Фаҳми ҳуқуқ дар асл ҷиддӣ ва мураккаб аст

ТАҚРИЗ

Ба асари доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор «Ҳуқуқ ва масъалаҳои рушди ҷомеаи муосир» (Китоби 3). – Душанбе: «ЭР-граф», 2026. – 548 с. (Эҳдо ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон)

 

Дар шароити таҳаввулоти куллии иҷтимоӣ-сиёсӣ, рақамикунонӣ ва эҷоди низомҳои нав дар фазои илмӣ, таҳқиқи мукаммал ва ҳаматарафаи фалсафаи ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон ва ташаккули худшиносию ҳувияти миллӣ яке аз самтҳои калидии илми ҳуқуқшиносии муосир ба шумор меравад. Аз ин манзар, асари навбатии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор таҳти унвони «Ҳуқуқ ва масъалаҳои рушди ҷомеаи муосир» (Китоби 3), ки аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, посухи саривақтӣ ва илман асоснок ба талаботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва фазои илмии минтақавию ҷаҳонӣ мебошад.

Асар аз муқаддима («Чанд андеша дар ҳошияи фаҳми ҳуқуқ ва ҳуқуқи миллӣ»), се фасл ва ҳафт боби ягонаи дорои параграфҳои сершумори мантиқан пайваст иборат буда, ҷанбаҳои мухталифи онтологӣ, гносеологӣ ва аксиологии ҳуқуқро мавриди таҳлили амиқ қарор медиҳад.

Муаллиф асарро бо суханони ҳикматомези «Авесто» – «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» ва андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд» оғоз мебахшад. Ин нишондиҳандаи он аст, ки пажуҳиши мазкур бар решаҳои амиқи таърихӣ ва мероси маънавиву ахлоқии халқи тоҷик асос ёфта, пайванди онро бо андешаҳои фалсафии ҷаҳонӣ (аз ҷумла Гегел ва Пифагор) равшан месозад.

 

Барои арзёбии асари бузургҳаҷм ва муҳимми Холиқзода А.Ғ., метавон аввал ба ду нуктае ишора намуд, ки китобро хос, муҳим ва хондани намудаанд.

Якум, асар дорои равиши махсуси илмию методологии худ буда, сохтори он ба тарзи бисёр дақиқ ва бо пайвасту пайдарҳамии мантиқӣ чида шудааст. Муаллиф фалсафаи ҳуқуқ, ҳуқуқи миллӣ, табиати консептуалии ҳуқуқфаҳмӣ ва таносуби онро бо ҳуқуқи инсон фасл ба фасл бозкушоӣ карда, ҷараёну марҳалаҳои ташаккули фаҳмиши ҳуқуқиро дар шароити таҳаввулоти ҷомеаи муосир боз намудааст. Ин аст, ки бо тафовут аз аксари асарҳои дар ин мавзуъ дастрасшуда, китоби мазкур моҳияти ҷомеъ ва фарогир ёфта, тақрибан тамоми паҳлуҳои назариявӣ, фалсафӣ ва методологии ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсонро дар бар гирифтааст.

Дуюм, гарчӣ муаллиф барои такмили андешаҳои худ аз доираи васеи адабиёти илмию фалсафӣ ва доктринаҳои муосир истифода кардааст, лек нуктаи дигари қувватдиҳандаи асар маҳз дар он аст, ки худи муаллиф ҳамчун пажуҳишгари амиқ ва шинос бо манзараи ҳуқуқии муосир, диду таҷрибаи назариявӣ ва амалии худро ба он афзуда, ба асар рӯҳ ва динамикаи хосса бахшидааст. Яъне, муаллиф таҳлили амиқи фалсафӣ ва таҷрибавии худро низ бар он афзудааст. Табиист, ки ин ҳолат аҳаммияту мустанадии асарро дучанд менамояд.

Худи китоби «Ҳуқуқ ва масъалаҳои рушди ҷомеаи муосир» аз баррасии амиқи яке аз масъалаҳои муҳиммтарини илмҳои фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ, яъне оламу фаҳмиши ҳуқуқ ва онтологияву гносеологияи он оғоз мегардад. Ин мавзӯъ дар пешгуфтор («Муқаддима ба китоби сеюм: Чанд андеша дар ҳошияи фаҳми ҳуқуқ ва ҳуқуқи миллӣ») ва боби якуми китоб («Ҳуқуқфаҳмӣ дар шароити муосир: ҳолат, мушкилот ва дурнамо») матраҳ шуда, муаллиф талош мекунад, ки нисбат ба ин саволи ҷовидонии илми ҳуқуқ назари худро баён созад ва онро исбот намояд. Бо ин мақсад, ӯ масъалаҳои тазодмандии ҳуқуқ, таносуби арзишҳои ҳуқуқӣ, назарияҳои позитивизми муосири ҳуқуқӣ, ҳуқуқи фитрӣ (табиӣ), консепсияи либертарӣ-ҳуқуқии академик В. Нерсесянс ва сотсиологияи ҳуқуқро ба таври васеъ баррасӣ менамояд.

Дар қадами баъдӣ, муаллиф бо овардани мисолҳои мушаххас ва фаровон аз назарияву намудҳои ҳуқуқфаҳмӣ ва таносуби онҳо дар паҳнои тамаддуни Шарқу Ғарб, тезиси асосии худро ба пуррагӣ исбот менамояд. Ин усули коргирифтаи Холиқзода А.Ғ. имкон медиҳад, ки масъала ҳам аз ҷиҳати илмию назариявӣ исбот ёбад ва ҳам аз назари таҷрибаю амалӣ устувор карда шавад. Яъне, метавон гуфт, ки ҳар як боби рисола ба танҳоӣ як асари мустақили илмию таълимӣ мебошад, зеро бар хилофи асарҳои тавсифӣ ё нақлӣ, дар он мавзуи мавриди назар бо бунёди илмию назариявӣ устувор карда шудааст.

Аҳаммияти фаслҳо ва бобҳои асосии китоб:

Фасли I: Фалсафаи ҳуқуқ ва ҳуқуқи миллӣ (Бобҳои 1 ва 2): Муаллиф дар баробари аҳаммияти илмӣ ва сиёсӣ, аҳаммияти махсуси маълумотиву сарчашмавӣ пешниҳод мекунад. Таҳлили амиқи намудҳои ҳуқуқфаҳмӣ (§2.1–§2.8), аз ҷумла ҳуқуқи фитрӣ, позитивизм, сотсиологияи ҳуқуқ ва назарияи маърифати ҳуқуқ имкон медиҳад, ки мушкилоти мураккаби сайри таърихии фаҳмиши ҳуқуқ ба таври фаҳмо аён гардад. Ин фасл аз ду боби калон иборат буда, ба масъалаҳои бунёдии мафҳуми ҳуқуқ бахшида шудааст:

Боби 1 («Ҳуқуқфаҳмӣ дар шароити муосир: ҳолат, мушкилот ва дурнамо»): Муаллиф сайри таърихии онтология ва гносеологияи ҳуқуқро омӯхта, мушкилоти муайян кардани ҳаҷму сохтори ҳуқуқ, қабати арзишҳои ҳуқуқӣ ва равишҳои математикиро дар фаҳми ҳуқуқ таҳлил менамояд.

Боби 2 («Навъҳои ҳуқуқфаҳмӣ ва роҳи ноҳамвори онҳо ба олами ҳуқуқ»): Дар ин ҷо типология ва таносиби фаҳми ҳуқуқ дар шарқу ғарб баррасӣ мегардад. Таҳлили назарияҳои муосир — аз назарияи меъёрӣ (позитивизм), ҳуқуқи табиӣ (фитрӣ), консепсияи либертарӣ-ҳуқуқии академик В. Нерсесянс то назарияҳои сотсиологӣ бениҳоят дақиқ ва дақиқназарона сурат гирифтааст.

Фасли II: Ҳуқуқи инсон ва таносуби он бо фалсафаи ҳуқуқ: Фасли мазкур масъалаи ҷои инсонро дар низоми фалсафию ҳуқуқӣ баррасӣ мекунад (бобҳои 3, 4 ва 5):

Боби сеюми китоб ба баррасии фалсафаи ҳуқуқи инсон, сохтор, мазмун ва ташаккули он дар фазои илми ҳуқуқ бахшида шудааст. Муаллиф нақши ҳуқуқи инсонро чун меҳвари асосии рушди ҷомеаи муосир ва шарти муҳимми таъмини адолати иҷтимоӣ ва қонуният нишон медиҳад.

Боби 4 («Ҳуқуқи инсон ва ҳикматҳои он: хаёлпарастии охирини башар ё арзиши ногузир»): Оид ба амнияту озодиҳои иҷтимоӣ, тазодҳои ботинии инсон, беадолатӣ ва нақши адабиёт ҳамчун воситаи ислоҳи маънавию ҳуқуқии Ғарбу Шарқ баҳсҳои фарҳангшиносӣ ва ҳуқуқӣ сохта шудаанд.

Боби 5 («Масоили ташаккули ҳуқуқи инсон дар масири таърих: нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди он»): Муаллиф ҷойи махсусро ба саҳми ниёгони тоҷик дар ташаккули арзишҳои ҳамҷаҳонии ҳуқуқи инсон медиҳад. Хусусан, таҳлили ҳаматарафаи «Эъломияи Куруши Кабир» (соли 539 қабл аз милод) ҳамчун нахустин санад дар таърихи башарият ҷолиби диққати фозилона ва фахри миллӣ мебошад.

Фасли III. Ҳуқуқи миллӣ ва масъалаҳои ташаккули худшиносии миллӣ.

Фасли охир (бобҳои 6 ва 7) нақши санадҳои асосӣ ва таърихро дар ҳаёти муосири давлатдорӣ нишон медиҳад:

Боби 6 («Конститутсия ва масоили инъикоси худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар шароити муосир»): Конститутсия ҳамчун сарчашмаи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, роҳҳои пешрафти давлатҳои ҷумҳуриявӣ ва ислоҳи низоми демократӣ таҳлил шудааст.

Боби 7 («Таърихи ҳуқуқ ва худшиносии миллӣ»): Нақши ҳаками одил дар рушди ҷомеа, озодии виҷдон ва ақида, ҳифзи моликият, ислоҳоти андозситонии Хусрави I ва муқоисаи назарияи қадимаи ҳуқуқӣ бо параллелҳои муосир ҷамъбаст мегарданд.

Муаллиф тавонистааст тафовутҳои моҳиятӣ ва функсионалии мафҳумҳо ва равишҳои гуногуни ҳуқуқфаҳмиро (аз равиши математикӣ сар карда то равишҳои сотсиологӣ ва фалсафӣ) ба таври равшан нишон диҳад, ки барои муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯёни соҳаи ҳуқуқ арзиши бебаҳои амалӣ ва манбаӣ дорад.

Қайд кардан лозим аст, ки муаллиф тавонистааст на танҳо назарияҳои ғарбӣ ва шабоҳату мухолифати онҳоро нишон диҳад, балки мактаби афкори ҳуқуқии шарқӣ ва тоҷикиро ба низоми фалсафаи ҳуқуқи ҷаҳонӣ ворид ва исбот созад.

Асар барои устодон, аспирантон, докторантон, донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносӣ ва мутахассисоне, ки дар соҳаи қонунгузорӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ фаъолият мекунанд, ҳамчун манбаи нодири илмӣ хидмат менамояд.

Бахши ниҳоии китоб ва хулосаҳои он муҳтавои асосии асари бунёдиро ҷамъбаст намуда, паёми асосии муаллифро ба хонанда мерасонанд. Муаллифи китоби «Ҳуқуқ ва масъалаҳои рушди ҷомеаи муосир», доктор ва паҷӯҳишгари соҳаи ҳуқуқшиносӣ Холиқзода А.Ғ. бо анҷоми чунин асари муҳим, ин ҳақиқати илмиро ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам амалӣ пурра ба исбот расонида, ба ин восита ҳам рисолати илмию миллӣ ва ҳам қарзи касбии худро ба ҷо овардааст.

Ҳамин тавр, китоби нави Холиқзода А.Ғ. «Ҳуқуқ ва масъалаҳои рушди ҷомеаи муосир» як асари илмӣ-амалии яклухт ва том дар мавзуи мубрами фалсафаи ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон буда, аз аҳаммияти хоссаи илмию назариявӣ ва амалию корбурдӣ бархӯрдор аст. Таҳлили амиқи он андешаи миллӣ ва раванди инкишофи ҷаҳонбинии афроди миллатро тақвият бахшида, ҷавонони доништалабро ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят месозад. Ба муаллиф муяссар гаштааст, ки мавзуи мавриди назарро пурра ҳал намуда, андешаву тезисҳои асосии асарро пурра ба исбот расонад. Таъкиди он доранд, ки масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа ба яке аз самтҳои асосии рушди давлатдории миллӣ табдил ёбад. Ин аст, ки китоби мазкур як падидаи наву ҷиддӣ дар фазои илмҳои ҷамъиятии ватанӣ буда, бешубҳа, мутолиаи он на танҳо барои аҳли илму сиёсат ва ҳуқуқшиносон, балки барои қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла кормандони соҳаи дину танзиму исломшиносӣ, ходимони дин ва донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносӣ бисёр муфид ва зарур хоҳад буд.

Вализода Одинашоҳ,

номзади илмҳои педагогӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх