Семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Ҳуқуқи кӯдак дар ислом”

 2-юми майи соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ҳуқуқи кӯдак дар ислом» баргузор гардид.
Дар кори семинар директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим ва ҳайати кормандони Марказ иштирок намуданд.
Шарифамо Одинаева – сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ ба сухан баромада, қайд кард, ки тарбияи фарзанд аз масъалаҳои муҳими ҷомеа буда, аз нигоҳи дини мубини ислом мавқеи махсусро ишғол менамояд. Аз ҷумлаи ҳуқуқҳои кӯдак дар дини мубини ислом метавон ба ҳуқуқҳои зер ишора кард: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба насаби пок, ҳуқуқ ба номи нек, ҳуқуқ ба ғизо, парасторӣ, муҳаббат, ҳуқуқ ба тарбия ва таълим, ҳуқуқ ба мерос, ҳуқуқ ба адолати байни фарзандон ва ғ.
Ҳамзамон, аз санадҳои меърии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон чанд нукта баён гардида, зикр карда шуд, ки баргардонидани кӯдакони тоҷик аз Сурия ва Ироқ ва ба ҷойи хобу хӯрок ва таълиму тарбия таъмин кардани онҳо аз таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кӯдакон маҳсуб мегардад.
Дар фарҷом байни кормандони Марказ саволу ҷавоб сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх