
Бо зуҳури шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳон, блогерҳо яке аз муҳимтарин платформаҳои иштирокгузории видеоӣ ва ба яке аз пурқудраттарин абзорҳои фарҳангӣ, сиёсӣ иҷтимоӣ ва иқтисодӣ табдил шудаанд.
Блог чист ва блогер кист?
Блог — сайтест, ки шахс дар он пайваста ақидаҳояшро доир ба масъалаҳои рӯзмарра менависад, сабтҳо ё маводи худро дар шаклҳои гуногун дастраси омма мегардонад.
Блог калимаи англисӣ буда, аз «web log» чун «blog» падид омадааст.
Дар Википедия — қомуси ҳамагонӣ блог ба маънои «маҷаллаи интернетии рӯйдодҳо, рӯзномаи интернетӣ ва онлайн-рӯзнома» тавзеҳ шудааст.
Мафҳуми блог (ё веблог) аз соли 1997 дар олами маҷозӣ аз тарафи Ҷорн Баргер ворид шудааст ва Петер Мерҳолз соли 1999 онро ба қолаб дароварда, инкишоф додааст.
Аз соли 2005 то 2007 марҳилаи асосии шуҳрат ёфтани блогҳое мебошад, ки аз ҷониби ашхоси алоҳида сохта мешуданд.
Ин тамоюл боиси рушд ёфтани муҳтавои маводи журналистӣ дар интернет дар мисоли блогҳо шуд.
Созмони ҷаҳониии хизматрасонии интернет миқдори блогҳоро дар ҷаҳон 600 ҳазор нафар эълом карда буд.
Шумораи блогерон дар Тоҷикистон сол то сол меафзояд.
Мо дар маҷмуъ ду навъ блогер дорем:
1.Блогерони ҳирфаӣ;
2.Блогерони ғайри ҳирфаӣ.
Блогерони ҳирфаӣ ё касбӣ дар воқеъ сафирони фарҳангии кишваранд.
Онҳо манфиатҳои давлат ва миллатро ҳамеша дар мадди аввал мегузоранд.
Аммо блогерони ғайри ҳирфаӣ обурӯ, эътибор ва шаъну шарафи давлат ва миллатро паст
Дар асри иттилоот ва коммуникатсия нақши онҳо барҷаста ва пуррангтар мешавад.
Тавоноиҳои блогерон.
Блогерҳо метавонанд трендҳои ҷадиде дар фарҳанги умумӣ эҷод кунанд.
Чунки онҳо ба миллионҳо мухотаб дастрасӣ доранд.
Блогерон бо тавоноиҳо ва муносибатҳои худ, метавонанд ба сабки зиндагии афрод ва нигоҳи мухотабони худ таъсири амиқ бигзоранд.
Блогерҳо бо тавлид ва ё сохтани барномаҳои ҷаззоб ва диданӣ метавонанд намунаҳои фарҳанги наверо ироа кунанд.
Абдуллоҳи Қодирӣ