Имя автора: admin

Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

29 январи соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баён гардиданд, вохӯрии судманд бо иштироки фаъолони шаҳри Истаравшан доир гардид. Дар вохӯрӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим ва мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – Бониёзов Илҳом иштирок ва суханронӣ намуданд. Адҳам Маъмурзода чорабиниро оғоз намуда, таъкид дошт, ки имрӯза вохӯрии мо дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида истодааст.  Мақсад аз вохӯрӣ, ин пеш аз ҳама пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, хурофот, ифротгароӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дар ин замина ҷалби мардум барои анҷом додани корҳои ободонӣ ба ҷои ҳаҷу умраи такрорӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватанмеҳварии сокинон маҳсуб мегардад. Сипас, Холиқзода Абдуқодир оид ба муҳтавои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, инчунин зарурати омӯзиши илмҳои дунявӣ, аҳамияти ҷидди зоҳир намудан ба таълиму тарбияи насли наврас, огоҳ будан аз ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза ва ҳамеша омода будан барои ҳифзи марзу буми кишвар андешаронӣ намуд. Инчунин, Шосаидзода Шаҳбоз номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Деваштич” №24 оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози андеша намуд. Якчанд нафар фаъолони соҳаҳои гуногуни шаҳру деҳоти Истаравшан ба сухан баромада, ба сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуданд. Вохӯрии судманд бо фаъолонро раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷамъбаст намуда, барои ташриф ва баромадҳои пурмуҳтаво ба меҳмонон изҳори сипос кард.  Гуфта шуд, ки сокинони шарафанди сарбаланди шаҳри Истаравшан барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубориза бурдан бо падидаҳои номатлуби ҷомеа корбариро пурзӯр менамоянд. Манбаъ: Маркази матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокиямияти давлатии шаҳри Истаравшан

Хабарҳо

Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳал

Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар ҳошияи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳал” бо иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба соҳаи идеологӣ, мудирону мутахассисони пешбари танзими анъана ва ҷашну маросим, ташкилотҳои ҷамъиятии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ходимони дини шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар баргузор гардид. Конференсияро Абдусаломзода Анзурат Абдусалом – муовини раиси вилояти Хатлон кушода ҳозиринро ҷиҳати ташрифашон хайрамақдам намуд. Дар конференсия Котиби илмии Маркази исломшиносӣ Марамбеков Маҳрамбек дар мавзуи “Таҷрибаи муқовимат бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон, Шарифзода Саидҳомид Сафар – сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ва Абдулохонов Файзали Маҳмудович – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Заминаҳои ҳуқуқии пешгирии ифротгароии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъ ва паёмадҳо” суханронӣ намуданд. Дар фарҷом байни иштирокдорони конференсия табодули афкор сурат гирифт. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент

Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма, Дар оғоз бори дигар ташрифи меҳмони гиромӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ва ҳайати ҳамроҳашонро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегӯям. Мо таваҷҷуҳи хоссаи Ҷумҳурии Исломии Эронро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр мекунем. Музокироту вохӯриҳои имрӯза мисли ҳамеша дар фазои дӯстона, ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ сурат гирифтанд. Дар ҷараёни мулоқоти хосса ва васеъ бо иштироки ҳайатҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар фарҷоми музокирот як силсила санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду ҷонибро такмил медиҳанд. Ҷониби Тоҷикистон натиҷаҳои муколамаи имрӯзаи сатҳи олиро баланд арзёбӣ мекунад. Итминон дорам, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда барои идомаи густариши  робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Мо ҷонибдории худро аз идомаи муколамаи созандаи сиёсии байни ду давлат дар сатҳҳои мухталиф иброз доштем. Кишвари мо аз густариши равобити байнипарлумонӣ, табодули сафарҳои расмии роҳбарони парлумонҳои ду кишвари дӯст ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ изҳори ризоият намуд. Ҳамзамон бо ин, таъкид гардид, ки соҳаҳои тиҷорату иқтисод аз ҷумлаи самтҳои дорои авлавият дар муносибатҳои дуҷонибаи мо маҳсуб меёбанд. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир муомилоти тиҷоратии дуҷониба суръати тоза пайдо карда, соли гузашта ба зиёда аз панҷоҳ фоиз афзоиш ёфт. Зимнан, тақвияти фаъолияти абзорҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ҳамчунин, Шӯро ва Кумитаи муштараки соҳибкориву сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ гардид. Ҷониби Тоҷикистон зарурати саъю талоши бештари ниҳодҳои дахлдори ду кишварро дар татбиқи ҳамаҷонибаи Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030-и мелодӣ ва Нақшаи роҳи он зикр кард. Мо алоқамандии худро ба рушди ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз доштем. Дар ин замина истифодаи васеъ аз имконоти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон   ба манфиати ҷонибҳо дониста шуд. Ҷониби мо, инчунин, аз зарфиятҳои фаровони бахшҳои  саноати маъдан, сохтмон, хӯрока, дорусозӣ, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, фанноварӣ, кишоварзӣ ва соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ ёдовар шуд. Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон Муколамаи намояндагони бахши хусусии ду кишвар баргузор гардид. Дар чорчӯби он чонибҳо 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расониданд, ки худ боз як нишонаи мавҷуд будани имкониятҳои фарох барои ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорони мо дар самтҳои мазкур мебошад. Кишвари мо ба рушди бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика ва зарурати роҳандозии иқдомҳои муассир дар ин ҷода таъкид кард. Дар рафти музокирот   ба тамоюли афзоиши интиқоли молу коло миёни ду кишвар дар солҳои ахир ишора гардид. Вобаста ба ин, зарурати истифодаи самарабахш аз зарфиятҳои бузурги нақлиётиву транзитии ҷонибҳо мавриди таъкид  қарор гирифт. Ҳамчунин, роҷеъ ба истифодаи зарфиятҳои бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ба унвони заминаи мусоиди ҳамлу нақли молу маҳсулот табодули назар анҷом ёфт. Ҷониби мо тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус, дар  бахшҳои   боғпарварӣ, таъсиси ниҳолхонаҳо ва истифодаи технологияҳои муосири обёриро ба нафъи кор донист. Зимни истиқбол аз лағви низоми раводид байни ду кишвар, нақши таъсиргузори ин иқдом ба рушди соҳаи гардишгарӣ зикр гардид. Мо зарурати ҳамкории боз ҳам бештарро дар соҳаи тиб, бахусус, рушди бахши дорусозии муштарак ва бозомӯзии мутахассисони соҳа муҳим арзёбӣ кардем. Бо таваҷҷуҳ ба муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангӣ ва забонӣ, тавсеаи беш аз пеши равобит дар соҳаҳои илму фарҳанг ва омӯзишу пажӯҳиш зарур дониста шуд. Бо дарназардошти вазъи ҳассоси имрӯза дар ҷаҳон ва минтақа, аҳаммияти ҳамкориҳо дар соҳаи амният мавриди таъкид қарор гирифт. Дар ин замина зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар роҳи мубориза бо зуҳуроти  терроризму ифротгароӣ, инчунин, қочоқи маводи мухаддир  ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои сойберӣ  ба манфиати ду кишвар ва минтақа маънидод гардид. Мо аҳаммияти ҳамоҳангиҳои муштаракро барои расонидани кумакҳои мавриди ниёз ба мардуми Афғонистон ва мусоидат дар истиқрори сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя таъкид кардем. Ҷониби Тоҷикистон аз идомаи вазъи фоҷеабор дар Навори Ғазза изҳори нигаронӣ кард. Вобаста ба ин, зарурати андешидани чораҳои фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати хотимаи нооромиҳо дар Ховари Миёна таъкид карда шуд. Дар робита ба ин, Тоҷикистон ҷонибдории худро аз татбиқи қатъномаҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба қазияи Фаластин ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ бори дигар изҳор намуд. Ҳозирини гиромӣ, Дар ҷараёни музокирот мо аз ҳолат ва раванди шарикӣ бо Эрон дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори ризоият кардем. Омодагии ҷониби худро ҷиҳати идомаи ин раванд иброз доштем. Тоҷикистон ба кишвари дӯст барои дастгирии доимӣ аз ташаббусҳои байналмилалии худ, аз ҷумла дар мавзӯи обу иқлим  сипосгузорӣ намуд. Дар маҷмӯъ, мо натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Масъуди Пизишкиёнро ҳамчун оғози марҳалаи ҷадид дар рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо ин кишвари дӯсту бародар арзёбӣ менамоем. Дар фарҷоми сухани худ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сиҳатмандиву комёбиҳо ва ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу осоиш ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.

МАҚОЛАҲО, Президент

БА ИМЗО РАСИДАНИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ДАР СОҲАИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМИИ МАҶМААИ ҶАҲОНИИ ТАҚРИБИ МАЗОҲИБИ ИСЛОМӢ

Имрӯз, 16-уми январи соли равон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён имзо гузоштанд. Ҳамин тавр, дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон, байни Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таҳқиқоти илмии Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳум оид ба таҳқиқоти илмӣ ба имзо расид. АБДУЛЛОҲИ ҚОДИРӢ – САРДОРИ ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Президент

Суханронӣ дар ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон

Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Масъуди Пизишкиён, бародари азиз, Хонумҳо ва ҷанобон, Ҳузури Шуморо дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон хайрамақдам мегӯям. Мусаллам аст, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод дар таҳкими дӯстию шарикии мардумони кишварҳои мо нақши хеле муҳим доранд. Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50 дарсад дар соли гузаштаи мелодӣ дар муқоиса бо соли 2023 аз мавҷудияти зарфиятҳои кофӣ барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду ҷониб гувоҳӣ медиҳад. Музокироту сӯҳбатҳои имрӯзаи мо бо Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Масъуди Пизишкиён бори дигар нишон доданд, ки ҷонибҳо хостори пешбурди воқеии робитаҳои худ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат мебошанд. Ҷониби Тоҷикистон аз раванди идомадори муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду кишвар изҳори ризоият менамояд. Дар баробари ин, мо алоқамандии худро ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ иброз медорем. Татбиқи тарҳҳои Неругоҳи “Сангтуда-2”, нақби “Истиқлол” ва чанде аз лоиҳаҳои дигари хурду миёна аз дастовардҳои муҳимми ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистону Эрон ҳастанд. Ин дастовардҳо, бешубҳа, ба таҳкими дӯстӣ ва рафоқат миёни ду кишвар ва ду миллат мусоидат мекунанд. Итминон дорем, ки татбиқи амалии “Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар то соли 2030” натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳад овард. Дар пешбурди ҳамкориҳои дуҷонибаи мо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ҳамчунин, дигар абзорҳои муштараки ҳамкорӣ, бахусус Шӯрои соҳибкорон ва Кумитаи муштараки сармоягузорӣ метавонанд нақши муҳим дошта бошанд. Рӯзи гузашта дар ҳошияи сафари давлатии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе Муколамаи намояндагони бахши хусусии ду кишвар доир гардид. Дар чорчӯби ин ҳамоиш ду ҷониб 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расониданд, ки худ боз як гувоҳи мавҷудияти имкониятҳои фарох барои ҳамкориҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории кишварҳои мо мебошад. Дӯстони гиромӣ! Тоҷикистон бо сарватҳои табиии фаровон, аз ҷумла захираҳои об бо имконоти бузурги гидроэнергетикӣ, маъданҳо, фулузоти нодир ва зарфиятҳои зиёди гардишгарӣ дорои шароити муносиби сармоягузорӣ мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодии худ эътироф намудааст. Ҳамзамон, дар ин санад ба масъалаи ширкати фаъоли бахши хусусӣ дар раванди ҷалби сармояи хориҷӣ аҳаммияти хосса дода шудааст. Ба андешаи мо, яке аз ангезаҳои муҳими сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ин имкони пешбурди тиҷорат ва сармоягузорӣ мутобиқ ба тамоюлҳои муосири ҷаҳонӣ ҷиҳати гузаштан ба иқтисоди “сабз” мебошад. Вобаста ба ин зарфиятҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли энергияи “сабз” ба шумор мераванд, имконоти фаровонро пешниҳод мекунад. Тоҷикистон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати ҳиссаи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд. Имрӯз ҳамагӣ панҷ дарсади ин зарфият мавриди истифода қарор гирифтааст ва 98 дарсади неруи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мегардад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад. Тоҷикистон нақша дорад, ки дар ояндаи наздик истеҳсоли энергияро, тибқи талаботи меъёрҳои ҳифзи муҳитзистӣ, то ду баробар афзоиш диҳад. Итминон дорем, ки иқтидори бузурги энергияи “сабз”-и Тоҷикистон дар оянда метавонад на танҳо ба нафъи мо, балки дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон истифода шавад. Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш, Мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳамчун ҳадафи роҳбурдӣ (стратегӣ) интихоб намудем. Кишварҳои ҳавасманд метавонанд дар бахшҳои гуногуни саноат ҳамкории судмандро бо Тоҷикистон ба роҳ монанд. Дар ин радиф, саноати кӯҳӣ, металлургӣ, мошинсозӣ, ғизоӣ ва бофандагӣ, кимиё ва дорусозӣ, инчунин, истеҳсоли масолеҳи сохтмон аз ҷумлаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда дар ин соҳаҳо ба нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд. Дар баробари ин, бахши кишоварзии Тоҷикистон, бо назардошти иқлими мусоид ва захираҳои фаровони об, яке аз самтҳои ояндадор ба шумор меравад. Ҳамкорӣ дар самтҳои парвариш, коркард ва содироти меваю сабзавот, панба (пахта) ва пиллаи абрешим, соҳаҳои боғдорӣ, асалпарварӣ ва чорводорӣ аз лиҳози иқтисодӣ судовар хоҳад буд. Дар ин замина таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ва марказҳои логистикӣ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад. Мо, инчунин, барои ҳамкории судманд бо сармоягузорони эронӣ дар рушди бахшҳои молиявӣ ва бонкдорӣ манфиатдор ҳастем. Соҳаи гардишгарӣ низ яке аз бахшҳои муҳими ҳамкориҳои ду кишвар арзёбӣ мегардад. Мо барои рушди инфрасохтори гардишгарӣ ва истифодаи иқтидори бузурги он, бахусус гардишгарии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва солимгардонӣ ҳавасмандем. Ҷорӣ намудани низоми лағви раводид барои шаҳрвандони ду кишвар дар муддати 30 рӯз заминаи мусоидро барои рушди ҳамкориҳои ҷонибҳо дар ин соҳа фароҳам овардааст. Дӯстони гиромӣ, Дар баробари имконоту зарфиятҳои мавҷуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон 110 имтиёз ва сабукиҳои молиётиву гумрукӣ, дар маҷмӯъ беш аз 240 номгӯи замонатҳои ҳуқуқиро муқаррар намудааст. Ҳамчунин, дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон барои фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ шароити мусоид пешбинӣ гардидааст. Ширкатҳои эронӣ метавонанд аз имконоти ин минтақаҳо бо ҳадафи рушди фаъолияташон дар Тоҷикистон истифода намоянд. Дар Тоҷикистон имрӯз фазои муносиби иқтисодӣ барои сармоягузорон фароҳам оварда шудааст ва бо истифода аз фурсат ҳамаи Шуморо барои ҳамкориҳои созанда ва роҳандозии тарҳу барномаҳои нав даъват менамоям. Ҳадафи умумии мо бояд таҳкими шарикии боэътимод ба хотири таъмини рифоҳу фардои шоистаи кишварҳо ва мардумонамон бошад, ки аз муштаракоти забонӣ ва таърихиву фарҳангӣ бархурдоранд. Итминон дорам, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар мусоидати муассир хоҳад кард. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи Шумо, меҳмонони арҷманд, муколамаи созанда ва иқомати бофароғатро дар Тоҷикистон орзу дорам.

Президент

Иштирок дар Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон

Нимаи дуюми рӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бинои Маркази Оши шаҳри Душанбе Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ду кишвар баргузор гардид, ки дар кори он сарони ҳарду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён иштирок ва суханронӣ намуданд. Иштироки бевоситаи сарони ду давлат дар ин ҳамоиш худ бозгӯй аз аҳамияти бориз ва авлавият доштани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ дар маҷмуи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг аст. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён, ҳайати ҳамроҳи ӯ ва ҷамъи тоҷирону соҳибкорон ва сармоягузорони эрониро ба Тоҷикистон ва ба ин ҳамоиши басо муҳим хайрамақдам гуфта, муҳимтарин имкону афзалиятҳои гардишгарӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорат бо кишвари моро шахсан муаррифӣ намуданд. Тавре зикр гардид, дар соли 2024 ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50 дарсад нисбат ба соли 2023 афзоиш ёфт, ки “аз мавҷудияти зарфиятҳои кофӣ барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду ҷониб гувоҳӣ медиҳад”. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вуҷуди сарватҳои фаровони табиӣ ба мисли об, маъданҳо, фулузоти нодир, имконоти беандозаи истеҳсоли энергияи “сабз” ва рушди иқтисоди “сабз”, роҳандозии ҳамкории судовар дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, ғизоӣ, нассоҷӣ, кимиё, дорусозӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, соҳаҳои энергетика, металлургӣ, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва истифода аз зарфиятҳои зиёди гардишгарӣ ёдовар шуда, ҳозиринро ба ҳамкории самарабахш даъват намуданд. Таъкид гардид, ки “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон 110 имтиёз ва сабукиҳои молиётиву гумрукӣ, дар маҷмӯъ беш аз 240 номгӯи замонатҳои ҳуқуқӣ муқаррар намудааст”. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён низ дар навбати худ омодагӣ ва алоқамандии Ҳукумат ва доираҳои соҳибкорию сармоягузории Эронро ба таҳким ва густариши робитаҳо бо Тоҷикистон таъкид намуда, ҳарду ҷонибро ба дарёфти роҳҳои наву судовари ҳамкорӣ даъват намуданд. Қобили зикр аст, ки Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон рӯзи 15 январ бо Муколамаи намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо оғоз ёфта, 16 январ бо ҳузури сарони давлатҳо идома ва ҳусни анҷом ёфт. Аз рӯйи натиҷаҳои чорабиниҳои мазкур 13 санади ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Эрон ба маблағи зиёда аз 450 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям. Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд. Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст. Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод. Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд. Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён мекунам. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт. Танҳо дар асоси пешниҳоди паёми соли гузашта аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шуд. Аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шуд. Тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод. Хотирнишон менамоям, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард. Яъне дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд. Бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд. Илова бар ин, дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Ҳамчунин, идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад. Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Дар ҳуҷҷати зикршуда ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Вакилони муҳтарам! Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд. Ҳамчунин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд. Дар ин раванд, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80 – 90 фоизро ташкил медиҳад. Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ,

Без рубрики

ХАВОРИҶ КИСТ?

Хавориҷ ҷамоате аз баддинони Кӯфа, ки бар зидди ҳазрати Алӣ (р) қиём карданд ва эшонро бад-ин ҷиҳат хавориҷ гуфтанд. Хавориҷ (аз ар. الخوارج‎ — ба маънои исёнгар, ошӯбгар, ҷудоихоҳ ва хуруҷкунанда бар зидди намояндаи ҳокимият) — дар истилоҳи фирқашиносии динӣ номи гурӯҳе аз мусулмонон дар сипоҳи Алӣ ибни Абутолиб, ки дар аснои ҷанги Сиффин пас аз қазияи ҳакамият бар зидди вай хуруҷ карданд, тарҳи ҳакамиятро аз сӯйи вай шаръан нораво ва ҳазрати Аливу Муъовияро кофир шумурданд. Аз он ҷо ки барои рехтани тарҳи ин нақша дар деҳае наздики Куфа бо номи Ҳаруро (ар. الحَرُورَاء‎) гирд омада буданд, ба онҳо ҳарурӣ ва ҳарурия низ гуфта мешавад. Таассуби хавориҷ рӯз то рӯз шиддат гирифт ва бо ҳар касе, ки ба онҳо мувофиқ набуд, ба ҷанг пардохтанд ва аз тамоми гурӯҳҳои навзуҳур дар он рӯзгор бештар ба қатлу куштор ва ди­фоъ аз андешаҳои динии худ пардохтанд. Дар роҳ ба саҳобаи расули Худо (с) Абдуллоҳ ибни Хаббоб вохӯрда, ӯро ҳамроҳи ҳамсараш ба шаҳодат расониданд ва шиками ҳамсарашро, ки ҳомила буд, по­ра сохта, тифлро берун афканданд. Ҳазрати Алӣ (р) бо ҳар васила ва дар ҳар мавриде ба ҳидоят ва иршоди онҳо талош варзид ва ҳар боре ба сухан мебаромад, яке аз онҳо бар­хоста ба унвони эътироз: Ло ҳукма илло лиллоҳ мегуфт ва маҷлисро барҳам мезад. Алӣ аз онҳо хост, ки кушандаи Абдуллоҳро ба ӯ таслим кунанд, онҳо ҷа­воб доданд, ки мо ҳамаамон ӯро куштаем. Вақте талошҳои халифаи чаҳорум ҳазрати Алӣ дар ҳидояти хавориҷ натиҷае на­бах­шид ва дар Наҳравон – минтақае дар байни Восит ва Бағдод лашкари азиме бар зидди вай гирд овар­данд, Алӣ ноилоҷ ба онҳо ҳамла ва аксари онҳоро дар Наҳравон аз байн бурд. Гарчи дар ин ҷанг аксари хавориҷ кушта шуданд, вале ақоид ва анде­шаҳои инҳирофии онҳо аз байн нарафт. Ҷамъе аз онҳо пас аз ҷанги Наҳравон ба фикри куштани Алӣ (р), Муъовия ва Амр ибни Ос – се шахсияти номдор ва таъ­сиргузори ислом дар он рӯзгор баромаданд ва тайи суиқасде дар куштани ҳазрати Алӣ комёб шуданд. Пас аз он бозмондаҳои ин хавориҷ ҳамвора дар атрофи сарзаминҳои паҳновари исломӣ ба шӯриш сар бароварданд ва фитнаҳо барпо карданд. Дар байнашон фирқаҳои мухталифе зуҳур карданд, ки ҳар як ба муносибати саркардаи худ номи ҷудогонае ба худ гирифт ва дар баъзе ақоид бо дастаҳои дигар ихти­ло­фи назарҳо доштанд. Бо ин вуҷуд тамоми тоифаҳои хавориҷ ҳазрати Алӣ, Муъовия, Усмон, асҳоби Ҷамал, ҳакамайн ва ҳамаи онҳоеро, ки ба қазияи ҳакамият ризоят до­даанд, кофир мешуморанд ва хуруҷ бар зидди халифа, имом ва султони зо­лимро аз воҷиботи имонии худ медонанд. Хавориҷ амалро ҷузъи имон мегуф­танд ва яке аз ақида­ҳои тундравонаи онҳо ин буд, ки гуноҳи кабираро бо куфр як медонистанд ва дар натиҷа аз касе гуноҳи кабирае сар мезад, ба ақидаи онҳо кофир мегардид ва ба қатли вай иқ­дом мекарданд. Машҳуртарин гурӯҳҳои хавориҷ инҳо мебошанд : 1. Азрақия 2. Ибозия 3. Суф­рия 4. Аҷрадия 5. Наҷдия 6. Саолиба 7. Байҳасия 8. Язидия Аз саҳифаҳои таърих маълум аст, ки Хавориҷ ба муқобили саҳобагон шӯридаанд. Ин аст, ки дар замони хилофати Алӣ (р) бисёр бо мусулмонон муқовимат намуданд ва кор то ҷое расид, ки тибқи нақшаи пешакӣ Ибни Амр, Ибни Мулҷам ва Бакри Тамимӣ ба қатли саҳобагон пардохтанд ва шамшерҳои худро то 40 шабонарӯз барои аз пой андохтани онҳо заҳрогин намуданд. Дар охирин лаҳза Ибни Мулҷам, Вардон, ва Шабиби Шаққӣ ҳангоми субҳидам ҳазрати Алиро ба шаҳодат расониданд. Пайравони мактаби Хавориҷ иҷмоъ, қиёс, раъӣ, урф, истеҳсон ва қавли саҳобаро намепазиранд. Қавли саҳобаро далели шаръӣ намеҳисобанд. Мавҷудияти мазҳабро боиси ихтилоф дар дини мубини ислом ва бидъат мешуморанд… Аз китобҳои “Маҷмаъу-л-ансоб” Хабари хуруҷи хавориҷ ва хабари қатл … ба Бағдод расид. Равзату-с-сафо Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Без рубрики

ГУФТОРИ МУХТАСАР ПЕРОМУНИ АНДЕШАҲОИ ХУРОФОТӢ РОҶЕЪ БА НАҲС БУДАНИ РАҚАМИ 13

ГУФТОРИ МУХТАСАР ПЕРОМУНИ АНДЕШАҲОИ ХУРОФОТӢ РОҶЕЪ БА НАҲС БУДАНИ РАҚАМИ 13 Дар фарҳангҳои мухталифи дунё эътиқоду хурофот вуҷуд доранд, ки метавонанд дар тӯли даҳҳо ва ҳатто садҳо сол дар раванди ҳаёти иҷтимоии одамон тағйирот ба вуҷуд оранд. Бархе аз ин хурофотҳоро дар рақамҳо дидан мумкин аст, ки бештари онҳо дар достонҳои қадиму муқаддас реша гирифта, боиси боварии мардум шудаанд ва дар ҳаёти онҳо ба кор бурда мешаванд. Ин ҷо баъзе далелҳое дар бораи он ки чаро рақами 13 наҳс ҳисобида мешавад, оварда мешавад. Дар умум, суоле ба миён меояд, ки чаро атрофи рақами 13 солҳост, ки баҳсҳо меравад. Бояд гуфт, ки ҳодисаҳое, ки дар рӯи замин рух медиҳанд, решаи худро дар эътиқоди мардум ҷой медиҳанд ва боиси тағйироти ҷиддие дар мафкураи мардум мешаванд. Боварӣ ба хурофот яке аз мушкилоти иҷтимоӣ дар ҷаҳони имрӯз ба гунае маҳсуб мешавад, ки метавон онро як мушкили иҷтимоӣ номид. Ин эътиқодҳо, ки асоси дурусте надоранд, метавонанд дар ҳаёти иҷтимоии мардум нақши манфӣ дошта бошанд, зеро эътиқод ва андешаҳои хурофотӣ чизҳоеанд, ки дар зеҳну тасмимгирии инсонҳо реша мегиранд. Ин масъаларо дар зиндагии атрофиёнамон дидан мумкин аст ва мисоли он рақами 13 аст, ки ба назари баъзеҳо дар аксари ҷомеаҳои байналмилалӣ рақами бадбахтӣ ҳисобида мешавад. Мутаассифона, чунин масъалаҳо дар бисёр ҷомеаҳо вуҷуд доранд. Ин ҷо баъзе далелҳое баён мегарданд, ки аз куҷо пайдо шудан ва сабаби бадбахт шуморадани рақами 13-ро нишон медиҳанд. Бархе аз муҳаққиқон бар ин назаранд, ки эътимоднокии рақами 13 аз дини насронӣ ба зардуштиён ва сипас ба мусулмонон гузаштааст. Дар замони Масеҳ шахсе бо номи Яҳудои Исхарютӣ (Искориут), ки яке аз дувоздаҳ ҳаввориёни (ҳавориён – унвони 12 тан аз ёрон ва шогирдони вижаи Исои Масеҳ аст) Масеҳ буд, нақшаи бадеро барои таслим намудани Исои Масеҳ дар назди душманонаш кашида буд. Масеҳиён бар он боваранд, ки вақте гурӯҳи онҳо 13 нафар шуд, Масеҳ дастгир ва дор кашида шуд. Аз ин ру, онҳо рақами 13-ро бадбахт меҳисобанд. Ва ин масъала то имрӯз аз насл ба насл идома ёфта истодааст. Далели дигари ин мавзуъ дар рӯзи 13-уми моҳ нобуд шудани қавми Нуҳ аст, ки ба назари баъзеҳо бар бадбахт будани ин рақам далолат мекунад. Агар назари мардуми форсу тоҷикро роҷеъ ба чигунагии рамзи адади 13 ва бар чӣ далолат кардани он бинем, дар асоси баъзе сарчашмаҳои хурофотӣ аён мегардад, ки дар замони эрониёни бостон умри ҷаҳони ҳастиро ба 12 ҳазор сол рабт додаанд, аз ин рӯ рақами 13 рамзи нав ва оғози давраи нав дониста шудааст. Сабаби 12 рӯз таҷлил шудани Наврӯз ва анҷоми неки он буд, ки онҳо рӯзи 13-умро дар табиат мегузарониданд ва мехостанд рӯзи охирини таътили худро дар табиат гузаронида, ба соли нав шурӯъ кунанд. Ба назарҳои баъзе аз пажӯҳишгарон дар замонҳои пеш Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтаанд. Дар анҷоми таҷлил мардум ба саҳро баромада, аз Соли нав истиқбол мекарданд. Ниёгонамон бар он андеша буданд, ки шахси ба саҳро баромадаро тӯли сол хушбахтӣ ва фаровонӣ интизор аст. Бояд гуфт, ки ин хурофот дар Эрон ба ҳукми анъана даромада, дар ин кишвар ҳамсола Наврӯз маъмулан 13 рӯз таҷлил мешавад. Панҷ рӯзи аввал ба истиқболи Наврӯз ва дидорбинӣ аз пайвандон ва дӯстон хос гардидааст. Рӯзи нуҳум ҳамчун Наврӯзи Шаҳриёрон ва рӯзи сенздаҳум ҳамчун Сездаҳбадар машҳур аст. Ба гуфтаи яке аз пажӯҳишгарони эронӣ – устод Вазирӣ, эътиқоде, ки онҳо мегӯянд, 13 адади наҳс аст, аз кишварҳои ғарбӣ вориди Эрон шудааст. Вай ҳамчунин мегӯяд, ин шумора дар фарҳанги Эрон ба достони Ораши Камонвар иртибот дорад, ки дар рӯзи 13-ум рух додааст, зеро дар ин рӯз густариши сарзамини худоён ва озодӣ аз Турониён ба василаи тири Ораш дар рӯзи 13-ум сурат мегирад. Рӯзи 13-умро «Тир рӯз» меноманд, ки маънояш «Худои Тиштар» аст. Ба ғайр аз ин, рақами 13 дар тақвими Майя адади хуб ҳисобида мешавад. Дар ин тақвим рақами 13 ҳамчун рушд, нумуъ ва пешравӣ маънидод мегардад. Аммо, бо мурури замон ин боварӣ дар зеҳнҳои мардум ҳамчун рӯзи хуб аз байн рафта, ба рӯзи наҳс мубаддал гаштааст. Рақами 13 дар баъзе сарчашмаҳои таърихии даврони исломӣ ба унвони адади саъд тафсир шуда, мутаассифона ба адади наҳс табдил гаштааст. Мутаассифона, бо мурури замон ин рӯзи зебо ва муҳими эрониён ба хурофоти Ғарб пайваст, то 13-уми фарвардин ба рӯзе табдил ёфт, ки бояд ҷашн гирифта шавад ва аз шарри он ба табиат паноҳ бурда шавад. Ҳатто наҳси рақами 13 то ба дараҷае шиддат ёфт, ки то чанд даҳа қабл расми аёдати касе набуд. Зиёрати рӯзи 13-уми фарвардин дар Теҳрони куҳан ба хотири бурдани наҳсии рақами 13 ба хонаи дигар буд ва то ҳол дар баъзе шаҳракҳои хурди Эрон шунида мешавад, ки ҳама балоҳои сол дар 13-уми фарвардин фуруд меоянд ва меҳмони нохондаи ин рӯз касест, ки балоҳо бо қадамҳои ӯ ба хонаи соҳибхона меоянд. Рақами 13 ҳамчун адади наҳс дар бисёре аз манотиқи дигари ҷаҳон дар миёни афроде, ки ба хурофот пайравӣ мекунанд, вуҷуд дорад. Масалан, масеҳиён ҳеҷ гоҳ бо 13 нафар дар як дастархон хӯрок намехӯранд. Бархе аз хурофотпарастони дигар дар Амрико рақами 12+1-ро пешниҳод кардаанд, то маънои рақами 13-ро гузарад. Ва мардуми хурофотпарасти Шветсия, агар рӯзи истироҳаташон ба рӯзи 13 рост ояд, мегӯянд, ки ҳафтаи бад дар пеш аст. Хурофот дар бораи наҳси 13 то ба дараҷае расидааст, ки дар баъзе ҳавопаймоҳо курсии рақами 13 нест ва курсии рақами 14 пас аз курсии 12 гузошта шудааст. Ҳатто дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ошёнаи 13 вуҷуд надорад ва дар лифтҳои ин кишварҳо пас аз рақами 12 рақами 14-ро мебинем. Чунин андешаҳо ва ё боварҳои хурофотӣ дар баъзе ҷомеаҳо, мутаассифона то кунун вуҷуд доранд ва боиси хароб гаштани ҳолати равонии баъзе аз одамон мегарданд. Баргардон аз форсӣ ва русӣ Одинаева Ш. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Прокрутить вверх