ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН

Фарорасии Иди саиди Қурбонро ба ҳамаи ҳамкорон ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори тинҷу осуда, дастархони пурфайзу бобаракат, саодати зиндагӣ ва ба Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо пешрафту ободкориҳо таманно менамоям.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар рӯзи Иди саиди Қурбон суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла амалҳои хайру саховат ва бахшандагиро боз ҳам вусъат мебахшанд.
Боиси таъкид аст, ки Иди Қурбон дар баробари дигар ҷашну маросими таърихӣ, миллӣ ва динии мардуми тамаддунофари мо, маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ шукӯҳи тоза касб намуда, арзишҳои қаблии худро эҳё намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба унсурҳои неки инсондӯстонаи Иди Қурбон, ки давоми асрҳо ҳамчун анъана то замони мо расидааст, барҳақ таъкид намудаанд:
«Дар баробари дурӣ ҷустан аз аъмоли носавобу номатлуб ва талқини амалҳои хайру савоб, аз аҳволи наздикон бохабар будан, махсусан, аёдати беморону ниёзмандон, кӯмак ба ятимону маъюбон, ба дидори падару модарон шитофтан, дили инсонеро ба даст овардан, ятимеро навозиш кардан ва ба муҳтоҷе дасти кӯмак дароз кардан аз фазилатҳои неки инсонӣ ва таомули писандидаи мардуми мо дар ин рӯз мебошад».
Аз ин лиҳоз, ба ҳамдигар дасти хайру саховат дароз кардан, дастгирии ниёзмандон, ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷон, зиёрати оромгоҳҳо, поси хотири гузаштагон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан чун беҳтарин суннатҳои Иди саиди Қурбон дар мустаҳкам гардидани дӯстӣ, меҳру муҳаббати байни инсонҳо, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон ниҳоят муҳим мебошад.
Бахусус, дар шароити имрӯзаи буҳронҳои сиёсию маънавии ҷомеа, низоъҳои минтақавӣ ва болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ бо истифода аз ин фарҳанги бузурги исломӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мо бояд пеши роҳи ҳама гуна исрофкориву зиёдаравиро гирем ва бо истифода аз ҳикмати ободкории гузаштагон тамоми неруи худро ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва бунёдкориву созандагӣ равона намоем.
Боварии комил дорам, ки кормандони Маркази исломшиносӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона кору фаъолият намуда, барои бо дастовардҳои шоиста пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош меварзанд.
Бо чунин таманниёти нек бори дигар, фарорасии Иди саиди Қурбонро ба ҳамаи ҳамкорон ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, сидқан табрику таҳният гуфта, сиҳатию саломатӣ, сарбаландӣ, ризқу рӯзии фаровон, рӯзгори хурраму осуда ва саодати ҷовидониро ба ҳамаи шаҳрвандони дохилу хориҷи кишвар орзу менамоям.
Ид муборак, ҳамкорони азиз!
Бо эҳтиром,
директори Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғаффор.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх