Барои мо худшиносӣ дар тарозуи замон баркашидани бурду бохтҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва муайян намудани дурнамои оянда ва ҳадафҳои созандагӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Мафҳуми худшиносӣ муътабар аст. Худшиносӣ яке аз аввалин ҷузъҳои худогоҳӣ аст, модарзод нест, онро бояд тарбия кард. Илмҳои гуногун ба таҳлилу таҳқиқи худшиносӣ машғуланд. Худшиносӣ равандест, ки дар он шахс хусусиятҳои руҳӣ ва ҷисмонии худ – шахсият, қобилият, манфиатҳо, арзишҳо ва ангезаҳои худро меомӯзад ва дарк мекунад. Ин як амали давомдорест, ки аз кӯдакӣ оғоз ёфта, тамоми умр давом мекунад.
Албатта, худшиносӣ аз ҷузъҳое чун: худогоҳӣ – фаҳмиши фаврии афкор, эҳсосот ва нишон додани аксуламалҳо, дарки арзишҳо ва боварҳо – огоҳӣ аз принсипҳои бунёдие, ки ба ҳаёти инсон маъно мебахшанд, санҷиши неру ва заъифиҳо – қабули воқеии қобилиятҳо ва маҳдудиятҳои инфиродӣ иборат мебошад. Бо дар бар гирифтани чунин ҷузъҳои худшиносӣ шахс метавонад аз мансубияти худ ба миллат, таърих, фарҳанг, забон, мерос ва ғайра огоҳ гардад. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худшиносиро қутбнамо ҳисобида, пайваста таъкиди онро доранд, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Сарвари давлат дар суханронии худ 8-уми сентябри соли 2008 бахшида ба 17-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро ба сӯйи асолати милливу ҳувияти ватандорӣ раҳнамоӣ карда, бароямон роҳи душвори пешрафти оянда, кору пайкори навбатии давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рӯзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро осонтар мегардонад. Худшиносӣ насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон ва дастовардҳои умумибашарӣ ҳидоят мекунад ва онҳоро чун ҳомиёни воқеӣ ва номбардори миллати хеш ба камол мерасонад».
Дар ҳақиқат, худшиносӣ бояд аз илм раҳнамоӣ бинад ва бунёди он бар назария ва воқеият, бар илму амал ҷиддӣ бошад.
Аз таъкидҳо хулоса мешавад, ки худшиносӣ аввалин хулосаи ақл аст. Ҳамин гуна мавқеъгирӣ ва хулосабарориро дар файласуфони гузашта низ дидан мумкин аст. Аз ҷумла, файласуфи чинӣ Конфутсий (551-479 то милод) таъкид ба он дорад, ки барои худшиносӣ инсон бояд ба таҷрибаи наслҳои пешин такя кунад, анъана, расму ойин ва китобҳоро омӯзад. Файласуфи олмонӣ Карл Маркс (1818-1883) низ гуфтааст: худшиносӣ на танҳо муколамаи дохилӣ, балки фаъолона ва бошуурона ворид шудан ба ҳаёти иҷтимоӣ, раванди меҳнат ва тағйир додани ҷаҳон аст.
Аз олимони ватанӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар асари худ «Давлати миллии демократӣ» андешаҳои ҷолиберо пешниҳод кардааст. Ӯ таъкид намудааст, ки «воқеан инсон барои он, ки худро шиносад, ҷаҳонро шиносад, мазмуни зиндагии худро дарк намояд, ӯ дар танҳоӣ дар ибтидо силсилаи пайдоиши худро мекобад. Ин падидаи даврамонанд ӯро ба масири таърих то Бобои Одам мебарад. Бузургии динҳои ҷаҳонӣ маҳз дар он аст, ки онҳо ин умумияти Ҳақро дар пайвастагӣ эътироф намуда, баромади умумии инсонро ва нуқтаи ибтидоӣ аз он Ақли кулл, воҷиб донистаанд». Профессор А.Холиқзода навиштаҳои олимони шинохтаи сатҳи ҷаҳониро роҷеъ ба масъалаи худшиносӣ (самоидентификация, самопознания) таҳлили амиқ намуда, изҳори назар менамояд, ки ҳуқуқи инсонро имрӯз иддае чун «дини муосири шаҳрвандӣ» эътироф кардаанд, ки асосҳо дорад. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки инсон ҳамчун махлуқи олӣ имкони шинохти яклухти омилҳои худшиносиро дорад, фақат онро тарбият ва ташаккул дода, ба онҳо бештар диққат додан лозим аст. То он замоне, ки омилҳои худшиносӣ куллан бо роҳҳои мухталиф бо сарҳадҳои устувор таъсири худро ба инсоният мерасонанд, то он рӯзгор муаммоҳои инсоният, чун: ҷангу хушунат, нобаробарию зулм боқӣ хоҳад монд.
Инчунин, ҳуқуқшиноси варзида Абдураҳим Холиқзода дар мақолаи «Соҳибихтиёрии давлатӣ ва истиқлоли миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо: ҷустуҷӯи кафолатҳои маънавӣ ва ҳуқуқӣ» таъкид менамояд, ки «худшиносиву худогоҳӣ танҳо бо забондониву донишмандии хушку холии бо манфиати миллат амалан васлнабуда, роҳи илҳомоварии маънавию илмии худро ба манфиати соҳибихтиёрии миллӣ, дар олами ноором пайдо карда наметавонад… Бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат худшиносию худогоҳии миллӣ ба нуктаҳои муҳимму бунёдии навъҳои худшиносии ахлоқӣ (нашри осори ахлоқии ниёгон), худшиносии эътиқодӣ (эҳёи мазҳаби ҳанафӣ ва ақидаи мотурудия), худшиносии этникӣ (мақоми махсус додан ба забони модарӣ ва тоҷикият), худшиносии фарҳангӣ (қадршиносии фарҳанги миллӣ), худшиносии иқтисодӣ (таҳияи қонуни миллии танзими ҷашну маросим ва тарғиби усули зиндагии сарфакорона), худшиносии ҳуқуқӣ (бо эълон намудани соли маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон) ва худшиносии сиёсӣ (бо интихоби низоми шоистасолорӣ ва демократия) васл дар ҳаёти мафкуравӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан рӯнамо шуд».
Бо таъкиди профессор Ҷумъахон Алимӣ, «худшиносӣ танҳо вақте рух медиҳад, ки ягонагии комили ақл, ҷисм ва руҳ вуҷуд дорад, биноан, шумо бояд бо тарафи равонии худ робитаи қавӣ барқарор кунед, донистани тавозуни руҳ хеле муҳим аст, ин фаҳмиши воқеии ниёзҳо ва хоҳишҳои руҳи шумо ва гузоштани онҳо аз бадани шумост».
Худшиносии инсон, маданияти маънавии ӯ, ахлоқу одобаш асрҳо ба дин алоқа дошт. Дур рафтан аз аслу моҳияти дин, дарк накардани арзишҳои инсонпарваронаи он асоси зиёдаравӣ ва баъзан ба хурофоту ифрот дода шудани шаҳрвандон мегардад.
Давлат ва Ҳукумат барои худшиносии миллӣ ба таҷрибаи таърихии худ ва дигарон такя карда, ҳамеша сабақҳои таърихи миллати худ ва дигаронро пеши назар дорад. Ба таърих пайвастани миллат аз роҳҳои гуногун даст медиҳад. Яке аз ин роҳҳо бузургдошти чеҳраҳои таърихии миллат ва таҷлили рӯйдодҳои таърихист. Ҳадафи аз таҷлили ҷашнҳо ва арҷгузорӣ ба бузургдошти нобиғаҳои илму фарҳанги халқи тоҷик, аз ҷумла 2700-солагии китоби муқаддаси «Авесто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 1025-солагии Абӯалӣ ибни Сино, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 950-солагии Муҳаммади Ғазолӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 3000-солагии маданияти Ҳисор, 5500-солагии Саразми бостонӣ аз он иборат аст, ки дар шуури наврасону ҷавонон тарбия кардани худшиносӣ ва эҳсоси ифтихор аз гузаштагон бошад.
Бо супориши Роҳбари давлат бознашр кардан ва ба ҳар як оилаи кишвар дастрас намудани шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, инчунин чопи осори зиёди ахлоқиву илмии шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ агар, аз як тараф, ба хотири ҳифзи мероси гузаштагон бошад, аз тарафи дигар, ба хотири худшиносии миллӣ мебошад.
Ба қавли академик Муҳаммадҷони Шакурӣ «халқи мо ба китоб ва сухани китобӣ бовар дошт, ҳама зиндагиашро аз рӯйи китоб тартиб медод, шинохти моҳияти худ, шинохти мавқеи худ дар дунё, ҷаҳонбинии ӯ бо ёрии китоб сурат мегирифт».
Ҳақ ба ҷониби академик Саймумин Ятимов мебошад, ки фармудаст: «Мавқеи олим, шоир, нависанда дар тӯли таърих умуман ва дар давраи ҳассоси давлатсозии имрӯз, хусусан, аз муносибати ӯ ба манфиатҳои воқеан миллӣ – забон, фарҳанг, сарзамин, худшиносӣ ва хештаншиносии миллӣ, дар ин асос тамоюл ва иродаи дар замири наврасону ҷавонон бедор кардани эҳсос ва ифтихори ватандустӣ зоҳир мегардад. Бидуни такя ба илм ва далелҳои таърихӣ чунин кӯшиш аз таассубу хурофот чизе бештар нест».
Дар умум, дар шароити мураккаби имрӯза, ки арзишҳо таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат тағйир ёфта истодаанд, тафаккури насли имрӯзаро тавассути корҳои тарбиявию маърифатӣ ташаккул ва рушд додан зарур аст, зеро Ҳукумати Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст, то наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳро тарбия намоем.
Вализода Одинашоҳ,
номзади илмҳои педагогӣ,
сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва
диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ