27- уми майи соли 2025 бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 1155-солагии олими бузург, асосгузори каломи Мовароуннаҳр Абумансури Мотуридӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Абумансури Мотуридӣ асосгузори каломи ақлгароӣ ва таҳаммулпазирӣ” баргузор гардид.
Дар кори конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуллоҳ Қурбоналӣ, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор, Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон Пирхон,
президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Абдуқодирзода Саидмукаррам ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуллоҳ Қурбоналӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ба иштирокчиёни конфронс барору комёбӣ таманно намуд.
Сипас, иштирокчиёни конфронс дар мавзуоти пешниҳоднамудаашон суханронӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ