Ҳунар гиреҳкушои тамоми мушкилоти инсон ба ҳисоб меравад. Хирадмандон ва бузургони мо ҳамеша ситоиши ҳунар мекарданд ва онро беҳтарин омили инсонӣ фармудаанд. Касбу ҳунар боиси сарбаландии инсон, афзояндаи ризқу рӯзӣ ва баланд бардоштани мавқеву мартабаи он дар ҷомеа мебошад. Саъдии бузургвор дар «Гулистон»-и худ моҳияти ҳунаромӯзиро ба таври зайл баҳо додааст: «Ҳунар давлати пояндаву чашмаи зоянда аст». Бале, баракати ҳунар боиси идомаи зиндагӣ ва ҳавасмандии инсон нисбат ба ҳаёт мебошад. Ҳамчунин, гузаштагонамон таъкид намудаанд: «Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургии инсон ба ақл аст, на ба сол».
Дар зиндагӣ борҳо шоҳиди он мешавем, ки бархе аз ҷавонон илму ҳунаромӯзӣ ва аз худ намудани касбро зарурӣ напиндошта, ба корҳои беҳуда машғул шуда, даст ба кирдори ношоиста мезананд. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо, ҳастанд ҷавононе, ки ба оворагардӣ ва бемасъулиятӣ роҳ дода, оқибат дар бунбасти шадиди зиндагӣ дар мемонанд. Аксари ҷавононе, ки нисбати ояндаи худ бепарвоиву беандешагӣ зоҳир менамоянд, билохира, ба гирдоби ҳодисоти ногувор рӯ ба рӯ гардида, барои падару модарони худ мушкилот эҷод менамоянд.
Дар замони муосир барои интихоби касбу ҳунари ҷавонон тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Аз ин рӯ, бояд ҳар як инсони комилфикр касбу ҳунареро интихоб намояд, ки ба манфиати худ ва ҷамъият бошад. Бахусус, имрӯз, ки дар ҷумҳурӣ талабот ба касбу кори гуногун зиёд аст, вазифаи ҳар як падару модар аз он иборат аст, ки барои интихоби касбу ҳунари фарзандаш роҳнамоӣ карда, маслиҳату машварат диҳад. Вале, ба назар мерасад, ки баъзан дар интихоби касбу кори ҷавонон худи падару модарон садди роҳ мешаванд.
Касби интихобшуда қабл аз ҳама бояд дар дилу дидаи интихобкунандаи он нишинад, ҷавон бояд завқманди соҳаи интихобкардаи худ гардад. Касби интихобшуда ҳатман бояд аз самими дил бошад, касе барои роҳандозии он монеъ нашавад [1].
Имрӯз ҷомеаи мо ба мутахассисони баландихтисосу ҳирфаӣ ниёз дорад. Ҷавонони зиёдеро мебинем, ки барои дарёфти касбу ҳунари хуб ва барои ба ояндаи хубашон заҳматҳои зиёде мекашанд. Ҷавонон бояд, пеш аз ҳама, дар назди худ мақсад гузоранд, ки ҳам барои давлат ва ҳам барои халқи худ хизмат кунанд.
Ҳоло бисёр мутахассисон ва соҳибҳунарони ватани мо барои бунёди муҳимтарин иншооти аср НБО «Роғун» саҳми худро гузошта истодаанд. Ин иншооти стратегӣ барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишварамон қувваи асосист.
Соли 2018 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ин тадбири ватандӯстонаву хирадмандонаи Пешвои миллат ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, тарғиби сарватҳои моддию маънавии мамлакат, ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат намуд ва ҳамчунин, боиси таваҷҷуҳи эътибори бовусъати ҳамагон ба ҳунарҳои мардумӣ гардид.
Тоҷикон табиатан мардуми ҳунарвару ҳунарманданд. Ҳунарҳои кӯҳану навини ин халқи тамаддунпарвар дар сатҳи ҷаҳон камназиранд ва бинандаро ба ваҷд меоваранд.
Бо шарофати «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мероси таърихию фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардиданду дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор гирифтаанд. Намоиши зиёди ҳунарҳои мардумӣ дар ин сол боз ҳам дастони эҷозофарини тоҷиконро муаррифӣ карданд.
Пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки ҳунарҳои мардумӣ ривоҷ ёбанд. Аз файзи пешниҳоди ҷолиб наврасону ҷавонони мо фаъолона рӯ ба ҳунаромӯзӣ оварданд. Тарғиби ҳунар як ҷузъи муҳими дарсҳо гашт. Омӯзгорони фидокору ҷӯянда дар вақти таълим, дар лаҳзаҳои муносиб арзиши касбу кори муносибро бо шогирдон талқин кардаанд [2].
Беҳуда нагуфтаанд: «Интихоби дурусти касбу ҳунар дар ҳаёти инсон гарави комёбиҳост». Моро месазад ҳамеша ҷӯёи ҳунар бошем, зеро ҳамаи хӯшию ширинии зиндагӣ аз ҳунару меҳнати ҳалол аст.
Рӯйхати Сарчашмаҳо
1. Ойгул Холмуродова. Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ. Сомонаи интернетии Рӯзномаи «Хатлон» www.khatlon.tj
2. Умаралӣ Юсуфов. Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ. Сомонаи интернетии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун. www.jaihun.tj
Садуллоев Аҳмадҷон
– мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ