Асри 10 дар таърихи тамаддуни Шарқ давраи рушди босуръати илмҳои дақиқ ба шумор меравад. Дар ин давра шаҳрҳои Мовароуннаҳр, Хуросон ва минтақаҳои ҳамҷавор ба марказҳои муҳими илмӣ табдил ёфта буданд. Математика, тиб, фалсафа, ҷуғрофия ва астрономия рушд мекарданд ва донишмандони ин минтақа барои таҳқиқи қонунҳои табиат аз мушоҳида, ҳисоб ва таҷриба истифода мебурданд. Саҳми мутафаккирони тоҷик на танҳо дар ин давра, балки дар марҳилаҳои мухталифи олами ислом хеле назаррас аст: «Дар олами ислом (тоҷикон) аввалин шуда мадрасаву низомияҳоро (Низомулмулк) таъсис ва рушд доданд. Дар тамоми давраи асрҳои миёна садрнишинони улуми дунявӣ ва ҳам динӣ буданд. Илмҳое чун тиббу табиъиёт, мусиқӣ, риёзӣ, нуҷум, кимиё, мусалласот (Сино, Розӣ…ҳо, Ҷурҷонӣ, Суфӣ, Ҷобир, Берунӣ, ал-Хоразмӣ, Хуҷандӣ, Хайём, Тӯсӣ, Кошонӣ, Ибни Мӯсо…-ҳо, ал-Балхӣ, Гургонӣ ва ғ.), адабиёти ҷаҳонгир (ҳадди ақалл, бештар аз панҷ ҳазор шоири соҳибдевон…), наққошию (Беҳзод), хаттотӣ (Ибни Муқла, Миръалӣ), китобнигории олӣ ва амсоли инҳоро авҷи пешравию тараққӣ расониданд. Дар маҷмуъ, натанҳо номи халқи пуршарафе бо номи «тоҷик»-ро ба вуҷуд оварда, онро ҳамчун алами илму маърифат ва тамаддуни пешрафтаи башарӣ барафроштанд, балки ин номи шарифро барои ҳамешагӣ ҷиҳати ифтихору сарафроштагии фарзандону наберагони худ барои садсолаҳо, балки барои абад ба ёдгор гузоштанд, то наслҳои баъдишон сиришта бад-ин ифтихороти азими ҷаҳонгир болидарӯҳ боқӣ монанд ва ин ифтихороти пайваста рӯзгорашон мӯҷиби пешравию тараққии мудоми миллиашон буда бошад» (Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ. Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои 7-15). Душанбе: «Эр-граф», 2022, саҳ.4).
Яке аз ин донишмандони барҷастаи фарзонаи тоҷики асри 10-ум, ки соҳибобрӯю соҳибифтихору соҳибшаҳомату соҳибшукуҳии ин миллати куҳанбунёдро бори дигар исбот намудаасту дар рушди астрономияи мушоҳидавӣ, математика ва сохтани асбобҳои илмӣ саҳми назаррасе гузоштааст, Абумаҳмуди Хуҷандӣ мебошад (болотар номи шарифашро олими шинохтаи тоҷик Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ зикр намудааст). Номи пурраи ӯ Абумаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ (ابومحمود حامد بن خضر خجندی) мебошад. Мавсуф тақрибан солҳои 940-945-уми милодӣ дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушуда, соли 1000-уми мелодӣ дар шаҳри Рай ин дунёро падруд гуфтааст (Абдулла-заде Х. Ф., Негматов Н. Н. Абу Махмуд Худжанди. Душанбе, «Дониш», 1986; Худжанд: Энциклопедия / Хукумат Ленинабад. обл.; Гл. ред. Абдуллаев С. А. Душанбе: Гл. науч. ред. Таджик. энцикл., 1999, стр. 590). Манбаъҳои илмӣ маълумоти муфассал дар бораи ҳаёти шахсии ӯро нигоҳ надоштаанд, аммо осори илмӣ ва маълумоти донишмандони баъдӣ имкон медиҳанд, ки ҷойгоҳи ӯ дар таърихи илм муайян карда шавад.
Оид ба олими тоҷик будани Абумаҳмуди Хуҷандӣ ҳанӯз дар даврони шӯравӣ як зумра олимони ватанию хориҷӣ асарҳои мухталиферо иншо намуда буданд, шояд ҳамин ҳам каме садди роҳ шуда бошад, ки то ҳол ягон миллати дигари ба худтаърихсозе ӯро соҳибӣ накардааст (Jonathan Powell. Rare Astronomical Sights and Sounds.Springer, 2018, р. 36, …al-Khujandi, was a Central Asian astronomer and mathematician…; Edgardo Marcorini. The History of Science and Technology: A Narrative Chronology. 1988, р. 91. …Transoxian astronomer al-Khujandi…; Негматов Н. Н. Хорезм и Мухаммад ал-Хорезми в мировой истории и культуре: к 1200-летию со дня рождения. Душанбе «Дониш», 1983, 218 с.; О’Коннор, Джон Дж.; Робертсон, Эдмунд Ф., «Абу Махмуд Хамид ибн аль-Хидр Аль-Худжанди», Архивная копия от 28 мая 2022 на Wayback Machine Архив истории математики MacTutor, Сент-Эндрюсский университет).
Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар рушди астрономияи мушоҳидавӣ, математика ва сохтани асбобҳои илмӣ саҳми назаррас гузоштааст. Номи ӯ, пеш аз ҳама, ҳамчун мунаҷҷим (ситорашинос)-и мушоҳидагар бо сохтани бузургтарин асбоби азими девории ситорашиносии «Судси Фахрӣ» ва мушоҳидаҳои дақиқи ӯ оид ба ҳаракати Офтоб машҳур аст. Ин асбоби азими ситорашиноси дар наздикии шаҳри Рай, дар замони ҳукмронии Фахруддавла Абулҳасан Алӣ ибни Рукнуддавла (953-997), фармонравои Рай ва Ҳамадон (аз хонадони Оли Бӯя) ва бо дастгирии ӯ сохта шудааст. Мувофиқи маълумоти Энсиклопедияи биографии ситорашиносон, асбоб тақрибан 60 дараҷаи камони меридианиро фаро гирифта, диаметри умумии сохтори он тақрибан 43 метр будааст. Миқёси он то 10 дақиқа тақсим мешуд ва ин барои замони худ имконоти хеле баланди ченкуниро фароҳам меовард. Асбоби мазкурро метавон яке аз бузургтарин дастгоҳҳои илмии ҷаҳони асрҳои миёна донист.
Абумаҳмуд Ҳомиди Хизри Хуҷандӣ ҳамчун олими риёзидон (математик) ва ситорашиноси зодаи Хуҷанд маъруфу машҳур буда, дар обсерваторияи наздикии шаҳри Рай солҳои тӯлонӣ фаъолият намудааст (1.Асадуллозода Х.Ф. Абумаҳмуди Хуҷандӣ, «Дониш», 1986,саҳ. 69. 2. Неъматов Н.Н. Хорезм и Мухаммад ал-Хорезми в мировой истории и культуре: к 1200-летию со дня рождения. Дониш, 1983, стр.21).
Соли 994 ӯ аввалин зовисанҷи бузурги девориро, махсус барои муайян намудани майлони дақиқи меҳвари Замин, ихтироъ намудааст.
Абурайҳони Берунӣ солҳои 995-997 ҳангоми сафараш ба шаҳри Рай дар он ҷо бо ин олими машҳури тоҷики риёзидон ва ситорашиноси зодаи Хуҷанд шинос шуда, бо ӯ дӯстӣ пайдо мекунад. Тавре Абурайҳони Берунӣ зикр намудааст, ӯ аз Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Рай секстант (зовиясанҷ)-и ӯро меомӯзад ва соли 997 ба зодгоҳаш баргашта, дар асоси он глобусро ихтироъ намуда, онро барои муайян кардани арзу тӯли шаҳрҳо истифода мебарад.Ба қалами Абумаҳмуди Хуҷандӣ асарҳои дар илми кайҳоншиносӣ навиштаи “Китоб андар истифодаи устурмаолиб”, “Китоб андар таҷҳизоти ҳаматарафа (универсалӣ)”, “Китоб андар пештоки уфуқ”, “Китоб андар муайянкунии майлони мадори Офтоб”, “Китоб андар муайянкунии тамоили ҷирм ва арзи маҳал”, “Китоб андар азимути Қибла” ва ғайра тааллуқ доранд.
Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар китоби таълифнамудаи хеш “Китоб андар соатҳои сипаришудаи шаб” (дар як вақт бо олимони тоҷикзабони асри 10-Абулвафо Муҳаммад ибн Муҳаммади Бузҷонӣ (940, Бузҷон/998, Бағдод) ва Абунаср Мансур ибни Алӣ ибни Ироқи Ҷаъдӣ (960, Хоразм/1036, Ғазнӣ-устодони Абурайҳони Берунӣ) теоремаи синусҳоро барои секунҷаи сферикӣ (ҳаракат аз тарафҳои гуногун ба як нуқта) исбот намуд, ки он ҳалли масоили илми ситорашиносии сферикии қаблан бо теоремаи Менелай ҳал мешударо осон гардонид (О’Коннор, Джон Дж.; Робертсон, Эдмунд Ф., «Абу Махмуд Хамид ибн аль-Хидр Аль-Худжанди», Архивная копия от 28 мая 2022 на Wayback Machine Архив истории математики MacTutor, Сент-Эндрюсский университет).
Фаъолияти Абумаҳмуди Хуҷандӣ танҳо бо илми ситорашиносӣ маҳдуд нашудааст. Ӯ дар соҳаи риёзиёт (математика) низ асарҳо ва андешаҳои муҳим доштааст.
Махсусан, номи ӯ дар таърихи математика бо масъалаи муодилаи дараҷаи сеюм ва шакли махсуси масъалае, ки имрӯз бо теоремаи охирини Ферма барои нишондиҳандаи (n=3) алоқаманд дониста мешавад, зикр мегардад.
Абумаҳмуди Хуҷандӣ аз худ 2 асар бахшида ба илми риёзиёт ва 6 асар бахшида ба илми кайҳоншиносии зеринро аз худ ба мерос гузоштааст, ки онҳо то ба имрӯз дар китобхонаҳои Бейрут, Қоҳира, Оксфорд, Порис ва Теҳрон маҳфузанд:
«Масоилу мутафариқа ҳандасия» (مسائل متفرقة هندسية);
«Китобу-л-олоти-ш-шомила» (كتاب الآلة الشاملة);
«Рисола фи тасҳиҳи-л-майл ва-л-арзи-л-балад» (الميل وعرض البلد تصحيح في رسالة);
«Китобу-л-амал би-з-зарқола» (كتاب العمل بالزرقالة);
Рисолату-с-сафиҳати-л-офоқияти-л-мусаммо би-л-ҷомиати мина-л-аструлоби ва амалиҳи» (رسالة الصفيحة الآفاقية المسماة بالجامعة من الأسطرلاب وعمله);
«Китобу самти-л-қибла» (كتاب سمت القبلة);
«Китобу фи соъоти-л-мозияти мина-л-лайл» (كتاب في ساعات الماضية من الليل).
Ба ифтихори ин аломаи тоҷик, боғи соли 1980 ба истифодадодашудаи «Планетарияи ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд, баъди азнавсозӣ ва ивази номи он ба «Боғи ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ», 26 марти соли 2020 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора кушода шуд. Дар даромадгоҳи боғ асар (композитсия)-и ҳайкалтарошии иборат аз пайкари 6,5 метраи Абумаҳмуди Хуҷандӣ якҷоя бо телескоп гузошта шудааст. Боғи мазкур хело зебою дилрабою дилкаш буда, ба макони сайру гашт, истироҳати сокинони ш.Хуҷанди Бостон-Тирози ҷаҳон ва меҳмонони дохилию хориҷии Тоҷикистони азизамон табдил гаштааст.
Наҷмиддин Салимов – мутахассиси пешбари шуъбаи таърихи исломи муосир