Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои зиёди илмӣ-амалиро тавассути мақолаҳои таҳлилӣ, баргузор кардани конфронсу ҳамоишҳо, суҳбату вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва суҳбат дар телевизиону радио ба анҷом мерасонад.
Аз ҷумла, Маркази исломшиносӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми июни соли 2026 бахшида ба 19-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва ойинҳои миллӣ» дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит баргузор кард.
Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратури генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, коршиносон аз вазорату идораҳои дахлдор, мудирони шуъбаю бахшҳои дину танзими мамлакат, ходимони дини шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма иштирок ва баромад карданд.
Маркази исломшиносӣ маводҳои конференсияро дар шакли маҷмуаи мақолаҳо зери унвони «Қонуни танзим – тарбиятгари насли наврас» рӯйи чоп оварда, мақолаҳои илмию таҳқиқотии баромадкунандагонро пешкаши хонандагон гардонидааст, ки барои мутахассисону муҳаққиқони соҳа аҳаммияти илмию назариявӣ дорад.
Зарур мешуморем, ки гулчини таҳлилҳои илмӣ, фикру андеша ва пешниҳодҳои дар маҷмӯа ҷамъовардаро пешниҳоди хонанда гардонем.
Директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар мақолаи хеш зери унвони «Соҳибихтиёрии давлатӣ ва истиқлоли миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо: ҷустуҷӯйи кафолатҳои маънавӣ ва ҳуқуқӣ» назари худ ва олимони сатҳи ҷаҳониро вобаста ба истиқлоли миллӣ ва мушкилиҳои сиёсати ҷаҳонӣ, воситаҳои ҳуқуқӣ ва маънавии ҳимояи истиқлоли сиёсӣ, соҳибихтиёрии миллӣ ва ғояи давлатдории миллии демократӣ ва кашфи рисолатҳои нави давлатдории миллӣ бо далелҳо пешкаш гардонидааст.
Ӯ таъкид менамояд, ки яке аз рукнҳои муҳимми бунёди давлат истиқлоли давлатист. Истиқлол танҳо бо эълон намудану қабули санади соҳибихтиёрӣ ва Эъломия анҷом наёфта, ҳуқуқи халқу миллатро ба таъсиси ҳокимияти давлатии мустақил дар дохили кишвар амалӣ намудану онро чун субъекти соҳибихтиёр ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва майдони муборизаи ҳастӣ ворид сохтан аст. Аз дидгоҳи ҳуқуқи конститутсионии муосир истиқлоли давлатӣ сарчашмаи худро аз соҳибихтиёрии давлатӣ мегирад. Соҳибихтиёрӣ усулан ба се навъ тақсим мешавад: халқӣ, миллӣ ва давлатӣ.
Соҳибихтиёрии халқӣ дар ифодаи иродаи халқ ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ зоҳир меёбад, яъне халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Соҳибихтиёрии миллӣ ҳуқуқи миллат ба худмуайянкунии миллист. Соҳибихтиёрии давлатӣ, ки ба истиқлолияти давлатӣ анҷом мепазирад, зинаи охирини соҳибихтиёрист, ки мустақилияти давлатро дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд.
Профессор Абдураҳим Холиқзода яке аз омилҳои муҳимми истиқлолро дар кишварҳои тозаистиқлол ташаккули амалии андешаи давлати миллӣ, ҳуқуқи миллӣ ва ҷорӣ намудани реҷаи шоистасолориро дар онҳо ҳисобида, мақоми худшиносӣ ва худогоҳиро дар давлатдории миллӣ аз усулу воситаҳои ибтидоӣ ва калидии некӯкирдорӣ, адлпарастӣ, ҳақиқатшиносӣ, инсонмеҳварӣ, таҳаммулгароӣ ва мақомкасбкунии онҳо дар тарбияи шахс меҳисобад. Ӯ таъкид ба он дорад, ки илми ҳуқуқшиносӣ ва раванди ҳуқуқэҷодкунӣ бо таҳлилҳои устувори мантиқӣ, аналитикӣ, дастрасии дастовардҳои ҷаҳонӣ ва таърихӣ ҳама гуна арзиш, манфиат, принсип ва усулҳои ҳуқуқиро дар мизони адл тарзе ҷо ба ҷо гузорад, ки ҳақиқат, озодӣ, адолат ва баробарии инсонҳо зарар наёбанд.
Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода таъмин гардидани озодии виҷдон ва эътиқодро яке аз арзишҳои муҳимми даврони соҳибихтиёрӣ арзёбӣ карда, ёдовар гардидаанд, ки истиқлол барои эҳёи фарҳанг, анъанаҳо ва арзишҳои миллии тоҷикон имкониятҳои бесобиқа фароҳам овард. Дар давраи соҳибистиқлолӣ бисёре аз ҷашнҳо, ойинҳо ва суннатҳои миллӣ эҳё гардида, мақоми воқеии худро дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа пайдо намуданд ва ҷашну маросим ҳамчун ҷузъи муҳимми мероси фарҳангии миллат дар ташаккули худшиносӣ, тарбияи маънавӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ нақши бузург доранд.
Вазъи душвори ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта ба вуҷуд омада буд, ба илму фарҳанги мамлакат, ба рушду инкишофи арзишҳои фарҳанги миллӣ бетаъсир намонд, навиштааст академик Кароматулло Олимов. Вале ба туфайли иҷрои қарорҳои Иҷлосияи тақдирсози XVI-и Шурои Олӣ дар мамлакат дар натиҷаи устувор шудани сулҳу ваҳдати миллӣ илму фарҳанг рӯ ба рушд ниҳодаанд. Ба таъкиди ӯ, дар раванди ҳаёти фарҳангии мамлакат ду масъала мавқеи марказӣ пайдо кард. Якум, ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиш, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ниёзмандии зиёд ба он доштанд ва адабиёту фарҳанг инъикоскунандаи орзую омоли халқ дар ин самт гардиданд.
Дуввум, руҷуъ ба мавзуҳои таърихӣ ба хотири худшиносии миллӣ дар асарҳою суханрониҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун самти асосии сиёсати фарҳангии давлат мақоми баландро ишғол намуд.
Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Абдуалим Аҳтамзода дар атрофи Консепсияи танзими сарфакории Пешвои миллат ва аҳаммияти глобалии он андешаронӣ намуда, изҳори назар карданд, ки замоне, ки хурофот ҷойи дину эътиқод ва эҳсосот ҷойи ақлу хирадро мегирад, монеи ҷиддие дар роҳи рушди инсон ва ҷомеа эҷод мекунад, ки боиси исрофкорӣ ва ба миён омадани нобасомониҳои иҷтимоӣ мегардад. Ягона роҳи несту нобуд кардани хурофот дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим, эътиқоду боварҳои солим, илму дониши созанда, истифодаи хиради азалӣ ва фаҳми дурусти қонуни миллии танзим мебошад.
Муовини директори Маркази исломшиносӣ Абдураҳмон Ваҳобзода вобаста ба таъмини озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкиди онро доранд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат бо таваҷҷуҳ ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд масъалаи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар мадди аввал гузоштааст. Истиқлоли давлатӣ барои дарк ва решадор гардидани худшиносии милливу динӣ ва озодиву ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи мо ба таъриху фарҳанг ва ойину суннатҳои миллии худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад.
Муовини раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимзода нақши ҳувиятсози Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳлил намуда, қабули онро дар марҳалаи муайяни рушди ҷомеаи тоҷик саривақтӣ ҳисобидааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, густариши равандҳои ҳамгироӣ ва таъсири босуръати фарҳангҳои гуногун ба ҳаёти ҷомеаҳо масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ аҳаммияти махсус касб менамояд. Барои ҳар як миллат нигоҳ доштани хусусиятҳои фарҳангӣ, урфу одатҳо, анъанаҳо ва тарзи зиндагии миллӣ яке аз омилҳои муҳимми бақои иҷтимоӣ ва рушди устувор ба ҳисоб меравад.
Таъкиди муовини директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа Кароматулло Абдухалилзода бар он аст, ки агарчанде ҷомеаи башарӣ дар тамоми тули таърихи рушди худ дар шакли аҳкоми динию қавонини дунявӣ ба танзими зиндагӣ ниёз доштааст, лекин роҳи маҳсулнок ва орӣ аз мушкилоти дастрасӣ ба ҳадафи танзим дар он ифода меёбад, ки шуури инфиродии шахс бояд оқилона ва бо дарки масъулият зарурати танзими зиндагиро ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ барои ифодаи манфиати тамоми аҳли ҷомеа дарк намояд ва онро ҳадафмандона пайгирӣ намояд… Аз ин рӯ, на бо худситоию худнамоии нафс, балки бо ҳидоятҳои ҳакимонаи ақл бояд зиндагиро ба танзим даровард.
Агар ба ҷавҳари Паёмҳои Пешвои миллат назар кунем, онҳо унсури муҳимми ташаккулдиҳандаи анъанаву фарҳанги миллианд, омадааст дар мақолаи Шарифамо Одиназода, номзади илмҳои филологӣ, сардори шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ. Ӯ ба он бовар аст, ки фарҳанги либоспӯшӣ на танҳо анъанаи гузашта, балки ниёзи имрӯзу фардои миллат аст, зеро либоси миллӣ таъриху фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои миллиро таҷассум мекунад. Дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ либоси миллӣ василаи муҳимми ҳифзи ҳуввияти миллист. Он яке аз анъанаҳои ниёконамон буда, гузашта, имруза ва фардоро бо ҳам мепайвандад.
Ба андешаи сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ Санавбар Шарифова ба аҳли ҷомеа, махсусан занону духтарон лозим аст, ки таърихи халқи худро омӯхта, ба хулоса оянд, ки дар ягон давру замон занону духтарони тоҷик чунин озодии комилро дар интихоби касбу кор, пешрафти илмӣ, рушди соҳибкорӣ, омӯзиш ва корбасти технологияи муосир надоштанд. Ҳамзамон, дар ҷодаи интихоби сару либос рӯй овардан ба анъанаҳои миллӣ – пӯшидани навъҳои хушнамуди атласу адрас ва дигар матоъҳои пахтагину абрешимин аз бахти баланди эшон аст, зеро либоси миллии тоҷикӣ ба симои зани тоҷик зебанда аст.
Мушовири директори Маркази исломшиносӣ, унвонҷӯйи Академияи миллии илмҳо Азизулло Мирзозода мафҳуми танзим ва таҷдидро ҳаматарафа таҳлил намуда, вазифаҳои ҷашну маросимро илман шарҳ додааст. Ҷашну маросим дар ҷомеаи тоҷик танҳо як чорабинии фарҳангӣ набуда, балки вазифаҳои тарбиявӣ, ҳамгироӣ, маънавӣ ва фарҳангиро иҷро мекунад.
Сардори шуъбаи пажуҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ, номзади илмҳои фалсафа Зиёвуддин Шоев масъалаи танзими ҳуқуқии анъанаҳои миллиро аз нуқтаи назари фалсафӣ-назариявӣ таҳлил намуда, таъкид бар он доранд, ки таҳлили фалсафӣ ва категориявии падидаи анъанаи фарҳангӣ имконият медиҳад, ки фарқи асосии байни мундариҷа ва шакли анъанаи фарҳангӣ муайян карда шавад. Дар замони мушкилоти фарҳангӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, анъанаҳои фарҳангӣ манбаи тартиботи иҷтимоӣ ва пояи рушди устувор мебошанд.
Мутеъуллоҳ Наҷотзода, номзади илмҳои филологӣ, сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ сарфакориро ҳамчун роҳи рушди ҷомеа меҳисобад. Сарфакорӣ танҳо масъалаи динӣ нест, балки як зарурати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад. Ҷомеае, ки дар он сарфакорӣ риоя мешавад, устувор, пешрафта ва боқувват мегардад. Тарғиби сарфакорӣ ва мубориза бо исрофкорӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Фирӯз Шоев озодиҳои эътиқодиро дар мисоли озодии ақида, виҷдон ва дин илман таҳлил намуда, онҳоро таҷассумгари озодиҳои эътиқодӣ меҳисобад. Ӯ хотиррасон менамояд, ки ҷомеаи башарӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон ба ҳар як инсон ва шаҳрванд озодии ақида, виҷдон ва динро дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузориҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон кафолат дода, тамоми тадбирҳоро дар самти таъмини озодии ақида, виҷдон ва дин андешида истодаанд.
Мақоми падару модар дар таълимоти динӣ – масъулияти фарзандон дар пешгоҳи волидайн аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи пажуҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ Умед Шокиров бо далелҳои қуръонӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтааст.
Нақши қонуни танзим дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро мутахассиси пешбари шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ Аҳмадҷон Саъдуллозода хеле мутахассисона таҳлил намудааст.
Мақолаҳои ҷолиби намояндагони ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла Ҷасур Акбарализода – сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузорӣ дар мавзуи «Ташаккул ва рушди қонунгузории танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Файзалӣ Абдулхонов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатӣ дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, пешгирии хурофот ва исрофкорӣ», Каримов Раҳим, номзади илмҳои филологӣ, мушовири Ректори Донишкадаи исломӣ дар мавзуи «Танзим – роҳи пешгирии исрофкорӣ», Рамзуллои Файзалӣ, сардори шуъбаи таълими Донишкадаи исломӣ дар мавзуи «Исроф ва паёмадҳои он дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа дар осори фарҳанги ниёгони тоҷик», Раҳимзода Абубакр, омӯзгори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар мавзуи «Зарурати қабули қонуни танзими ҷашну маросим дар шароити муосири Тоҷикистон» руйи чоп омадаанд.
Маҷмуи мақолаҳои конференсия зери унвони «Қонуни танзим – тарбиятгари насли наврас» барои кормандону муҳаққиқони соҳа аҳаммияти илмию назариявӣ дорад.
Фишурдаи мақолаҳо аз он иборат аст, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки шаҳрвандон ҳуқуқи озодона интихоб намудани дин, пайравӣ кардан ё накардан ба ягон дин, инчунин иљрои маросимҳои диниро тибқи қонун соҳиб шаванд.
Давлат ҳуқуқу озодиҳои диниро ҳифз намуда, баробарии ҳамаи шаҳрвандонро новобаста аз эътиқодашон кафолат медиҳад. Инчунин, давлат тавассути маърифати ҳуқуқӣ, илмӣ ва динӣ кӯшиш карда истодааст, ки шаҳрвандонро аз хурофот, таассуб ва андешаҳои беасос дур созад, зеро баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии мардум дар ташаккули љомеаи солим нақши бориз дорад.
Бо қабули қонуни танзим харољоти зиёдатӣ ва намоишкорӣ маҳдуд карда шуд. Ин тадбирҳо ба беҳтар шудани вазъи иқтисодии оилаҳо, сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи маблағҳо мусоидат карда истодаанд.
Татбиқи қонун собит сохт, ки танзими расму ойинҳои хурофотӣ ва пешгирии исрофкорӣ барои ҳифзи ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори давлат замина фароҳам овардааст.
Вализода Одинашоҳ, н.и.п., – сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ