Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, прфессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор, муовинони директор, сардорони шуъбаҳо ва кормандони Марказ иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа ҳисоботи муфассал оид ба натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Зимни баррасии ҳисобот фаъолияти шуъбаҳо, дастовардҳои бадастомада ва масъалаҳои марбут ба иҷрои вазифаҳои дар назди кормандон гузошташуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идомаи ҷаласа директори Марказ бо таҳлили масъалаҳои мавҷуда ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, ба баланд бардоштани сатҳи илмӣ ва сифати мақолаҳои илмӣ, ислоҳи норасоиҳои ҷойдошта дар маводи таҳқиқотӣ, инчунин такмили барномаҳои кории инфиродии кормандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Таъкид карда шуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои хизматӣ, риояи талаботи илмӣ дар таҳияи мақолаю маводи таҳқиқотӣ ва тақвияти масъулияти ҳар як корманд омили муҳимми баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Марказ ба шумор меравад.
Дар фарҷоми ҷаласа барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани сифати фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва таъмини иҷрои босифати нақшаҳои корӣ ба масъулон дастуру супоришҳои дахлдор дода шуданд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ