Фарзандон таҷассумгари маънавиёти волидонанд

Пўшида нест, ки вазифаи падару модар дар масъалаи тарбияти фарзанд бисёр муҳим, сангин, масъулиятнок ва хеле мушкил аст. Аз ин рӯ, волидон бояд аз рўзи таваллуди фарзандон тарбияи онҳоро бо беҳтарин усулҳои барои ҷомеа судманд, пайваста зери назорат гиранд. Худованди мутаол дар ин маврид фармудааст: «Эй мӯъминон, хештан ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташафрӯзи он мардум ва сангҳо бошанд, нигоҳ доред!» (Таҳрим, 6).
Ҳамин нуктаро бояд хотиррасон намуд, ки ҳар як падару модар барои фарзандони худ бояд намунае бошанд, то дар ба камолрасию таълиму тарбияи дурусти фоиданок барои љомеа нақши муассире бозида бошанд. Њамин нуктаро рўзноманигори амрикої, барандаи барномањои телевизионї ва муаллифи китобњои зиёд Људит Мартин чунин иброз намудааст: «Њамаи мо дилкашу дилрабо, тоза ва таббиию бетакаллуфона таваллуд мешавем. Бинобар ин, мо бояд муаддаб бошем, то ин ки аъзоёни комилњуќуќи љомеа бошем». Фарзанд азиз аст, вале ўро эркаю нозук тарбия карда, њаргиз дар таълиму тарбияи фарзандон ба сањлангорї роњ додан лозим нест. Њисси масъулиятшиносиро дар фарзандон аз хурдї бедор кардан лозим аст. Тавре Дзержинский Ф. Э. (Феликс Эдмундович Дзержинский, 30.08.(11.09.)1877, ходими фаъоли давлатї ва њизбии собиќ Иттињоди Шуравї, муассис ва роњбари ВЧК) ќайд намудааст: «Фарзандони бо ноз парваридашуда (эрка) ва нозук, ки тамоми њавою њаваси онњо ќонеъ карда мешаванд, њамчун ашхоси аз одамгарї баромада ва сустиродаи худбин ба воя мерасанд.
Таърих гувоҳ аст, ки волидони зиёде фарзандони худро тавре тарбияву парвариш намудаанд, ки ифтихори ҳам падару модар ва ҳам кишвари азизамон гаштаанд. Мефахрем аз он, ки пешгузаштагони бошарафи мо бо аъмоли шоистаи хеш номи миллати тољикро дар тўли таърих машњур сохта, дар даврони истиќлол бошад, меросбарони эшон дар мансабњои мухталифи роњбарикунандаи давлати соњибистиќлоли мо ифои вазифа намуда истодаанд. Агар яке дар нињодњои ќудратї шабу рўз дар фикри тинљию амонї ва осмони беѓубори болои сарамон ифои вазифа намояд, дигаре бо рехтани араќи љабини хеш дар сохтмону корхонаву сањро кишварро ободу зеботар, сеюмї бо дастовардњои илмии хеш миллати пешрафтаву бошуур будани миллати тољикро бори дигар тасдиќ, чорумї бо мењнати њалоли хеш дар соњаи тибу таълиму ѓайра поягузори тањкурсии матини ояндаамон, панљумї бо сањмгузории молиявии хеш гушањои мухталифи диёрамонро ободу зебо, ниёзмандонро дастгирї ва шашумї бо роњбарии хирадмандонаи хеш такондињандаи њаракати ободтаргардиву мустањкамтаргардї ва гулгулшукуфонтаргардии ин давлати аз гузаштагон ба мо меросмонда зањматњо мекашад. Натиљаи зањматњои ин фидоиёни миллату Ватанро зимни гузоришҳои интернет дар суханронињои самимию ќадромези мењмонони хориљии аз кишварњи мухталифи олам, аз ќабили Амрико, Эрон, Олмон, Афѓонистон, Ќирѓизистон, Ќазоќистон, Русия ва ѓайра, ки имсол барои истиќболи љашни Наврўзи пирўзпай ба диёри мо ќадам ранља фармуда буданд, низ мушоњида намудем. Мухлисонаи мунсифона, агар ба њамаи ин комёбињою дастовардњою пешравињо бањо гузорем, наќши роњбарикунандаю зањматњои Сарвари азизамон, муњтарам Эмомалї Рањмон хело бузург аст. Пешвои муаззами миллатамон тавонист мењандўстони мухталифро дар атрофи худ муттањид намояд, ки натиљаи он назаррас аст.
Лозим ба ёдоварї аст, ки њуқуқи фарзандон бар падару модар қабл аз таваллуд оғоз шуда, фароҳам овардани муҳити лозимеро барои сарпарастии фарзандон тақозо мекунад. Зимни тарбияи хуб додан, шароити таълимгириро фароњам оварда, дар фикри ояндаи хуби фарзанд будан, интихоби њамсарони солењ орзую њаваси волидон ва бобою бибињо низ мебошад.
Дар аҳодис ва суннати набавӣ дар бораи муносибати зану шавҳардорӣ гуфтаву андешаҳои бисёре вуҷуд дорад, ки ҳар кадоми онҳо паҳлуҳои гуногуни ин муносибатњоро шарҳу баён менамоянд. Агар мусулмонон бо ин амру ҳидоятҳо амал намоянд, бидуни шак, ба ҳадафу мақсади волои зану шавҳардорӣ ва тарбияи дурусти фарзандон ноил мешаванд. Иффату покдоманӣ, ташкили хонаводаи хуб, тарбияи солиму солеҳи фарзандон, эҳтирому иззати байниҳамдигарӣ, меҳру шафқат, ғамхориву меҳрубонӣ ва ғайра аз авомиле мебошанд, ки дар тарбия ва рушди насли наврас нақши муҳим мебозанд. Ҳикмату фалсафаи ҳаёти зану шавҳардорӣ тибқи қавонини исломӣ аз он иборат аст, ки зану мард шарик ва мӯниси ҳамдигар буда, ахлоқи хубу неки падару модар дар онҳо то охири ҳаёт нақши асосӣ мебозад, зеро фарзандон онҳоро намунаву сармашқи зиндагонии худ ҳисобида, дар кору фаъолияти худ аз онҳо пайравӣ мекунанд.
Дини мубини ислом ба масъалаҳои зану шавҳардорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, масоили мубрами онро то ҷузъиёташ мавриди назар қарор додааст. Масъалаи интихоби дурусти ҳамсари солеҳу покдоман, яке аз масъалаҳое мебошад, ки аз он масъалаҳои дигар, аз ќабили ташкили хонавода, тавлиди фарзандон, таълиму тарбияи солиму солеҳу накӯкори онҳо ва ғайраҳо ба он вобастагии махсус доранд. Баъди ақди никоҳу издивоҷ ҳаёти зану шавҳардорӣ оғоз меёбад, ки вобаста ба таълиму тарбияи гирифтаи навхонадорон тақдири ҳаёти якҷояи минбаъдаи онҳо ҳаллу фасл мегардад. Агар табиати домоду арӯс бо ҳам мувофиқ оянду бо ҳам унс бигиранд, пас дар асоси робитаи ба вуҷуд омадаи миёни онҳо, асосҳои оилаи нав гузошта мешавад. Таваллуди фарзандон бошад, метавонад асосҳои ин хонаводаро боз ҳам тақвият бахшида, робитаи байни зану шавҳарро устувортар гардонад. Фазои хонавода иваз шуда, марҳалаи ҳамзистӣ, тарбият ва таваҷҷуҳ ба фарзандон оғоз шуда, эҳсосоти наве дар хонадон эҷод мешавад, ки аз падару модар фароҳам намудани муҳити солимро барои тарбияи фарзандон тақозо мекунад.
Худованди мутаол дар бораи вазифаи зан дар ин давраи ҳаёти зан чунин фармудааст: «Ва модарон бояд ки ба фарзандони худ ду соли тамом шир диҳанд. Ин ҳукм барои касе аст, ки мехоҳад муддати шир доданро тамом кунад; ва хӯроку пӯшоки ин занони ширдеҳ ба ваҷҳи писандида дар (ӯҳдаи) падар аст. Ва бар ҳеҷ кас ба ҷуз қадри тавоноии ӯ воҷиб карда намешавад; модарро бо сабаби фарзандаш набояд ранҷ дод ва на падарро ба сабаби фарзандаш. Ва бар ворис ки (низ) монанди ин (лозим) аст. Агар падару модар баъди ризои миёни якдигар бихоҳанд (кӯдакро) аз шир боз кунанд, пас ҳеҷ гуноҳ бар онон нест. Ва агар хоҳед, ки барои фарзандони худ доя гиред ва агар он чиро, ки доданашро муқаррар кардед, ба хӯшхӯии тамом таслим намудед, пас ҳеҷ гуноҳ бар шумо нест. Ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки Худо ба он чи мекунед, биност» (Бақара, 233).
Дар бораи фоидаҳои ду сол аз пистони худ шир додани модарон ҳоло китобу мақолаҳои зиёде ба табъ расидаанд, вале айни замон бо ҳамин ёдоварӣ маҳдуд мешавем. Табибон собит намудаанд, ки аз назари ҷисмӣ ва рӯҳӣ кӯдакони шири пистонхурда кӯдакони солим ба воя мерасанд, айнан акси ҳамин чиз ҳам собит шудааст, ки зане ба кӯдакаш шир намедиҳад ҳам худ ва ҳам фарзанди худро дар маърази бемориҳо қарор медиҳад. Чунин фарзандон дар ин муддат эҳсосоти меҳрубонӣ, лутфу раҳмати модарро ба мерос мебаранд.
Ҳаминро набояд фаромӯш кард, ки дар дини мубини ислом таъмин намудани ниёзҳои фарзандон комилан ба дӯши падар вогузор гардидааст, ки тасдиқи ин суханро дар ояти 233-и сураи «Бақара» дар боло нишон додем.
Расули акрам (с) дар ҳадисе фармудааст: «Аз ҳама динорҳои сарфшуда ҳамон диноре аҷри бузург дорад, ки кас барои хонаводааш сарф намудааст» («Саҳеҳ»-и Муслим,1661). Аз ҳадиси мазкур ба чунин хулоса омадан мумкин ҳаст, ки падар барои нафақа додани фарзандони худ сазовори подошу савоби зиёди Худованди таъоло мегардад ва дар ҳоли акси он, агар ӯ фарзандони муҳтоҷу заъиф ва ноболиғи худро таъмин накунад, гунаҳкор маҳсуб мешавад.
Таълиму тарбияти фарзандон, боздошти онҳо аз корҳои зишту нораво, дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамидаю писандида тарбия намудани онҳо маҷмӯи масъалаҳое мебошанд, ки аксари онҳо дар тарбияи оилавӣ ва махсусан модару падарӣ нашъу намо меёбанд. Қуръони карим дар ин бора фармудааст:
«…Бигӯ: Ҳамоно зиёнкорон ононанд, ки хештан ва аҳли худро рӯзи қиёмат зиён додаанд. Огоҳ бош, ҳамоно ин зиёни ошкор аст!». (Зумар,15).
Вазифаи падару модар ниҳоят гуногунпаҳлӯ ва вазнин буда, аз онҳо сабру таҳаммул, бурдборӣ ва заҳмату талоши пайвастаро ҷиҳати тарбияи солими фарзандон тақозо дорад. Мутаасифона, баъзе падару модар ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир накарда, ба ин кори ниҳоят муҳим бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, оқибат самараи талхи тарбияи худро бо чашм мебинанд, вале афсӯс, ки пушаймонӣ суде надорад.
Масъалаи муҳими дигар масъалаи риоя намудани адолат дар самти тарбият, нафақа, муҳаббат ва дилсӯзӣ ба фарзандон мебошад то дар дили онҳо ниҳоли душманӣ ва кинаву ҳасад пайдо нашавад. Таҷрибаи зиндагӣ гувоҳ аст, ки бо сабаби риоя нашудани адолат дар байни фарзандон онҳо дар хусумат ва душманӣ байни якдигар қарор мегиранд. Душмании бародарони Юсуф маҳз аз он сар зада буд, ки падарашон Яъқуб ба Юсуф меҳру муҳаббати бештар зоҳир менамуд.
Масъалаи номгузорӣ низ аз вазоифи муҳими падару модар маҳсуб шуда, гузоштани номи муносиб ва хуб боиси ифтихору ғурури фарзандон мегардад. Гузоштани номҳои муносиб дар бадали номҳои зишту бемаъно (Табар, Теша, Санг, Хошок ва ғ.) барои мавриди писанду тамасхур қарор нагирифтани фарзандон дар мактабу кӯча мегардад.
«Молу фарзандон ороиши зиндагонии дунё аст ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯи савоб беҳтаранд ва аз рӯи умед доштан хубтаранд» (Каҳф, 46).
Паёмбари акрам (с) фармудаанд: «Фарзанд ҳафт сол сарвар, ҳафт сол фармонбардор ва ҳафт сол вазир аст» («Макорим-ул-ахлоқ» (ахлоќи њамида)-и Ѓиёсиддин ибн Њумомуддини Њусейни Хондамир (1476-1535), саҳ.222).
Тавре ходими давлатї, дипломат ва нависандаи англис Филип Дормер Стенњоп Честерфилд (1694 – 1773) ишора намудааст «Бењтарин њимоя аз рафторњои бад, ин тарбияи хуб мебошад. Њамин аст, ки ашхоси ботарбия соњиби рафтору одоби њамида мебошанд. Файласуфи юнонї Арасту (384-321 то милод, шогирди Афлотун) низ ишора намудааст: «Тарбияи хуб дар саодатмандї зевар ва дар нокомињо паноњгоњ мебошад», «Тарбияи хуб ин бењтарин захираи њаёт дар пиронсолист».
Паёмбари Акрам (с) фармудаанд: «Фарзандони худро гиромӣ доред ва тарбияи хуб кунед, то гуноҳони шумо омурзида шаванд» («Сунан»-и Ибни Моҷа, ҷ.2 саҳ.1211), «Адолатро байни фарзандонатон риоя кунед, ҳамон гуна, ки шумо низ дӯст доред дар некӣ ва лутф ба худатон адолатро риоя кунанд» («Ҷомеъ- ус- сағир»- и Суютӣ, саҳ. 74), «Хонаи бе кӯдак бебаракат аст» («Канз- ул- уммол», ҷ.16, ҳадиси 44425), «Ҳамоно ҳар дарахте мевае дорад ва меваи қалби инсон бошад фарзанд аст» («Файз- ул- қадир»-и Мановӣ, ҷ.2, ҳадиси 2413), «Фарзанди шоиста ва хуб гуле аз гулҳои биҳишт аст» (Кофӣ, ҷ.6, ҳадиси 10), «Фарзанд дар назди падар дорои се ҳуқуқ мебошад:
1. Ёд додани хондану навиштан;
2. Гузоштани номи нек;
3. Пас аз ба балоғат расидан, ӯро хонадор кардан» («Канз- ул- уммол», ҷ.16, ҳадиси 45416).
Њамчунин Расули Худо(с) фармудаанд: «Хушнудии Худованд дар хушнудии падару модар аст ва хашми Худованд дар хашми падару модар» (Ҷомеъ-ус-сағир»-и Суютӣ, ҳадиси 4457).
Дар Қуръони карим низ доир ба ҳамин мавзӯъ оварда шудааст:
«Ва одамиро нисбат ба падару модари вай ҳукм фармудем; модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар дар шикам бардоштааст; ва аз шир ҷудо кардани ӯ дар ду сол аст; (ҳукм фармудем, ки) Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун! Бозгашт ба сӯи ман аст» (Луқмон, 14), «Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба љуз Худаш (дигаре)ро ибодат макунед; ва ба падару модар некӯкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо, ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва бо онҳо сухани некӯ бигӯ!» (Исро, 23).
Аз ин ду ояти зикршуда маълум аст, ки то кадом андоза Худованд эҳтироми волидонро бузург дониста, арљгузориро нисбати онҳо кори муњим ҳисобидааст.
Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҷавононе, ки ба қадри хидмати падару модар намерасанд, дида мешаванд. Зиёда аз ин, онҳо на фақат амри Худованро иҷро намекунанд, балки дар давраи пиронсолии падару модар зиндагиашонро талху ногувор месозанд. Мусибати асосии падару модар дар он аст, ки фарзандон тамоми азобу машақати онҳоро нодида гирифта, ваќте, ки онҳо муҳтоҷи дастгирӣ ва меҳрубонӣ мебошанд, нисбаташон носипосӣ менамоянд. Баъзан ҳамин хел ҳолатҳое низ мешаванд, фарзандони носипос ба рӯяшон бо садои баланд ва суханони таҳқиромез, дурушту сахт ҷавоб дода, баъзе ноҷавонмардон ҳатто аз хашм дасту пои худро ба замин мезананд. Ин тоифа фарзандони нохалаф набояд фаромӯш созанд, ки онҳо ҳам пир мешаванду муҳтоҷи дастгтрии фарзандонашон мегарданд ва ногузир ҳамин муомиларо аз фарзандони хеш мебинанд. Паёмбар (с) дар ин маврид фармудаанд: «Худованд ҷазои ҳар гуноҳро то замоне, ки мехоҳад ба таъхир меандозад, магар оқи волидайнро, ки ҷазояшро дар дунё пеш аз маргаш мечашонад» (Ривояти Ҳоким ва Заҳабӣ).
Ин зумра ҷавонон бояд аз Худованд битарсанд ва дониста бошанд, ки хидмати самимонаи падару модар фарз ва ҳатмӣ буда, сабаби дарозии умр, баракат ва тавфиқи онҳо дар зиндагӣ мебошад. Паёмбари бузургвор (с) дар ин мавзуъ фармудаанд: «Ҳар ки орзӯ дорад умраш дароз шавад, ризқаш зиёд гардад, аз марги бад раҳоӣ ёбад, аз Худо битарсад ва силаи раҳмро ба ҷо оварад» (Ривояти Абудовуд).
Некӣ ба падару модар беҳтарин ибодат ва асли тоатҳо буда, роҳест ба сӯи ҷаннат. Савоби накуӣ ба падару модар аз он иборат аст, ки соҳибашро ба ҷаннат мебарад.
Наҷмиддин Салимов
мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх