Хавориҷ ҷамоате аз баддинони Кӯфа, ки бар зидди ҳазрати Алӣ (р) қиём карданд ва эшонро бад-ин ҷиҳат хавориҷ гуфтанд.
Хавориҷ (аз ар. الخوارج — ба маънои исёнгар, ошӯбгар, ҷудоихоҳ ва хуруҷкунанда бар зидди намояндаи ҳокимият) — дар истилоҳи фирқашиносии динӣ номи гурӯҳе аз мусулмонон дар сипоҳи Алӣ ибни Абутолиб, ки дар аснои ҷанги Сиффин пас аз қазияи ҳакамият бар зидди вай хуруҷ карданд, тарҳи ҳакамиятро аз сӯйи вай шаръан нораво ва ҳазрати Аливу Муъовияро кофир шумурданд. Аз он ҷо ки барои рехтани тарҳи ин нақша дар деҳае наздики Куфа бо номи Ҳаруро (ар. الحَرُورَاء) гирд омада буданд, ба онҳо ҳарурӣ ва ҳарурия низ гуфта мешавад.
Таассуби хавориҷ рӯз то рӯз шиддат гирифт ва бо ҳар касе, ки ба онҳо мувофиқ набуд, ба ҷанг пардохтанд ва аз тамоми гурӯҳҳои навзуҳур дар он рӯзгор бештар ба қатлу куштор ва дифоъ аз андешаҳои динии худ пардохтанд.
Дар роҳ ба саҳобаи расули Худо (с) Абдуллоҳ ибни Хаббоб вохӯрда, ӯро ҳамроҳи ҳамсараш ба шаҳодат расониданд ва шиками ҳамсарашро, ки ҳомила буд, пора сохта, тифлро берун афканданд.
Ҳазрати Алӣ (р) бо ҳар васила ва дар ҳар мавриде ба ҳидоят ва иршоди онҳо талош варзид ва ҳар боре ба сухан мебаромад, яке аз онҳо бархоста ба унвони эътироз: Ло ҳукма илло лиллоҳ мегуфт ва маҷлисро барҳам мезад. Алӣ аз онҳо хост, ки кушандаи Абдуллоҳро ба ӯ таслим кунанд, онҳо ҷавоб доданд, ки мо ҳамаамон ӯро куштаем.
Вақте талошҳои халифаи чаҳорум ҳазрати Алӣ дар ҳидояти хавориҷ натиҷае набахшид ва дар Наҳравон – минтақае дар байни Восит ва Бағдод лашкари азиме бар зидди вай гирд оварданд, Алӣ ноилоҷ ба онҳо ҳамла ва аксари онҳоро дар Наҳравон аз байн бурд. Гарчи дар ин ҷанг аксари хавориҷ кушта шуданд, вале ақоид ва андешаҳои инҳирофии онҳо аз байн нарафт. Ҷамъе аз онҳо пас аз ҷанги Наҳравон ба фикри куштани Алӣ (р), Муъовия ва Амр ибни Ос – се шахсияти номдор ва таъсиргузори ислом дар он рӯзгор баромаданд ва тайи суиқасде дар куштани ҳазрати Алӣ комёб шуданд.
Пас аз он бозмондаҳои ин хавориҷ ҳамвора дар атрофи сарзаминҳои паҳновари исломӣ ба шӯриш сар бароварданд ва фитнаҳо барпо карданд. Дар байнашон фирқаҳои мухталифе зуҳур карданд, ки ҳар як ба муносибати саркардаи худ номи ҷудогонае ба худ гирифт ва дар баъзе ақоид бо дастаҳои дигар ихтилофи назарҳо доштанд. Бо ин вуҷуд тамоми тоифаҳои хавориҷ ҳазрати Алӣ, Муъовия, Усмон, асҳоби Ҷамал, ҳакамайн ва ҳамаи онҳоеро, ки ба қазияи ҳакамият ризоят додаанд, кофир мешуморанд ва хуруҷ бар зидди халифа, имом ва султони золимро аз воҷиботи имонии худ медонанд.
Хавориҷ амалро ҷузъи имон мегуфтанд ва яке аз ақидаҳои тундравонаи онҳо ин буд, ки гуноҳи кабираро бо куфр як медонистанд ва дар натиҷа аз касе гуноҳи кабирае сар мезад, ба ақидаи онҳо кофир мегардид ва ба қатли вай иқдом мекарданд.
Машҳуртарин гурӯҳҳои хавориҷ инҳо мебошанд :
1. Азрақия
2. Ибозия
3. Суфрия
4. Аҷрадия
5. Наҷдия
6. Саолиба
7. Байҳасия
8. Язидия
Аз саҳифаҳои таърих маълум аст, ки Хавориҷ ба муқобили саҳобагон шӯридаанд.
Ин аст, ки дар замони хилофати Алӣ (р) бисёр бо мусулмонон муқовимат намуданд ва кор то ҷое расид, ки тибқи нақшаи пешакӣ Ибни Амр, Ибни Мулҷам ва Бакри Тамимӣ ба қатли саҳобагон пардохтанд ва шамшерҳои худро то 40 шабонарӯз барои аз пой андохтани онҳо заҳрогин намуданд.
Дар охирин лаҳза Ибни Мулҷам, Вардон, ва Шабиби Шаққӣ ҳангоми субҳидам ҳазрати Алиро ба шаҳодат расониданд.
Пайравони мактаби Хавориҷ иҷмоъ, қиёс, раъӣ, урф, истеҳсон ва қавли саҳобаро намепазиранд. Қавли саҳобаро далели шаръӣ намеҳисобанд.
Мавҷудияти мазҳабро боиси ихтилоф дар дини мубини ислом ва бидъат мешуморанд…
Аз китобҳои “Маҷмаъу-л-ансоб”
Хабари хуруҷи хавориҷ ва хабари қатл … ба Бағдод расид.
Равзату-с-сафо
Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон