БА ИМЗО РАСИДАНИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ДАР СОҲАИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМИИ МАҶМААИ ҶАҲОНИИ ТАҚРИБИ МАЗОҲИБИ ИСЛОМӢ


Имрӯз, 16-уми январи соли равон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён имзо гузоштанд.

Ҳамин тавр, дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон, байни Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таҳқиқоти илмии Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳум оид ба таҳқиқоти илмӣ ба имзо расид.

АБДУЛЛОҲИ ҚОДИРӢ – САРДОРИ ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх