Дар семинари омӯзишӣ ва ҳамоиши идона директори Марказ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор, Холиқзода Абдураҳим Ғафор иштирок ва зимни суханронии ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки Истиқлолият масъулият аст ва барои мардуми тоҷик муқаддастарин арзишҳо ҳастанд.
Дар идомаи ҳамоиш кормандони Марказ доир ба моҳияти Истиқлол ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли миллӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ