Забон танҳо воситаи муоширати инсонҳо нест. Он хотираи таърихии миллат, воситаи нигоҳдории фарҳанг, василаи интиқоли дониш аз як насл ба насли дигар ва яке аз муҳимтарин унсурҳои худшиносии инсон ва ҷомеа мебошад. Агар таърих рӯйдодҳои гузашта ва роҳи тайкардаи миллатро ҳифз кунад, забон таҷриба, андеша, ҷаҳонбинӣ, эҳсос ва фарҳанги ин миллатро дар худ нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, мақоми забони тоҷикӣ дар ҳаёти миллати тоҷикро на танҳо аз дидгоҳи забоншиносӣ, балки аз нуқтаи назари таърих, фарҳанг, давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи муосир бояд арзёбӣ кард.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ дорад. Ин мақом дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар шудааст: моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикиро забони давлатӣ эълон карда, ҳамзамон ҳуқуқи миллату халқиятҳои сокини кишварро ба истифодаи озоди забони модариашон эътироф менамояд [1]. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян намуда, истифодаи онро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар танзим мекунад. Тибқи моддаи 3-и қонун, забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, давлат истифода, ҳимоя ва рушди онро таъмин менамояд; забони давлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад [2].
Барои дарки аҳаммияти забони тоҷикӣ дар замони имрӯз бояд ба роҳи таърихии он назар афканд. Аз нигоҳи забоншиносӣ, забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои форсии нав тааллуқ дошта, дар муҳити таърихии Хуросону Мовароуннаҳр ташаккул ва рушд кардааст. Тадқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки форсии нав аз асрҳои VIII–X ба тадриҷ ташаккул ёфта, дар асрҳои миёна ба яке аз забонҳои муҳими адабиёт, идоракунӣ ва дониш табдил ёфт. Хуросон ва Мовароуннаҳр дар ин раванд нақши махсус доштанд [3].
Дар ин замина, давраи Сомониён аҳаммияти хос дорад. Дарбори Сомониён дар Бухоро ба яке аз марказҳои муҳими рушди забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ табдил ёфта, забон барои шеър, таърихнигорӣ ва осори илмӣ васеъ истифода мешуд. Тадқиқот собит месозанд, ки маҳз дар муҳити Сомониён эҳёи забони форсӣ ҳамчун воситаи адабиёт, дониш ва таърихнигорӣ суръати тоза гирифт [4].
Дар ин раванд номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ дар дарбори Сомониён фаъолият карда, ба яке аз чеҳраҳои асосии адабиёти форсӣ табдил ёфт. Манбаъҳои илмӣ Рӯдакиро аз барҷастатарин шоирони давраи Сомонӣ медонанд ва осори ӯро аз нахустин намунаҳои бузурги назми форсӣ мешуморанд [5].
Аммо бузургии забони мо танҳо дар шеър маҳдуд нашудааст. Ин забон тавонист ба забони андешаи фалсафӣ, тиббӣ, таърихӣ, ахлоқӣ ва илмӣ низ табдил ёбад. Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигар донишмандон дар муҳити форсизабони асримиёнагӣ осори илмӣ офаридаанд. Ҳамин омил нишон медиҳад, ки забон танҳо воситаи баён кардани андеша нест, балки он худ метавонад ба муҳити тавлид, ҳифз ва интиқоли дониш табдил ёбад.
Аз ҳамин нуқтаи назар, мероси Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар бузургони илму адаб барои мо танҳо мероси адабӣ ё таърихӣ нест. Ин осор шаҳодати имкониятҳои бузурги забон дар ифодаи андешаҳои мураккаб, эҷоди асарҳои мондагор ва интиқоли дониш мебошанд.
Забон ҳамчун хотираи фарҳангии миллат. Забон фарҳангро танҳо номгузорӣ намекунад, балки онро дар худ нигоҳ медорад. Дар таркиби луғавӣ, ибораҳо, мақолҳо, зарбулмасалҳо, истилоҳот, номҳои ҷойҳо ва осори хаттӣ қабатҳои гуногуни таҷрибаи таърихии халқ ҳифз шудаанд.
Аз ин рӯ, ҳифзи забон маънои ҳифзи танҳо қоидаҳои грамматикӣ ё имлоро надорад. Ҳифзи забон ҳамзамон ҳифзи осори адабӣ, фарҳанги китобхонӣ, истилоҳоти илмӣ, ганҷинаи луғавӣ ва қобилияти ба забони модарӣ ба вуҷуд овардани андешаи муосир мебошад.
Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 4 октябри соли 2025 таъкид карданд, ки забони тоҷикӣ дар рушди таърихии худ «ҳамчун шаҳсутуни бинои маънавии миллат» нақши муҳим доштааст. Дар ҳамин паём таъкид мешавад, ки забони тоҷикӣ дар давраи Сомониён мақоми устувори расмӣ пайдо намуда, баъдан олимон ва адибон дар тӯли асрҳо ба рушди он саҳм гузоштаанд [6].
Ин андеша моро ба як масъалаи муҳими имрӯз мерасонад: агар забон мероси гузашта бошад, пас вазифаи насли имрӯз танҳо ҳифзи он нест – балки рушди он низ ҳаст.
Яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати забонӣ дар замони муосир маҳз ҳамин аст: забони тоҷикӣ бояд на танҳо забони адабиёт ва фарҳанг, балки забони фаъоли илм, таҳсил, технология, иқтисод, ҳуқуқ ва муоширати муосир низ бошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон истифодаи забони давлатиро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон, қонун истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим намекунад ва ҳуқуқи миллату халқиятҳоро ба истифодаи озоди забони модариашон эътироф мекунад [2].
Ин муқаррарот як андешаи муҳимро нишон медиҳад: мақоми баланди забони давлатӣ бо эҳтиром ба дигар забонҳо мухолифат надорад. Баръакс, ҷомеаи босубот бояд ҳам забони давлатиро рушд диҳад ва ҳам ба гуногунии забонӣ эҳтиром гузорад. Ҷавони тоҷик бояд забони модарии худро хуб донад, аммо донистани забони тоҷикӣ набояд ӯро аз омӯзиши англисӣ, русӣ ва дигар забонҳои ҷаҳонӣ боздорад. Баръакс, забони модарӣ бояд заминаи устувори аз худ кардани донишҳои ҷаҳонӣ бошад.
Бояд ба ин нукта аҳаммияти махсус дод, ки рӯзи забони давлатӣ танҳо рӯзи таҷлили як сана нест. Ин рӯз бояд фурсати андешидан дар бораи муносибати ҳар яки мо ба забони модарӣ бошад.
Барои давлат вазифаи асосӣ фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳифз ва рушди забон аст. Барои муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ — рушди забони илм, истилоҳот ва фарҳанги забондонӣ. Барои адибон ва рӯзноманигорон — истифодаи забони равону саҳеҳ ва тавлиди муҳтавои босифат. Барои омӯзгорон — омӯзонидани забон на танҳо ҳамчун маҷмуи қоидаҳо, балки ҳамчун воситаи андешидан ва маърифат. Ва барои ҳар як шаҳрванд — эҳтиром, омӯзиш ва истифодаи дурусти забони давлатӣ.
Сарвари мамлакат дар паёми Рӯзи забони давлатӣ дар соли 2025 низ таъкид карданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд тавассути забони давлатӣ ва дар баробари донистани хуби забони тоҷикӣ сурат гирад. Ҳамчунин ба китобхонӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, маърифат ва ҷаҳонбинӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд [6].
Пас, эҳтиром ба забон танҳо бо суханони пурмуҳаббат ифода намеёбад. Агар мехоҳем забони тоҷикӣ дар асрҳои минбаъда низ забони зинда, тавоно ва созандаи дониш бошад, бояд ба он илм, китоб, истилоҳоти муосир, технология ва муҳтавои босифат ворид созем.
Забон вақте зинда ва неруманд мемонад, ки наслҳои нав онро танҳо мерос намегиранд, балки бо он меандешанд, менависанд, таҳқиқ мекунанд, ихтироъ менамоянд ва бо ҷаҳониён гуфтугӯ мекунанд.
Аз ин рӯ, 5-уми октябр барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд на танҳо рӯзи гиромидошти забони давлатӣ, балки рӯзи масъулияти шахсӣ низ бошад: масъулияти дуруст сухан гуфтан, дуруст навиштан, китоб хондан, забонро омӯхтан, онро ба фарзандон омӯзондан ва барои рушди он дар шароити нави илмӣ, иттилоотӣ ва рақамӣ саҳм гузоштан.
Забони тоҷикӣ моро ба гузашта мепайвандад, аммо масъулияти мо дар назди он ба оянда нигаронида шудааст. Агар гузашта ба мо забонеро ба мерос гузошта бошад, вазифаи насли имрӯз он аст, ки ин меросро чунон ғанӣ гардонад, ки наслҳои фардо низ битавонанд дар он забон илм омӯзанд, андеша созанд, эҷод кунанд ва таърихи замони худро баён намоянд.
Поварақиҳо:
[1] Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). – Душанбе: Ганҷ, 2016. – 136 с.
[2] Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» [манбаи электронӣ]. URL: https://mmk.tj/content/қонуни-ҷумҳурии-тоҷикистон-дар-бораи-забони-давлатии-ҷумҳурии-тоҷикистон
[3] Paul, Ludwig. Persian language i. Early New Persian. Encyclopaedia Iranica. Published January 1, 2000 [манбаи электронӣ]. URL: https://doi.org/10.1163/2330-4804_EIRO_COM_11377
[4] Yarshater, Ehsan. Iran ii. Iranian history (2) Islamic period (page 2). Encyclopaedia Iranica. Published December 15, 2004 [манбаи электронӣ]. URL: https://www.iranicaonline.org/articles/iran-ii2-islamic-period-page-2/
[5] Epinette, Michele. Rudaki. Encyclopaedia Iranica. Published September 14, 2022 [манбаи электронӣ]. URL: https://doi.org/10.1163/2330-4804_EIRO_COM_365278
[6] Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ [манбаи электронӣ]. URL: https://www.president.tj/event/news/53052
Файзуллозода Х. Ҳ. – сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон