16 -уми майи соли равон дар асоси Нақша – чорабиниҳои Маркази таълимии “Пойтахт”- и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши хизматчиёни ҳарбии навдаъватшуда машғулияти сиёсӣ – тарбиявӣ бо ҳайати афсарону прапоршикон ва сержантону сарбозон баргузор гардид.
Дар машғулияти сиёсӣ – тарбиявӣ сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ ва муовини сардори Маркази таълимии “Пойтахт”- и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Ғайратзода Амруллоҳ иштирок ва суҳбат намуданд.
Дар ҷараёни машғулият Абдуллоҳи Қодирӣ дар мавзуи “ Паёмадҳои манфии худкушӣ аз назари дини мубини ислом” ва “ Ифротгароии рақамӣ дар асри иттилоот ва бархурди тамаддунҳо” суҳбат намуд.
Дар фарҷом байни афсарону сарбозон табодули афкор сурат гирифт.
Абдуллоҳи Қодирӣ
сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ
