29 январи соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баён гардиданд, вохӯрии судманд бо иштироки фаъолони шаҳри Истаравшан доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим ва мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – Бониёзов Илҳом иштирок ва суханронӣ намуданд.
Адҳам Маъмурзода чорабиниро оғоз намуда, таъкид дошт, ки имрӯза вохӯрии мо дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида истодааст.
Мақсад аз вохӯрӣ, ин пеш аз ҳама пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, хурофот, ифротгароӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дар ин замина ҷалби мардум барои анҷом додани корҳои ободонӣ ба ҷои ҳаҷу умраи такрорӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватанмеҳварии сокинон маҳсуб мегардад.
Сипас, Холиқзода Абдуқодир оид ба муҳтавои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, инчунин зарурати омӯзиши илмҳои дунявӣ, аҳамияти ҷидди зоҳир намудан ба таълиму тарбияи насли наврас, огоҳ будан аз ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза ва ҳамеша омода будан барои ҳифзи марзу буми кишвар андешаронӣ намуд.
Инчунин, Шосаидзода Шаҳбоз номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Деваштич” №24 оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози андеша намуд.
Якчанд нафар фаъолони соҳаҳои гуногуни шаҳру деҳоти Истаравшан ба сухан баромада, ба сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Вохӯрии судманд бо фаъолонро раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷамъбаст намуда, барои ташриф ва баромадҳои пурмуҳтаво ба меҳмонон изҳори сипос кард.
Гуфта шуд, ки сокинони шарафанди сарбаланди шаҳри Истаравшан барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубориза бурдан бо падидаҳои номатлуби ҷомеа корбариро пурзӯр менамоянд.
Манбаъ: Маркази матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокиямияти давлатии шаҳри Истаравшан