Меҳрубонии мо метавонад зиндагии як нафарро тағйир диҳад…

Дар ҳама давру замон мардуми шарафманду саховатпешаи миллати тоҷик, дасти кумак дароз кардан ба мардуми камбизоат ва дармондаро пешаи худ карда, ин амали некро шоистаи ситоиш ва дарки баланди масъулият медонанд. Мусаллам аст, ки миллати тоҷик бо ҳамин гуна фарзандонаш аз қадим то имрӯз бо кору пайкори хеш барои ноил шудан ба озодӣ бо созандагиву бунёдкорӣ, бо ақлу заковати нобиғагонаш дар саросари олам ва кишвари азизамон ном баровардааст.
Ҳамаи ин дастовардҳо дар рушд ва пешравиҳои ногузини миллат ва ташаккули давлатдории миллӣ, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлолият аст.
Имрӯз замоне расидааст, ки ин ҳама бовариву назари некбинонаи Пешвои миллатро дар амал татбиқ намоем бо забон не, балки бо амалу рафтори созгорамон нишон диҳем. Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 апрели соли 2025 соати 09:24 дақиқа дар ҳудуди кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 160 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 21 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-6-балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-баллро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қариб 200 иншооти гуногун зарар дидаанд.
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди рух додани заминларза 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардиданд.
Аз айёми сар задани зарари фоҷиаборе, ки ба сари мардуми водии Рашт омад, ҷомеаи моро хушбахтона ҳисси масъулияти шаҳрвандии мардуми кишварамон баланд шуда, дарҳол ба кумак ва ба мардуми зарардидаи ин минтақа дасти ёрӣ дароз намуданд.
Дар ҳамин радиф аз ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки дар доираи имконот барои мардуми зарардида аз офати табии водии Рашт дасти ёрӣ дароз кунанд. Муссалам аст, ки аз ҷумлаи он анъанаи неке, ки аз Паёмбари ислом Муҳаммад (с) ба умматашон мерос мондааст, ба ниёзмандон хайру саховат кардан дар рӯзҳои мушкил мебошад. Ҳамаи динҳо, аз ҷумла дини мубини ислом низ мардуми ҷаҳонро ба ваҳдат, иттиҳоду бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва муҳаббату дўстӣ даъват менамоянд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар яке аз ҳадисҳои мубораки Паёмбари ислом Муҳаммад (с) омадааст, ки “Сахӣ ба Худо наздик аст, ба биҳишту ба мардум наздик аст; бахил аз Худо дур аст, аз биҳишт дур аст, ба дўзах наздик аст”. Пас амали инсон замоне садақа маҳсуб мешавад, ки агар он воқеан аз рӯи ихлосу имон ва ақидаи устувор дар роҳи расидан ба ормонҳои динӣ ва шостаи муҳаббату дӯстии Худованд бошад. Вақте Худованд барои шахс бузургтарин неъмат – неъмати имонро насиб кард ва аз молу дороии дунё низ ўро рўзӣ гардонид, пас тибқи фармудаи шариат бояд ба шукронаи ин ду неъмат бо дасту дили кушод хайру садақа анҷом диҳад. Ҳамаи мо ба хуб медонем, ки ҷавҳари дини мубини исломро таҳаммулпазирӣ, хайрандешӣ ва инсондўстӣ ташкил медиҳад. Бинобар ин мо боварӣ дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол, сарфи назар аз мансубияти миллию динӣ ва мавқеи иҷтимою иқтисодӣ беш аз ҳарвақта ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандиро пеша менамояд.
Мо бояд дар зери парчами ваҳдати миллӣ муттаҳид гардида, ба рўйдодҳои замон аз мавқеи хирад баҳо диҳем ва ба ояндаи кишвару миллати хеш хушбинона назар кунем ва дар рӯзҳои мушкил дастгири якдигар бошем.
Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,
К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ?
Абулқосим Лоҳутӣ
Ҷалолов Сӯҳроб Рустамович
мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши
анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх