«Фарҳанги бузурги исломӣ волотарин арзишҳои маънавӣ ва ҳаётиро, аз қабили омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, меҳнати ҳалол, дӯстиву рафоқат, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароӣ талқин мекунад ва аҳли ҷомеаро ҳамеша барои иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд».
Эмомалӣ Раҳмон
Иди Қурбон яке аз ду иди мусулмонҳои тамоми дунёст, ки ҳамасола дар санаи 10-уми моҳи зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷрии қамарӣ баргузор мегардад.
Иди Қурбон барои тоҷикон ҳамчун як ҷузъи ҳувияти динӣ ва фарҳанги миллии мо тоҷикон дар тӯли асрҳо хизмат кардааст.
Анъанаи қурбонӣ намудан дар фарҳангӣ мо тоҷикон решаҳои тоисломӣ дошта, дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва фарҳангии бостонӣ зикр шудаанд. Чунончи, ниёкони мо дар қадим ба фариштагону эзадҳо гушту шир, гиёҳу меваҳоро пешкаш мекарданд.
Дар Қуръони маҷид, дар сураи ҳаҷ, оятҳои 26-28 низ ба ин ақида ишораҳо омадааст: “ Ва макони Хонаро барои Иброҳим ошкор кардем ва гуфтем:” “(26) Ҳеҷ чизро шарики Ман масоз ва рокеъону соҷидон покиза бидор”. (27) Ва мардумро ба ҳаҷ фаро хон то пиёда ё савора бар шутурони такида аз роҳҳои дур назди ту биёянд. (28) То судҳоеро, аз они онҳост, бибинанд ва номи Худоро дар рӯзҳое муайян ба ҳангоми забҳи чорпоёне ,ки Худо ризқи онҳоро сохта, ёд кунанд. Па аз онҳо бихӯреду бенавоёни фақирро низ итъом кунед. Сипас дар ҳамин сура, дар ояти 34 гуфта мешавад,ки: “ Барои ҳар уммате расми қурбонӣ кардане ниҳоде, то бад-он сабаб, ки Худо аз чорпоён рӯзиашон додааст, номи Ӯ ро бар забон ронанд”.
Қурбонӣ кардан ба шахсе, ки имконияти молявии кофӣ дорад, дуруст аст. Барои қурбонӣ, асосан гӯсфандро забҳ мекунанд, аммо дар баробари он баъзеҳо гову бузро низ қурбонӣ менамоянд. Чорпои қурбонишаванда бояд солим буда, нуқсу айб надошта бошад, яъне харобу лоғар, ланг ва ё кӯр набошад.
Инчунин, барраи гӯсфанд набояд аз шашмоҳа ва бузу гӯсола дусола хурдтар бошанд. Баъзе аз мардум гӯшти ҳайвони қурбони шударо ба камбағалон бенавоён тақсим мекунанд ва ба ятимхонаҳо бурда медиҳанд.
Иди Қурбон натанҳо аз ибодату қурбонӣ кардан иборат аст, балки дорои хусусиятҳои муттаҳидкунандаи мардум, тарғиби ахлоқи ҳамида ва аркони динӣ, дастгирии камбағалону барҷо мондагон, ҳидояти равиши солими ҳаёт ва ёдоварӣ аз гузаштагон мебошад.
Ҳамин тариқ, Иди Қурбон бо ҷумлаи бовару эътиқод, арзишҳои алоқӣ, дар фарҳанги миллию анъанавии мардуми тоҷик ҷой гирифтааст, ки бегуфтугӯ ҷузъе аз ҳувияти миллии мо мебошад.
Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ