор, балки пеш аз ҳама ба шарофати ҳазорон мутахассиси босавод, виҷдонманд ва масъулиятшинос таъмин мегардад. Ҷомеа ба табибони донишманд, омӯзгорони соҳибмаърифат, муҳандисони соҳибкасб, иқтисоддонҳои кордон, олимони навовар ва мутахассисони содиқу ватандӯст ниёз дорад.
Имрӯз ҷомеаи мо пеш аз ҳама ба диплом не, балки ба дониш, маҳорат ва сифати баланди касбӣ ниёз дорад. Обрӯи ҳар як миллат ва рақобатпазирии ҳар як давлат пеш аз ҳама аз сифати мутахассисони он вобаста аст. Бинобар ин, фарҳанги сатҳигароӣ ва қаноат кардан ба дониши нопурра бояд ҷойи худро ба фарҳанги камолот, масъулиятшиносӣ ва касбияти баланд диҳад.
Дар ҷаҳони муосир замони донистани ҳама чиз гузаштааст. Имрӯз замони мутахассисони воқеӣ ва соҳибмаҳорат аст. Маҳз ҳамин гуна мутахассисонанд, ки давлатҳоро пешрафта, иқтисодҳоро пурқувват ва ҷомеаҳоро обод месозанд.
Аммо тахассусмандӣ ҳолати якбор ба даст оянда нест; маҳорати касбӣ ё соҳибихтисос шудан чизе нест, ки онро танҳо як маротиба ба даст оварда, ором бишинем. Ин раванд якдафъаина набуда, балки кӯшишу талоши мунтазамро талаб мекунад. Дар ҷаҳони муосир, ки дониш ва технологияҳо бо суръати бесобиқа тағйир ёфта, такмил меёбанд, мутахассиси воқеӣ касест, ки омӯхтанро ҳеҷ гоҳ қатъ намекунад. Имрӯз дар ҷаҳон мафҳуми «омӯзиши якумрӣ» (lifelong learning) ба яке аз арзишҳои асосии ҷомеаи донишбунёд табдил ёфтааст. Донишгоҳ танҳо оғози роҳи донишомӯзист, на поёни он.
Бинобар ин, барои ҷавонони мо муҳим он нест, ки дар ҳама соҳаҳо аз ҳама чиз андаке донанд, балки муҳим он аст, ки дар соҳаи интихобкардаи худ ба дараҷае аз камол бирасанд, ки боиси ифтихори хеш, хонавода, ҷомеа ва Ватани худ гарданд.
Имрӯз вазифаи мову шумо маҳз аз ҳамин иборат аст: мо бояд ба ҷавонон роҳ нишон диҳем ва ба онҳо собит созем, ки «Сино шудан» дар соҳаи худ амри имконпазир аст. Мо набояд танҳо бо гузаштаи бузурги худ фахр кунем, мо бояд гузаштаро заминае барои сохтани ояндаи дурахшон қарор диҳем. Ва шояд беҳтарин тарзи арҷгузорӣ ба мероси бузургони мо низ ҳамин бошад: на танҳо ифтихор кардан аз гузаштагони бузург, балки идома додани роҳи онҳо дар шароити замони худ. Зеро мероси ҳақиқии Абӯалӣ ибни Сино танҳо китобҳои ӯ нестанд; мероси воқеии ӯ рӯҳияи донишҷӯӣ, ҷустуҷӯи ҳақиқат, худсозӣ ва талоши пайваста барои расидан ба камол мебошад.
Ҳаёти Абӯалӣ ибни Сино ба мо меомӯзад, ки муваффақият пеш аз ҳама натиҷаи истеъдод нест, балки самараи заҳмати пайваста, интизоми шахсӣ ва муҳаббати беандоза ба дониш аст. Бузургон на танҳо бо нобиға будан, балки пеш аз ҳама бо меҳнати бузург, сабру таҳаммул ва талоши доимӣ ба қуллаҳои баланд расидаанд.
Бинобар ин, биёед ҳар кадоме дар ҷойи кори худ, дар маҳалла ва хонадони худ тарғибгари ин фарҳанг бошем: фарҳанги тахассусмандии баланд, фарҳанги дониши амиқ ва масъулиятшиносӣ дар баробари Ояндаи Тоҷикистон!
Файзуллозода Х. Ҳ. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»